Jump to content

Франс Беккенбауэр

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Футбол
Франс Беккенбауэр
Иттилооти умумӣ
Таваллуд 11 сентябр 1945(1945-09-11)[1][2][3][…]
Вафот 7 январ 2024(2024-01-07)[6][7] (78 сол)
Шаҳрвандӣ
Маснад

Франс Анто́н Беккенба́уэр (олмонӣ: Franz Anton Beckenbauer; 11 сентябр 1945[1][2][3][…], Richard-Wagner-Straße 19 (München)[d], Allied-occupied Germany[d][4][5]7 январ 2024[6][7], Иёлати Залтсбург[8][9]) — футболбоз ва мураббии олмонӣ. Муҳофизатгари тимҳои «Бавария» (Мюнхен, 1958-77), «Космос» (Ню-Йорк, 1977-80). «Ҳамбург» (1980-82), Чемпиони Олмон (1969, 1972-74, 1982) ва Лигаи футболи Амрикои Шимолӣ, барандаи Ҷоми чемпионҳои Аврупо (1974, 1975, 1976), Ҷоми барандагони ҷомҳо ва Ҷоми байниқитъавӣ (1967).

Дар ҳайати тими мунтахаби Олмон (1965-77) чемпиони ҷаҳон (1974) ва Аврупо (1972) шудааст; дар 103 дидор ширкат намуда, 1 гол задааст. Солҳои 1972 ва 1976 беҳтарин футболбози Аврупо эътироф шуд. Солҳои 1984-90 Беккенбауэр мураббии тими мунтахаби Олмон буд ва онро ба мақоми ноиб-чемпионӣ (1986) ва чемпиони ҷаҳон (1990) расонд. Аз миёнаи солҳои 90 садаи XX то соли 2006 Беккенбауэр президенти тими «Бавария» буд. Франс Беккенбауэр дар радифи 20 футболбози беҳтарини садаи XX сабт шудааст.