Ғижжаки бас
Ғижжаки бас - дар оркестри созҳои халқӣ ҷойи чорумро ишғол менамояд.
Соли 1943 дар Консерваторияи давлатии шаҳри Тошканд лабораторияи илмию таҷрибавӣ таъсис ёфт ва як зумра устоҳо бо роҳбарии А. И. Петросян ба такмилу таҷдиди созҳои халқӣ шурӯъ карданд. Маҳз бо ташаббуси онҳо созҳои халқӣ ба гурӯҳҳои мустақил ҷудо карда шуданд. Гурӯҳи ғижжакҳо дар асоси квинтети оркестри симфонӣ такмил дода, бо бисёр нишонаҳо (ҷӯр, номгӯи торҳо, диапазон, иҷрои штрихҳо ва ғайра) ба онҳо монанд шудаанд. Баъдтар ғижжаки алт, ғижжаки бас ва ғижжаки контрабас пайдо гаштанд. Гурӯҳи ғижжакҳоро дар партитураи оркестрӣ аз ҳама охир ҷойгир мекунанд. Тартиби ҷойгиршавии ғижжакҳо чунин аст: ғижжакҳои якум ва дуюм (онҳоро ғижжаки прима мегӯянд), ғижжаки алт, ғижжаки бас ва ғижжаки контрабас.
Ғижжаки бас с-ҳои 50-уми садаи 20 ихтироъ шудааст. Танааш бузургу дастааш дароз аст. Дар оркестр ҷойи чорумро ишғол менамояд ва овозҳои регистри пастро фаро мегирад. Нотааш дар калиди бас, тенор ва нотаҳои регистри баландаш дар калиди скрипка сабт мешавад. Чор тор дошта, бо фосилаи квинта ҷӯр мешавад: тори якум «ля»-и октаваи хурд, тори дуюм «ре»-и октаваи хурд, тори сеюм «сол»-и октаваи калон, тори чорум «до»-и октаваи калон. Диапазони оркестриаш аз нотаи «до»-и октаваи дуюм то нотаи «ля»-и октаваи дуюм давом мекунад. Ғижжаки бас ҳоло дар Тоҷикистон фақат дар оркестрҳои созҳои халқӣ истифода бурда мешавад.
Адабиёт
[вироиш | вироиши манбаъ]- Вызго Т. С., Музыкальные инструменты Средней Азии //Исторические очерки, М., 1980;
- Петросян А. И., Инструментовидение// Узбекские народные инструменты, Т., 1980;
- Ҷумъаев Ҳ., Охунов Ҷ., Дарси ғижак, Д., 1983.
Адабиёт
[вироиш | вироиши манбаъ]- Энциклопедияи Советии Тоҷик : [дар 8 ҷ.] / сармуҳаррир А. С. Сайфуллоев. — Д. : СИЭСТ, 1978—1988.