Ҳаёт Одиназода
Одинаев Ҳаёт Абдулҳақович | |
Таърихи таваллуд | 20 май 1966 (58 сол) |
Зодгоҳ | ноҳияи Муъминобод, вилояти Кӯлоб, ҶШС Тоҷикистон |
Кишвар | Тоҷикистон |
Фазои илмӣ | иқтисод |
Унвонҳои илмӣ | профессор |
Ҳаёт Одиназода (Одинаев Ҳаёт Абдулҳақович; тав. 20 майи 1966, ноҳияи Муъминобод, вилояти Кӯлоб, ҶШС Тоҷикистон) — иқтисоддон, доктори илмҳои иқтисод (2005), профессор (2007), Аълочии маорифи Тоҷикистон (1998).
Зиндагинома
[вироиш | вироиши манбаъ]Ҳаёт Одиназода 20 августи соли 1966 дар деҳаи Толеъи нави ноҳияи Муъминободи вилояти Хатлон дар оилаи омӯзгор ба дунё омадааст. Соли 1983 мактаби миёнаро хатм намуда, ба факултети банақшагирӣ-иқтисодии Университети давлатии Тоҷикистон ба номи В. И. Ленин дохил шуда, соли 1990 онро хатм намуд. Дар ҷараёни таҳсил тӯли солҳои 1984—1986 дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Иттиҳоди Шӯравӣ хидмати ҳарбиро ба ҷой овардааст.
Соли 1993 ба аспирантураи факултети иқтисодии Донишгоҳи давлатии Москва ба номи М. В. Ломоносов дохил шуда соли 1995 рисолаи номзадӣ ҳимоя менамояд. Солҳои 2001—2004 дар докторантураи Донишгоҳи давлатии Москва ба номи М.В.Ломоносов таҳсил намуда, моҳи майи соли 2005 рисолаи докторӣ ҳимоя кардааст.
Корнома
[вироиш | вироиши манбаъ]Баъди хатми донишгоҳ бо қарори Шӯрои олимони факултет ба ҳайси ассистенти кафедраи иқтисод ва идораи комплекси агросаноатӣ ба кор қабул мешавад.
Тӯли солҳои 1995—2001 дар вазифаҳои ҷонишини декани факултети иқтисод ва идораи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон кор кардааст.
Аз соли 2005 то 2008 дар факултети иқтисод ва идораи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон) ба ҳайси декан фаъолият намудааст, дар вазифаҳои ассистент (1990—1998), дотсент (1998—2007) ва профессори кафедраи иқтисод ва идораи КАС-и ДМТ (2007 то ҳозир), ҷонишини декан оид ба корҳои илмӣ, тарбиявӣ ва таълимии факултет (1995—2001), сардори раёсати таълими ДМТ (2008—2011), вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон (2011—2012), ректори Донишгоҳи миллии Тоҷикистон (2012) фаъолият намудааст.
Фаъолияти илмӣ
[вироиш | вироиши манбаъ]Уви Ассотсиатсияи иқтисодчиёни ҷавони Ҷумҳурии Тоҷикистон, мудири озмоишгоҳи илмӣ-татқиқотии «Рушди босубот», раиси Шӯрои диссертатсионии дифоъи рисолаҳои номзадӣ ва докторӣ мебошад.
Муаллифи бештар аз 80 асари илмӣ.[1]
Вакилӣ
[вироиш | вироиши манбаъ]Ҳаёт Одиназода соли 2015 аз Ҳавзаи интихоботии Мирсайид Алии Ҳамадонӣ № 35 вилояти Хатлон — вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати V шудааст.[2] Ҳамчунин 1 марти соли 2020 вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб шудааст.[3]
Сарчашма
[вироиш | вироиши манбаъ]- ↑ Энсиклопедияи олимони Донишгоҳи давлатии миллии Тоҷикистон. — Душанбе, 2008. — С. 229—230.
- ↑ КМИР рӯйхати вакилони тозаинтихоби Маҷлиси намояндагонро чоп кард. 9 марти 2015 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 4 июли 2015.
- ↑ Одиназода Ҳаёт Абдулҳақ(тоҷ.). www.parlament.tj. 20 марти 2020 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 20 марти 2020.
Пайвандҳо
[вироиш | вироиши манбаъ]- факултаи иқтисод ва идораи ДМТ(пайванди дастнорас)
- КОМИССИЯИ МАРКАЗИИ ИНТИХОБОТ ВА РАЪЙПУРСИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН Бойгонӣ шудааст 6 апрели 2015 сол.
- Зодагони 20 май
- Зодагони соли 1966
- Шахсиятҳо аз рӯи алифбо
- Зодагони ноҳияи Муъминобод
- Олимон аз рӯи алифбо
- Омӯзгорони Тоҷикистон
- Иқтисодшиносони Тоҷикистон
- Олимони Тоҷикистон
- Олимони Донишгоҳи миллии Тоҷикистон
- Вакилони Маҷлиси Намояндагони Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати V
- Вакилони Маҷлиси Намояндагони Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати VI