Ҷумҳурии Халқии Шӯравии Бухоро
ӯзбекӣ: Buxoro Xalq Sho'ro Jumhuriyati, Бухоро Халқ Шўро Жумҳурияти | |
Парчам | Coat of arms[d] |
Таърихи таъсис | 8 октябр 1920 |
---|---|
Номи кӯтоҳ | БНСР ва Бухарская ССР |
Забони расмӣ | тоҷикӣ ва ӯзбекӣ |
Фаҳмоиши шиор | Workers of the world, unite![d] |
Матни шиор | Butun dunyo proletarlari, birlashingiz! |
Қитъа | Осиё |
Кишвар | |
Пойтахт | Бухоро |
Воҳиди марзию маъмурӣ | ИҶШС |
Ҷойгиршуда, дар ҳудуди сарзамини имрӯзаи | Ӯзбекистон, Тоҷикистон ва Туркманистон |
Навъи ҳукумат | ҷумҳурии шӯравӣ[d] |
Шумораи аҳолӣ |
|
Пули миллӣ | Soviet ruble[d] |
Иваз шуд ба | ҶШС Ӯзбекистон, ҶШС Туркманистон ва ҶХШС Тоҷикистон |
Ба ҷои | Аморати Бухоро |
Забони мавриди корбурд | ӯзбекӣ, тоҷикӣ ва русӣ |
Таърихи фурӯпошӣ | 27 октябр 1924 |
Масоҳат |
|
Дини расмӣ | ислом ва дунявӣ |
Парвандаҳо дар Викианбор |
Ҷумҳурии Халқии Шӯравии Бухоро — мавҷудият ҳамчун ҷумҳурии соҳибихтиёр дар ҳайати Ҷумҳурии Шӯравӣ Федеративии Сотсиалистии Русия (РСФСР) солҳои 1920-1924.
Дар натиҷаи шӯриши мусаллаҳона ва ёрии қисмҳои Армияи Сурх бо сардории лашкаркаши шӯравӣ М. В. Фрунзе 2 сентябри соли 1920 дар аморати Бухоро "Инқилоби халқӣ" ғалаба кард, ки дар натиҷа амири он Муҳаммад Олим Хон (Амир) сарнагун гашт. 8 октябри соли 1920 дар Қурултои (съезди) 1-уми умумибухороии намояндагони халқ Бухоро Ҷумҳурии Халқии Шӯравӣ эълон карда шуд. Ҳукумати нави Ҷумҳурии Халқии Шӯравии Бухоро асосан намояндагони Ҳизби коммунистии Бухоро ва собиқ ҳизби ҷавонбухороиён ташкил намуданд. Собиқ Аморати Бухоро ба худ номи Ҷумхурии Халқии Бухороро гирифт, ва ҳамчун ҷумҳурии соҳибихтиёр дар ҳайати Ҷумҳурии Шӯравӣ Федеративии Сотсиалистии Русия (РСФСР) солҳои 1920-1924 вуҷуд дошт. Баъд аз гузаронидани тақсимоти миллӣ-ҳудудӣ дар Осиёи Миёна (соли 1924), Ҷумҳурии Халқии Шӯравии Бухоро барҳам дода шуда, ҳамчун яке аз вилоятҳои ҶШС Ӯзбекистон ба ҳайати он ворид карда шуд.
Ходимони давлатии ҶХШБ
[вироиш | вироиши манбаъ]- Файзулло Хоҷаев — солҳои 1920-1924 Раиси Шӯрои Комиссарони халқии ҶХШБ.
- Аббос Алиев — солҳои 1920-1924 ходими давлатии ҶХШБ.
- Муллошариф Раҳимов — дорандаи мукофоти ҶХШБ.
Мукофотҳои ҶХШ Бухоро
[вироиш | вироиши манбаъ]Пайвандҳо
[вироиш | вироиши манбаъ]- http://www.museum.ru/MUSEUM/orden/ord01_12.html
- http://nagrada-info.narod.ru/buhredstar.html
- Сомона оид ба таърихи аввалин ҷумҳуриҳои шӯравии Шарқ
- Сомона дар бораи таърихи ҶХШБ (БНСР) ва таърихи нишонаҳои сарисинагии ҶХШБ (БНСР)