Бағӯш

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Деҳа
Бағӯш
Кишвар  Тоҷикистон
Вилоят ВМКБ
Ноҳия Ишкошим
Таърих ва ҷуғрофиё
Аҳолӣ
Аҳолӣ 316 тан (2012)
Миллият тоҷикон
Забони расмӣ тоҷикӣ
Пешшумораи телефон +992

Бағӯшдеҳа дар ҷамоати деҳоти Қозидеҳи ноҳияи Ишкошим. Дар ҳудуди хоҷагии деҳқонии «Мамадамбаров», дар сари роҳи Хоруғ – Ишкошим ҷойгир аст. Аз Бағӯш то маркази ҷамоати деҳот 6 км, то маркази ноҳия 42 км ва то шаҳри Хоруғ 85 км. Аҳолиаш 316 нафар (2012), тоҷикон.

Деҳа мактаби таҳсилоти миёнаи умумӣ, бунгоҳи тиббӣ, китобхона ва нуқтаҳои савдои хусусӣ дорад. Соҳаҳои асосии хоҷагӣ: зироаткорӣ ва чорводорӣ. Заминҳо аз дарёчаи Бағӯш обёрӣ мешаванд.

Эзоҳ[вироиш | вироиши манбаъ]

Адабиёт[вироиш | вироиши манбаъ]

Сарчашма[вироиш | вироиши манбаъ]