Гузари Боло

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Деҳа
Гузари Боло
Кишвар  Тоҷикистон
Вилоят Хатлон
Ноҳия Қубодиён
Таърих ва ҷуғрофиё
Аҳолӣ
Аҳолӣ 5437 тан (2017)
Миллият тоҷикон
Эътиқодот мусулмонони ҳанафимазҳаб
Забони расмӣ тоҷикӣ
Шиносаҳои ададӣ
Пешшумораи телефон +992 3251
Нишонаи почта 735140

Гузари Боло — деҳа дар ҷамоати деҳоти Носири Хусрави ноҳияи Қубодиён. Аз Гузари Боло то маркази ҷамоат 2 км, то маркази ноҳия аз 1 км камтар; роҳ мошингард. Аҳолиаш 5437 нафар (2017), тоҷикон.

Иқтисод[вироиш | вироиши манбаъ]

Гузари Боло мактаби таҳсилоти миёнаи умумӣ, мактаби таҳсилоти умумии асосӣ, 7 нуқтаи савдои хусусӣ, 2 масҷиди панҷвақта, 2 сартарошхона, 3 осиёби барқӣ, коргоҳи дӯзандагӣ дорад. Соҳаҳои асосии хоҷагӣ: сабзавоткорӣ, боғдорӣ, чорводорӣ ва ғаллакорӣ. Заминҳо аз дарёи Кофарниҳон обёрӣ мешаванд. Дар ҳудуди деҳа 18 хоҷагии хурди деҳқонӣ ва заводи хурди коркарди пахта мавҷуд аст.

Шахсиятҳои маъруф[вироиш | вироиши манбаъ]

Шоир Сайдулло Амин, Омӯзгори хидматнишондодаи ҷумҳурӣ Норбӣ Атоева зодаи ҳамин деҳа мебошанд.

Эзоҳ[вироиш | вироиши манбаъ]

Сарчашма[вироиш | вироиши манбаъ]