Ноҳияи Қубодиён

Аз Википедиа
Ҷаҳиш ба: новбари, Ҷустуҷӯи
Ноҳияи Қубодиён
Ноҳияи Қубодиён дар нақшаи Тоҷикистон
Донистаниҳо
Кишвар : Emblem of Tajikistan.svg Тоҷикистон Flag of Tajikistan.svg
Вилоят : Хатлон
Марказ: Қубодиён
Замони таъсис : 27 октябри 1939
Раиси ноҳия:
Ҷуғрофиёи табиъӣ
Паҳноварӣ : 1834,4 км²
Шумораи шаҳракҳо : 1
Шумораи ҷамоатҳо : 6
Мардум
Аҳолӣ (2008) : 118 721 кас
Забони расмӣ : тоҷикӣ
Забонҳои гуфторӣ : тоҷикӣ, узбакӣ
Мазҳаб : ҳанафӣ
Нишониҳо
Сарвожа : KA
Код ISO : TJ.KТ.KA
Пешшумора : +992 3551
Нишонии почта : 735140
Замон : UTC+5
Вебгоҳ : .tj
Шумораи мошинҳо : 03РТ


Ноҳияи Қубодиён (порсӣ: ناحیۀ قبادیان) — яке аз ноҳияҳои идории вилояти Хатлон аст ва дар ҷануби Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷой дорад.

Ин ноҳия 27 октябри соли 1939 дар бахше аз вилояти Сталинобод дар Ҷумҳурии Шӯравии Сосиалистии Тоҷикистон таъсис ёфта[1] ва дар солҳои 19301970 ба ёди Анастас Микоян, яке аз раҳбарони шӯравӣ, ноҳияи Микоянобод номида мешуд[2].

Аз 4 январи соли 1944 ин ноҳия бахше аз вилояти Қурғонтеппа шуд.

Маркази ин ноҳия шаҳраки Қубодиён (порсӣ: قبادیان) аст ки дар канори рӯди Кофурниҳон, шохоби рости рӯди Панҷ, 94 км ҷанубу ғарбтар аз Қурғонтеппа ва 2 км дуртар аз истгоҳи роҳи оҳан ҷой дорад. Аз Қубодиён то Душанбе 198 км роҳ аст. Ин шаҳрак дар солҳои 1930 — 1970 Микоянобод ном дошт.


Ҷойгоҳ[вироиш]

Ноҳияи Қубодиён бо сарзамине 1834,4 км² дар дараи рӯди Кофурниҳон ҷой дорад. Дар шимол бо ноҳияи Рӯдакӣ, дар шарқ — бо ноҳияи Ҷиликӯл, дар ғарб — бо ноҳияи Шаҳритус аз ноҳияҳои вилояти Хатлон ва дар ҷануб — бо ноҳияи Қалъаи Зол аз ноҳияҳои Вилояти Қундузи Афғонистон ҳаммарз аст.

Мардум[вироиш]

Мардуми Қубодиён ба яке аз гӯишҳои забони тоҷикӣ ва узбакӣ сухан мегӯянд. Бар пояи омори соли 2008, ноҳияи Қубодиён 118 721 тан ҷамъият дошт.

Ҳукумат[вироиш]

Сарвари ноҳияи Қубодиён Раиси Ҳукумати он аст ки вайро Раиси Ҷумҳурии Тоҷикистон таъйин мекунад. Ниҳоди қонунгузори ноҳияи Қубодиён Маҷлиси намояндагони халқӣ мебошад ки онро раъйдиҳандагони ноҳияи Қубодиён барои 5 сол интихоб мекунанд.

Бахшбандӣ[вироиш]

Бар асоси Қонуни тақсимоти кишварӣ, ноҳияи Қубодиён 1 шаҳрак ва 6 ҷамоат[3] дорад:

Ҷамоатҳои ноҳияи Қубодиён[4]
Ҷамоат Аҳолӣ
шаҳраки Қубодиён 7 499
Навобод 6 863
Носир Хусрав 25 154
Ниёзов 13 795
Саидназар Худойқулов 28 903
Янгийул 20 889

Таърих[вироиш]

Мардум дар дараи рӯди Кофурниҳон аз нимаи дувуми ҳазораи I пеш аз милод маскун буда ва шабакаи густардаи обёрӣ падид оварда будаанд. Киштзори каронаи рости ин рӯдро ҷӯйе обёрӣ мекардааст, ки саргаҳаш 18 км шимолтар аз шаҳраки Қубодиён ҷой дошта аст. Як ҷӯи дигар киштзори каронаи чапи рӯдро обёрӣ мекардааст[5].

Номи Қубодиён дар манобеъи садаҳои миёна ба гунаҳои порсӣ: «قبادیان», порсӣ: «قوادیان» ва порсӣ: «قباذیان» омада ва дар он замон сарзамини миёни рӯдҳои Сурхондарё ва Вахшро меномиданд.

Нахустин бор аз Қубодиён ба гунаи порсӣ: «قبادیان» дар «Торихи Табарӣ», навиштаи Муҳаммад ибни Ҷарири Табарӣ, дар замони лашкаркашии Асад ибни Абдуллоҳ ба Хутталон дар соли 725 ёд шудааст[6].

Дар садаи IX м. Қубодиён яке аз бахшҳои Хутталон[7], ва дар садаи X м. дар замони аморати Сомониён — бахше аз вилояти Чағониён[8] будааст.

Бино бар навиштаи ас-Самъонӣ, Қубодиён дар садаи XII м. «ноҳияе ободон» аз бахшҳои Балх будааст. Қубодиён дар садаҳои миёна яке аз калонтарин шаҳрҳои Мовароуннаҳр буда. Сарзамини Қубодиён чанд шаҳри бузургу ободон доштааст ки дар миёни кӯҳсор дар поёноби рӯди Кофурниҳон ва начандон дур аз Омударё ҷой доштаанд[9].

Пас аз инқилоби Бухоро дар соли 1920 ва таъсиси Ҷумҳурии Мухтори Шӯравии Тоҷикистон Қубодиён бахше аз вилояти Қурғонтеппа гардид ки то соли 1929 вуҷуд дошт. Вилояти Қурғонтеппа дар он сол ба округ табдил дода шуд. Соли 1931 округи Қурғонтеппа барҳам дода шуд ва сарзамини он тобеъи ҷумҳурӣ шуд.


Пайнавиштҳо[вироиш]

  1. СТАЛИНАБАДСКАЯ ОБЛАСТЬ
  2. Введенский Б.А. Большая советская энциклопедия, Том 27 — Большая Советская Энциклопедия Второе издание
  3. "List of Jamoats ". UN Coordination, Tajikistan. http://www.untj.org/files/minutes/Food/List_of_Jamoats.xls. Retrieved March 1, 2011. 
  4. http://www.undp.tj/files/maps/JCP/Tajik_pdf/Local_Governance/Khatlon/LG4.2.pdf
  5. Дьяконов М. М. Археологические работы в нижнем течении реки Кафирнигана (Кобадиан). Труды Таджикской археологической экспедиции. Т. 2. — М. — Л., — с. 252; 292
  6. Ат-Табари, Абу Джафар Мухаммад ибн Джарир. «История пророков и царей», пер. В. И. Беляева, О. Г. Большакова, А. Б. Халидова. Ташкент. Фан. 1987
  7. Abu Аli Ahmad ibn Omar ibn Rosteh. Kitab al-a’lak an-nafisa. Ed. M. J. de Goeje. Bibliotheca geographorum arabicorum. Pars 7. — Lugduni Batavorum: E. J. Brill, 1967. — P. 1—230. — с. 93
  8. Shamsaddin Abu Abdullah Mohammad ibn Ahmad al-Moqaddasi. Descriptio Imperii moslemici. Ed. M. J. de Goeje. Bibliotheca geographorum arabicorum. Pars 3. — Lugduni-Batavorum, 1967. — 498 p. — с. 49, 284
  9. Камалиддинов Ш. С. Историческая география Южного Согда и Тохаристана по арабоязычным источникам IX — начала XIII вв.

Адабиёт[вироиш]

  • Ат-Табари, Абу Джафар Мухаммад ибн Джарир. «История пророков и царей», пер. В. И. Беляева, О. Г. Большакова, А. Б. Халидова. Ташкент. Фан. 1987
  • Abu Аli Ahmad ibn Omar ibn Rosteh. Kitab al-a’lak an-nafisa. Ed. M. J. de Goeje. Bibliotheca geographorum arabicorum. Pars 7. — Lugduni Batavorum: E. J. Brill, 1967.
  • Shamsaddin Abu Abdullah Mohammad ibn Ahmad al-Moqaddasi. Descriptio Imperii moslemici. Ed. M. J. de Goeje. Bibliotheca geographorum arabicorum. Pars 3. — Lugduni-Batavorum, 1967.
  • Дьяконов М. М. Археологические работы в нижнем течении реки Кафирнигана (Кобадиан). Труды Таджикской археологической экспедиции. Т. 2. — М. — Л.
  • Камалиддинов Ш. С. Историческая география Южного Согда и Тохаристана по арабоязычным источникам IX — начала XIII вв. Ташкент: «Узбекистон». 1996.



Ноҳияҳои Хатлон
Ноҳияи Балҷувон · Ноҳияи Бохтар · Ноҳияи Вахш · Ноҳияи Восеъ · Ноҳияи Данғара · Ноҳияи Ёвон · Ноҳияи Кӯлоб · Ноҳияи Қубодиён · Ноҳияи Қумсангир · Ноҳияи Мӯъминобод · Ноҳияи Норак · Ноҳияи Носири Хусрав · Ноҳияи Панҷ · Ноҳияи Румӣ · Ноҳияи Сарбанд · Ноҳияи Темурмалик · Ноҳияи Фархор · Ноҳияи Ховалинг · Ноҳияи Хуросон · Ноҳияи Ҳамадонӣ · Ноҳияи Ҷиликӯл · Ноҳияи Ҷомӣ · Ноҳияи Шаҳритус · Ноҳияи Шӯрообод