Jump to content

Гултеппа (деҳа, н. Кӯлоб)

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
(Тағйири масир аз Гултеппа (деҳа, ш. Кӯлоб))
Деҳа
Гултеппа
Кишвар  Тоҷикистон
Вилоят Хатлон
Ноҳия Кӯлоб
Ҷамоат Деҳоти Даҳана
Таърих ва ҷуғрофиё
Аҳолӣ
Аҳолӣ 1135 тан (2017)
Миллият тоҷикон
Эътиқодот мусулмонони ҳанафимазҳаб
Забони расмӣ тоҷикӣ
Шиносаҳои ададӣ
Пешшумораи телефон +992 3322
Нишонаи почта 735140
Нишон додан/Пинҳон кардани харита

Гултеппа — деҳа дар ҷамоати деҳоти Даҳанаи ноҳияи Кӯлоб. Аз Гултеппа то маркази ҷамоат 5 км, то маркази ноҳия 22 км, то вилоят 182 км; роҳ мошинггард. Аҳолиаш 1135 нафар (2017), тоҷикон.

Деҳа бунгоҳи тиббӣ, масҷиди панҷвақта, осиёби хусусӣ ва нуқтаҳои савдои хусусӣ дорад. Гултеппа мактаб надорад. Талабагон дар мактаби таҳсилоти миёнаи умумии деҳаи ба номи Сафар Амиршоев (собиқ Мирапоқ) таҳсил мекунанд. Соҳаҳои асосии хоҷагӣ: пахтакорӣ, чорводорӣ, ғаллакорӣ ва боғдорӣ. Заминҳо аз дарёи Ёхсу обёрӣ мешаванд. Дар ҳудуди Гултеппа 20 хоҷагии хурди деҳқонӣ мавҷуданд.