Нуқраи Суннатниё

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Нуқраи Суннатниё
Нуқраи Суннатниё
Таърихи таваллуд: 24 сентябр 1950(1950-09-24) (73 сол)
Зодгоҳ: ноҳияи Ванҷ
Шаҳрвандӣ:  Тоҷикистон
Навъи фаъолият: шоир

Нуқраи Суннатниёшоира ,узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон (1994)

Зиндагинома[вироиш | вироиши манбаъ]

Нуқраи Суннатниё 24 сентябри соли 1950 дар деҳаи Роғи ноҳияи Ванҷи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон]] тавваллуд шудааст. Маълумоти ҳаштсоларо дар мактаби деҳа гирифта, баъдан мактаби миёнаи №4 маркази ноҳияро хатм кардааст. Соли 1968 вориди факултаи таърихи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон (собиқ Университети давлатии Тоҷикистон ба номи В.И.Ленин) дохил шудааст. Соли 1973 донишгоҳро ба поён расонда барои кор дар кафедраи таърихи донишгоҳи мазкур ба кор пазируфта шудааст. Баъди хонадор шудан ба ноҳияи Кумсангири вилояти Хатлон (собиқ вилояти Қӯрғонтеппа) кӯчида, чанде машғули омӯзгорӣ будааст. Баъдан ба Кумитаи ноҳиявии ҳизби коммунистӣ ба кор даъват шуда, солиёне дар вазифаҳои масъули ҳизбию давлатии ноҳия кор кардааст. Аз соли 1993 мудири шуъбаи кадри Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон аст. Аз соли 1994 узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон аст.

Эҷодиёт[вироиш | вироиши манбаъ]

Ба навиштани шеър аз овони ҷавонӣ шуғл варзида, навиштаҳояш дар китобҳои дастҷамъӣ чоп шудаанд. Иддаи дигаре аз ашъораш дар маҷмӯаҳои алоҳидаи «Чашмаи роғ» (1976), «Шогуна» (1987), «Сояи абр» (2000), «Нафаси хаёл» (2007) ва «Атри гули ёс» (2010) дастраси хонандагон гардидаанд. Намунаи шеърҳояш ба забонҳои русӣ, ӯзбекӣ ва арабӣ тарҷума шуда, силсилае аз онҳо дар рӯзномаву маҷаллаҳои Эрону Афғонистон ба табъ расидаанд. Барои маҷмӯаи «Атри гули ёс» (2011) барандаи Ҷоизаи адабии ба номи Мирзо Турсунзода гардидааст.

Ҷоизаҳо[вироиш | вироиши манбаъ]

  • Ҷоизаи адабии ба номи Мирзо Турсунзода;
  • Ифтихорномаи Президиуми Шӯрои Олии ҶТ;
  • Медали «Хидмати шоиста»;
  • Медали «Нишони сухан».[1]

Сарчашма[вироиш | вироиши манбаъ]

  1. Адибони Тоҷикистон (маълумотномаи мухтасари шарҳиҳолӣ)./Таҳия ва танзими Асрори Сомонӣ ва Маҷид Салим. – Душанбе, «Адиб», 2014, – с.233 ISBN 978-99947-2-379-9