Шоҳроҳи Абрешим

Аз Википедиа
Ҷаҳиш ба: новбари, Ҷустуҷӯи
Дар асри I Шоҳроҳи Абрешим Датсин ва Сересро пайваст мекард

Шоҳроҳи Абрешим (чин. 絲綢之路, ӯзбакӣ: Buyuk Ipak Yo'li, порсӣ: جاده ابریشم, арабӣ: طريق الحرير—Осиёро тавассути роҳҳои корвонгард бо Аврупо мепайваст. Роҳи Абрешим дар даврони ҳанӯз то мелод аз силсилаи роҳҳои корвонгарде иборат буд, ки дар Ғарб аз Руми қадим ва дар шарқ то ба дарбори салтанати Чин тӯл мекашид. Роҳи Абрешим, ки ҳамчунин тавассути Эрону Бохтар ва Суғдиёни қадим мегузашт, дар ҳамон даврон нахустин тухмиҳои табодули иқтисодиву фарҳангӣ байни тамаддунҳои мухталифро кишта, ба рушду нумӯъи ҳама кишварҳои воқеъ дар тӯли ин масири тиҷоратӣ мусоидат карда буд.

Таърих ва ташкилёбӣ[вироиш]

Silk from Mawangdui 2.jpg

Намунаҳои абрешим аз сулолаи Хон

"Асри Заррин"-и Шоҳроҳи Абрешим[вироиш]

Аҳамият[вироиш]

Нақшаҳои Барқароркунӣ[вироиш]

Намояндагони вазоратҳои роҳу нақлиёти 19 кишвари Аврупову Осиё, бо шумули Чину Эрон, Русияву Туркия ва кишварҳои Осиёи Марказӣ, дар Женева ба хотири эҳёи Роҳи Абрешим ва дигар масирҳои қадими тиҷорат байни ин ду қора то соли 2014 ваъдаи 43 миллиард доллар сармоягузорӣ супурдаанд.

Ин нишаст бо ибтикори ESCAP ва UNECE, кумиссиёнҳои иқтисодии СММ дар умури кишварҳои Осиёву ҳавзаи уқёнуси Ором ва Аврупо доир шуд.

Аммо ба фарқ аз ду ҳазор соли пеш, ки Роҳи Абрешим Осиёро тавассути роҳҳои корвонгард бо Аврупо мепайваст, ин бор сухан дар бораи эҳдоси шабакаҳои муосири иртиботӣ, ба хусус роҳҳои нави оҳан мераванд.

Дар Тоҷикистон

Тоҷикистон ба маҳзи кишвари хушкаӣ будану дар бунбасти коммуникатсионӣ қарор доштанаш ба эҳёи Роҳи Абрешим ҳаётан манфиатдор аст. Ба хотири пайванди бештар бо масирҳои умдаи тиҷоратӣ, аз ҷумла масирҳои воқеъ дар тӯли Роҳи қадими Абрешим, барномаҳое амал мекунанд, ки умдатаринҳояш сохтмони ҳанӯз ниматамоми роҳи КӯлобҚулмаҚароқурум ду тарҳи бузурги бунёди роҳи мошингард ва роҳи оҳан аз Тоҷикистон тавассути Ҳироти Афғонистон то шаҳри Машҳад, маркази тиҷоратии шарқи Эрон аст.

Мувофиқати усулӣ дар мавриди эҳдоси роҳи оҳан байни Тоҷикистону Афғонистону Эрон ҳанӯз дар тобистони соли 2006 дар мулоқоти руъасои ин се ҷумҳурӣ дар Душанбе ҳосил шуда буд ва феълан тарҳи эҳдоси ин роҳ мавриди омӯзиши гурӯҳҳои корӣ қарор доштааст. Бар асоси тавофуқи бадастомада, қарор аст, ҳар кишвар он қисмати ин роҳи оҳанро, ки аз қаламраваш мегузарад, худаш бисозад. Эҳёи Роҳи Абрешим ҳалқаи феълан тангу буғикунандаи бунбасти иртиботиро барои Тоҷикистон сабуктар ва фосилаи роҳ то бозорҳои ҷаҳониро барояш камеи дигар камтар хоҳад кард.

Пайвандҳо[вироиш]

1.Талоши эҳёи Роҳи Абрешим