Jump to content

Қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод

Алифбо тартиб ва номи ҳарфҳо

[вироиш | вироиши манбаъ]
Мақолаи асосӣ: Ҳуруфи тоҷикӣ

1) Алифбои забони тоҷикӣ 35 ҳарф дорад:

— Аа Бб Вв Гг Ғғ Дд Ее Ёё Жж Зз Ии ӣӣ

  • а бэ вэ гэ ғэ дэ йэ йо жэ зэ и (и-и дароз)

— Йй Кк Ққ Лл Мм Нн Оо Пп Рр Сс Тт Уу

  • йот ка қэ эл эм эн о пэ эр эс тэ у

— Ӯӯ Фф Хх Ҳҳ Чч Ҷҷ Шш Ъъ Ээ Юю Яя

  • (у-и дароз) эф ха ҳэ чэ ҷэ ша сакта э йу йа

Имлои садонокҳо

[вироиш | вироиши манбаъ]

2) Ҳарфҳои а, о, ӯ дар оғоз, байн ва анҷоми калима навишта мешаванд: абр, баҳор, замон, хона, дара; об, овоз, бол, бод, доро, тавоно; умед, усто, бузург, суруд, бозу, гесу, неру, абру ва ғайра.

Эзоҳ. Дар анҷоми калимаҳои решагии зерин бо риояи меъёри таърихӣ ӯ навишта мешавад: бону, зону, неку, паҳлу, олу, орзу, дору, оҳу, аду ва ғайра. 3) Ҳарфи и дар оғоз ва байни калима навишта мешавад: истгоҳ, иншо, дил, нигоҳ ва ғайра.

4) Ҳарфи и дар анҷоми калима дар мавридҳои зерин навишта мешавад:

  • а) ҳамчун изофат: кишвари сарсабз, шаҳрванди Тоҷикистон, сари кӯҳи баланд ва ғайра;
  • б) дар пешояндҳои барои, баъди, дар бораи, бо мақсади ва ғайра;
  • в) дар пайвандакҳои ки, чи, чунки, агарчи, ё ин ки, ба сабаби он ки ва ғайра;
  • г) дар исмҳои хоси иқтибосӣ: Леонардо да Винчи, Ганди, Паганини, Ибарури, Сочи, Тбилиси, Миссисипи ва ғ,.;
  • ғ) дар исмҳои ҷинси иқтибосии такси, туфли ва ғайра.

5) Ҳарфи ӯ (у-и дароз) дар байн ва анҷоми калима навишта мешавад: рӯз, гӯш, зӯр, дӯст, бӯ(й), рӯ(й), мӯ(й) ва ғайра. Ҳарфи ӯ маъмулан пеш аз ҳарфи й навишта мешавад.

Эзоҳ. Ҳарфи ӯ дар оғози калима дар иқтибосҳои туркӣ навишта мешавад: ӯгай, ӯрда, ӯғур, ӯмоч ва ғайра.

6) Ҳарфи ӣ дар анҷоми калима навишта мешавад:

  • а) дар калимаҳои решагии навъи моҳӣ, ҳавлӣ, шолӣ, биҳӣ, холӣ ва ғайра;
  • б) ҳамчун пасванди калимасоз: дӯстӣ, бародарӣ, далерӣ ва ғайра;
  • в) дар бандакҳои феълӣ ва хабарӣ: омадӣ, гуфтӣ, дилороӣ, ҳунармандӣ, ту ҳунарманд ҳастӣ ва ғайра;
  1. '
  • г) дар ҷонишинҳои саволии кӣ? ва чӣ?: кӣ омад?, чӣ шуд? ва ғайра.

7) Ҳарфи э тибқи қоидаи маъмул дар оғози як теъдод калимаҳои иқтибосӣ навишта мешавад: эҷод, эзоҳ, эҳсон, эҳтиром, эҳтимол, элак, эрка, эстрада, экватор, экспертиза, экскватор ва ғайра.

  • а) дар оғози чанд калимаи тоҷикӣ дар асоси имлои таърихӣ ҳарфи э навишта мешавад: Эрон, Эраҷ, эдун, эзид, эдар, эшон ва ғайра;
  • б) агар калима бо ҳарфи э оғоз шавад, ин навишт ҳангоми калимасозӣ низ риоя мешавад: тозаэҷод, соҳибэҳсон, боэҳтиром ва ғайра;
  • в) дар байн ва анҷоми калима ба ҷойи ҳарфи э ҳарфи е навишта мешавад: меҳр, себ, шанбе, се ва ғайра.[1]

Имлои ҳамсадоҳо

[вироиш | вироиши манбаъ]

8. Ҳарфи ж дар се мавқеъ навишта мешавад: жола, жарф, жӯлида, лағжидан, нажод, пажӯҳиш, аждаҳо, жож ва ғайра.

9. Ҳарфи й (йот) дар мавридҳои зерин навишта мешавад:

  • а) дар оғози калимаҳои иқтибосӣ: йод, йог(а), йот, йӯрға ва ғайра;
  • б) дар байн ва анҷоми калима: кайҳон, майдон, айвон, май, най, ҷой, пой ва ғайра;
  • в) ҳарфи й пеш аз садонокҳои а, о, у, э(е) дар якҷоягӣ бо ин садонокҳо бо як ҳарф навишта мешавад: й+а=я, й+о=ё, й+у=ю, й+э=е: поя, соя, ёр, ёд, дарё, бурё, юнонӣ, юғ, ем, елим ва ғайра.

Эзоҳ. Калимаҳое, ки таърихан дар таркиби худ ҳамсадои й доранд, аз ин қоида истисно мебошанд: чой (чойи сиёҳ), ҷой (ҷойи муносиб), лой (лойи нарм), пой (пойи чап); дар калима ва таркибҳои навъи найистон, оройиш, осойиш, чораҷӯйӣ, рӯйи хотир, ба рӯйи, ба сӯйи, ба ҷойи ва ғайра.

10) Ҳамсадои н пеш аз б ба сурати м талаффуз шуда, аммо тибқи меъёр н навишта мешавад: анбор, анбӯр, занбар, занбӯр, пунба, сунбул, танбал, танбӯр, шанбе ва ғайра.

11) Дар калимаҳои иқтибосии русӣ ба ҷойи ҳарфи ц ҳарфи с (пеш аз садонок ва дар дохили калима пас аз ҳамсадо) ва ҳарфҳои тс (дар байни ду садонок) навишта мешавад: семент, сирк, консерт, конститутсия, дотсент, милитсия ва ғайра.

12) Ҳарфи ъ дар байн ва анҷоми иқтибосҳои арабӣ ба ҷойи айн ва ҳамза навишта мешавад: аъло, баъзе, ҷамъ, мавзӯъ, навъ, матбӯъ, масъул, масъала, таърих ва ғайра. Эзоҳ. Агар ба калимаҳои иқтибосии бо ъ анҷомёфта изофат ва ё пайвандаки ӯ илова гардад, ҳарфи ъ навишта мешавад: ҷамъи мардум, рафъи мушкилот, навъи ангур, табъу нашр, шамъу парвона ва ғайра. Ҳарфи ъ дар байни ду садонок, ба истиснои калимаҳои фаъол ва таъйин навишта намешавад: маориф, таом, мавзӯи баҳс, тулӯи офтоб, шурӯи кор, маҷмӯи ашъор ва ғайра.

13) Имлои ҳамсадоҳои ташдиддор:

  • а) дар калимаҳои тоҷикӣ дар асоси усули таърихӣ сурат мегирад: арра, барра, парра, пашша, бурро ва ғайра;
  • б) ҳамсадоҳои ташдиддор дар калимаҳои иқтибосии арабӣ, тибқи қоида дар қолабҳои фаъъол (наҷҷор, раззоқ, ҳаммол); тафаъъул (ташаккур, таҳаввул, таназзул); муфаъъал (мураккаб, муаззам, мунаққаш); муфаъъил (мусаввир, мударрис, мумаййиз); мутафаъъил (мутавассит, мутакаббир, мутаҳаййир); мутафаъъал (мутақаддам, мутааххар); ва калимаҳои навъи иттиҳод, иттилоъ, иттисол, муттаҳид, муттафиқ, мубарро, муҷалло, мусаммо, мутасаддӣ, мутасаллӣ, мутаваллӣ, табарро, тавалло, тасалло ва ғайра. навишта мешаванд;
  • в) ҳамсадоҳои анҷоми калимаҳои иқтибосии арабии навъи дур, кул, зид, қад, сир, хат, фан, ҳад ва ғайра., ки таърихан ташдид доранд, дар калимасозию калимабандӣ ташдиди онҳо дубора барқарор мегардад: дурри ноёб, кулли мардум, зидди душман, қадди расо, сирри ҳарбӣ, фанни забон, ҳадди ақал, истилоҳи фаннӣ, кори хаттӣ, хатту савод, ҷидду ҷаҳд ва ғайра;
  • г) ташдиди йот якҷо бо ҳарфҳои йотдор дар шакли зер навишта мешавад: айём, тайёр, муҳайё, тахайюл, муайян, музайян ва ғайра.
  • [1]

Аз сатр ба сатр гузаронидани ҳиҷои калима

[вироиш | вироиши манбаъ]

Аз сатр ба сатр гузаронидани ҳиҷои калима дар асоси қоидаҳои зер сурат мегирад:

  • а) риояи якнавохтии ҳиҷо: бод-бон, ба-ро-дар, боғ-бон, хо-на, дӯс-тӣ, та-аҷ-ҷуб, та-бас-сум, маъ-руф, аъ-ло, эъ-лон, панд-но-ма ва ғайра;

агар ҳиҷо аз як садонок иборат бошад, ба сатри дигар гузаронида намешавад: на ба шакли а-ро-ба, о-во-за, о-ро-мӣ, балки аро-ба, ово-за, оро-мӣ ва ғайра.

Исмҳои навъи зерин ду тарзи навишт доранд:

  • а) як гурӯҳ исмҳое, ки дар анҷом ҳамсадои ҳ доранд: роҳ-раҳ, чоҳ-чаҳ, моҳ-маҳ, коҳ-каҳ, рӯбоҳ-рӯбаҳ ва ғайра;
  • б) як гурӯҳ исмҳое, ки дар анҷом ҳарфи й доранд: рӯй-рӯ, мӯй-мӯ, кӯй-кӯ, ҷӯй-ҷӯ, пой-по, сарой-саро, шӯй-шӯ ва ғайра.

Якҷо навишта мешаванд:

  • а) бо артикли арабии ал-: алқисса, алвидоъ, алҳазар, алҳақ, алғараз ва ғайра;
  • б) ҳамаи қолабҳои исмҳои мураккаб: гулдаста, садбарг, гарданбанд, падарарӯс, сарфармондеҳ, хештаншинос ва ғайра;
  • в) агар ба воситаи пасванди -ӣ (-гӣ,-вӣ) аз шумораи миқдорӣ исм сохта шавад, танҳо калимаи охири шумора бо унсури -солагӣ якҷо навишта мешавад: бисту панҷсолагӣ, ду ҳазору панҷсадсолагӣ, ду ҳазору панҷсаду панҷсолагӣ ва ғайра;
  • г) исмҳое, ки дар қолаби исм+асоси замони ҳозираи феъл ва пасвандҳои -ӣ, -ак сохта шудаанд: дастгирӣ, роҳсозӣ, навсозӣ, оташгирак, обкашак, тортанак ва ғайра;
  • ғ) исмҳои мураккабе, ки аз шумораву исм бо пасванди -а (-я) сохта шудаанд: себарга, чоркунҷа, чоргӯша, дуоба, сепоя ва ғайра;
  • д) исмҳои мураккабе, ки ба воситаи миёнвандҳои '-у- ва -о-' аз асосҳои феъл сохта шудаанд: гуфтушунид, гуфтугӯ, рафтуомад, обутоб, гирогир, даводав, хезохез ва ғайра.

Бо нимтире (дефис) навишта мешаванд:

  • а) исмҳое, ки ҷузъи шумораи онҳо бо рақам ифода шудааст: 1000-солагии зодрӯзи Абӯалӣ ибни Сино, 20-солагии Истиқлоли Ҷумҳурии Тоҷикистон, 1000-солагии «Шоҳнома»-и Абулқосими Фирдавсӣ, 1100-солагии давлатдории Сомониён ва ғайра;
  • б) номи баъзе ҳизбҳои сиёсӣ ва равияҳои сиёсӣ: ҳизби сотсиал-демократӣ, сотсиал-демократ ва ғайра;
  • в) исмҳои мураккаби иқтибосии андоза: киловат(т)-соат, километр-соат, метр-сония ва ғайра;
  • г) исмҳои иқтибосии навъи: штаб-квартира, гран-при, экс-чемпион, контр-адмирал ва ғайра;
  • ғ) исмҳои таркибӣ аз қабили: вагон-ресторан, механик-ронанда ва ғайра;
  • д) дар номҳои осори классикӣ артикли ал тибқи қоидаи маъмул бо нимтире ҷудо карда мешавад: «ал-Қонун»-и Ибни Сино, «ат-Тафҳим»-и Абӯрайҳони Берунӣ, «Мантиқ-ут-тайр»-и Фаридаддини Аттор ва ғайра;
  • е) исмҳои иқтибосии навъи Волга-Дон, Коста-Рика, Ню-Йорк, Порт-Артур, Сан-Марино, Рио-де-Жанейро ва ғайра.

Ҷудо навишта мешаванд:

  • а) таркибҳои ҷуфте, ки бо пайвандаки -у (-ю, -ву) шакл гирифтаанд: шаъну шараф, гӯшту нохун, молу ҳол, обу ҳаво, саъю кӯшиш, орзую ҳавас, дороиву сарват ва ғайра;
  • б) ҷузъи номҳои таркибии ҷуғрофӣ, ки дар қолаби ибораи изофӣ сохта шудаанд: Панҷи Поён, Сари Хосор, Осиёи Марказӣ, Осиёи Ҷанубӣ, Шарқи Дур, Ростови лаби Дон ва ғайра;

Эзоҳ. Агар ҳар ду ҷузъи чунин исмҳо задаи ягона дошта бошанд, якҷо навишта мешаванд: Конибодом, Шаҳринав, Шаҳрисабз, Шаҳритус, Даштиҷум ва ғайра.

  • в) исмҳои таркибии изофии зерин: аспи гули бодом, атласи абри баҳор, гули ошиқи печон, гули намози шом ва ғайра.

Баёнияҳо ба таври зайл навишта мешаванд:

  • а) баёнияҳои изофӣ ва ҳамроҳии унвон, мансаб, лақаб, нисба, ки ба маънои аслии худ корбаст шудаанд, бо ҳарфи хурд ва ҷудо навишта мешаванд: амир Исмоил, шоҳ Аббос, Саидмӯъмини паҳлавон, Шокири муаллим, Набии мироб ва ғайра;

Эзоҳ. Агар баёнияҳо пас аз исми хос бе бандаки изофӣ омада бошанд, бо исм якҷо навишта мешаванд: Аҳмадмахдум, Салимпаҳлавон, Ҳошимкорвон, Қориишкамба ва ғайра.

  • б) баёнияҳои хешутаборӣ ва эҳтиром бидуни алоқаи изофӣ бо исми хос якҷо навишта мешаванд: Акашариф, Бибиоиша, Шарофатхола, Барноапа, Шодиамак ва ғайра;
  • в) баёнияҳои изофии лақаб, ки бо исми хос омадаанд, бо ҳарфи калон навишта мешаванд: Баҳроми Гӯр, Махдуми Гав, Муҳаррами Ғарч ва ғайра.

Ному насаб ба таври зайл навишта мешавад:

Пасванди тахаллус низ месозад: Рӯдакӣ, Фирдавсӣ, Саъдӣ, Ҷомӣ, Шукӯҳӣ ва ғайра.

Эзоҳ. Калимаҳои ибн, бинт, валад дар байни ном ва номи падар бо ҳарфи хурд ва ҷудо навишта мешаванд: Муҳаммад ибни Ҷарир, Робия бинти Каъб, Ёдгор валади Бозор ва ғайра. Калимаи ибн дар оғоз пеш аз исми хоси шахс ҷудо ва бо ҳарфи калон навишта мешавад: Ибни Сино, Ибни Рушд, Ибни Ямин ва ғайра. Исмҳои хоси шахс дар таркиби калимаи мураккаб бо ҳарфи хурд навишта мешаванд: саъдисифат, ҳофизшиносӣ, мавлавихонӣ, бедилхонӣ ва ғайра.

Бо ҳарфи калон навишта мешаванд:

Эзоҳ. Номи вазифа, мансаб, унвон, рутбаҳои давлатӣ ва ҳарбӣ, дараҷаҳои илмӣ бо ҳарфи хурд навишта мешаванд: вазири маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон, генерали артиши миллӣ, доктори илм, профессор ва ғайра.

Эзоҳ. Номи муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, муассисаҳои таҳсилоти ибтидоии касбӣ ва миёнаи касбӣ, номи факултету кафедраҳо, шуъба ва бахшҳои муассисаҳои илмӣ, маъмурӣ ва монанди инҳо бо ҳарфи хурд навишта мешавад: мактаби таҳсилоти умумии № 50 шаҳри Душанбе, факултаи ҳуқуқшиносӣ, кафедраи забони тоҷикӣ, шуъбаи илмҳои биология ва тиб, шуъбаи танзими истилоҳот ва ғайра.

  • д) калимаҳои мураккаби мухтасаршуда (ихтисораҳо)-е, ки аз ҳарфҳои аввали калимаю ибораҳо сохта шудаанд: ҶТ (Ҷумҳурии Тоҷикистон), ДМТ (Донишгоҳи миллии Тоҷикистон), АИ (Академияи илмҳо), БМТ (Бонки миллии Тоҷикистон) ва ғайра;

Истисно: Ҳамаи ҷузъҳои номи созмонҳои байналмилалӣ тибқи қоидаҳои маъмул бо ҳарфи калон навишта мешавад: СММ (Созмони Милали Муттаҳид), САҲА (Созмони Амният ва Ҳамкорӣ дар Аврупо) ва ғайра.

  • е) ҳар як калимаи номи воқеаҳои таърихӣ: Рӯзи истиқлоли Ҷумҳурии Тоҷикистон, Шӯриши Восеъ, Ҷанги Бузурги Ватанӣ ва ғайра;
  • ё) калимаи нахуст ва исми хоси таркиби қонунҳо, санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ: Кодекси замини Ҷумҳурии Тоҷикистон, Эъломияи ҳуқуқи башар, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва ғайра;
  • ж) калимаи нахусти анҷуман ва ҷашнҳо: Анҷумани байналмилалии тоҷикон ва форсизабонони ҷаҳон, Ҷашни 1400-умин солгарди Борбад, Ҷашни 20-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ғайра;
  • з) калимаи нахуст ва исми хоси дохили номи асарҳои бадеӣ, илмӣ, маҷаллаю рӯзномаҳо, суруду мусиқӣ, филмҳо, асарҳои саҳнавӣ: «Марги судхӯр», «Писари Ватан», «Садои Шарқ», «Чӯли Ироқ» ва ғайра;
  • и) номи қаср, кох, китобхона, осорхона, театр, тарабхона, меҳмонҳона, фурӯшгоҳ ва амсоли инҳо: Қасри миллат, Кохи Борбад, Кохи Ваҳдат, Китобхонаи миллӣ, Осорхонаи миллӣ, Фурӯшгоҳи марказӣ ва ғайра.

миниМатни пурранг мини

Имлои сифат

[вироиш | вироиши манбаъ]

Якҷо навишта мешавад:

  • а) пешвандҳои сифатсози ба-, бар-, бе-, бо-, но-, то-: бомаърифат, бофаросат, бомаслиҳат, баркамол, бебунёд, ноором, ношинос, тоалифбо ва ғайра;
  • б) сифатҳое, ки аз ибораҳои исмӣ (ҳамроҳӣ, изофӣ, пешояндӣ) бо пасвандҳои -а, -ӣ (-гӣ, -вӣ) сохта шудаанд: панҷсола, умумихалқӣ, байналмилалӣ, хонагӣ, дунявӣ ва ғайра;
  • в) сифатҳои мураккаб: солхӯрда, некандеш, бадхашм, тезгард, пешқадам ва ғайра.

Бо нимтире навишта мешаванд:

  • а) сифатҳое, ки аз такрори калима сохта шудаанд: (коғази) рах-рах, (мӯйҳои) тор-тор, (дили) реш-реш, (ҷигари) пора-пора ва ғайра;
  • б) сифатҳое, ки аз шумораву исм бо пасвандҳои -а, -ӣ (-гӣ) сохта шудаанд: санги 50-грамӣ, нигини 5-қирота, вазни 32-килоӣ ва ғайра;
  • в) сифатҳои таъкидии навъи заб-зард, каб-кабуд, суп-сурх, сап-сафед, тип-торик ва ғайра;

Ҷудо навишта мешаванд:

  • а) сифатҳои таркибие, ки бо пайвандаки -у (-ю, -ву) сохта шудаанд: гулҳои сурху сафед, суханҳои пасту баланд, хешовандони дуру наздик, марғзори сабзу хуррам, масъалаҳои иҷтимоию сиёсӣ, корҳои илмию таҳқиқотӣ ва ғайра;
  • б) сифатҳои ҷуфте, ки бо пешвандҳои ба-, бо-, бе- ва пешвандгунаҳои сер-, пур-, хуш- ва пайвандаки -у сохта шудаанд: бамеҳру муҳаббат, боақлу фаросат, бедолу дарахт, сершоху барг, пурнозу неъмат, хушобу ҳаво ва ғайра.

Имлои шумора

[вироиш | вироиши манбаъ]

Якҷо навишта мешаванд:

  • а) пасвандҳои шумораи тартибӣ -ум (-юм), -умин (-юмин): сеюм, сеюмин, панҷум, панҷумин, даҳум, даҳумин, шастусеюм, шастусеюмин ва ғайра;
  • б) шумораҳои мураккаби аз ёздаҳ то нуздаҳ ва аз дусад то нуҳсад: дувоздаҳ, шонздаҳ, ҳаждаҳ, сесад, шашсад ва ғайра;

Эзоҳ. Шумораҳои миқдорӣ ва тартибии зерин ду шакли навишт доранд: дуюм-дувум, сеюм-севум, чор-чаҳор, чорум-чаҳорум, чил-чиҳил, дусад-дувист ва ғайра.

  • в) шумораҳои касрӣ: сеяк, чоряк, шашяк, даҳяк ва ғайра;
  • г) нумеративи -то бо шумораи миқдории бо ҳарф навишташуда: дуто, сето, даҳто, садто, ҳазорто ва ғайра.

Бо нимтире навишта мешаванд:

  • а) шумораҳои тахминӣ: як-ду, се-чор, даҳ-понздаҳ, сӣ-чил, сад-дусад, ҳазор-ду ҳазор ва ғайра;
  • б) нумеративи -то аз шуморае, ки бо рақам навишта шудааст: 3-то, 5-то, 20-то, 100-то, 1000-то ва ғайра;
  • в) пасвандҳои шумораи тартибии -ум (-юм), -умин (-юмин) аз рақам: 5-ум, 12-ум, 2-юм, 30-юм ва ғайра.

Эзоҳ. Агар шумораҳо бо рақамҳои румӣ навишта шаванд, пасванди -ум (-юм), -умин (-юмин) навишта намешавад: асри ХХ, синфи Х ва ғайра.

Ҷудо навишта мешаванд:

  • а) шумораҳои таркибие, ки бо пайвандаки -у (-ю, -ву) сохта шудаанд: бисту як, сиву (сию) се, панҷоҳу панҷ, ҳазору сиву шаш ва ғайра;
  • б) шумораи касрӣ аз шумораи аслӣ: яку ним, дуву (дую) ним ва ғайра;
  • в) шумораҳои касрӣ бо пешоянди аз ҷудо навишта мешаванд: аз се як, аз шаш чор, аз панҷ се ва ғайра;
  • г) нумеративҳои дона, сар, нафар, даста ва амсоли инҳо аз шумора ва исми шумурдашаванда: ду дона себ, панҷ сар асп, ду нафар коргар, як даста гул ва ғайра.

Имлои ҷонишин

[вироиш | вироиши манбаъ]

Якҷо навишта мешаванд:

  • а) ҷонишинҳои сохта: ҳамин, ҳамон, ҳамчунин, ҳамчунон, ҳамдигар ва ғайра;
  • б) ҷонишинҳои мураккаб: инчунин, ончунон, инҷониб, онҷониб ва ғайра;
  • в) бандакҷонишинҳо (-ам, -ат, -аш, -амон, -атон, -ашон) бо калимаҳои дигар: китобам, китобат, китобаш, китобамон, китобатон, китобашон ва ғайра.

Эзоҳ. Бандакҷонишинҳо ҳангоми ихтисор дар назм аз калима ба нимтире ҷудо карда мешаванд: писар-м, писар-т, писар-ш ва ғайра.

Ҷудо навишта мешаванд:

  • а) ҷонишинҳои таркибӣ: ин гуна, он гуна, ин қадар, он қадар, ҳар як, ҳеч як, ҳар қадар, чӣ гуна?, чӣ хел?, чӣ қадар?, чӣ навъ? ва ғайра;
  • б) ҷонишинҳои саволии кӣ? ва чӣ? дар таркибҳо: чӣ хел?, чӣ гуна?, чӣ тавр?, чӣ қадар? ва ғайра.

Бо нимтире навишта мешаванд: Ҷонишинҳои номуайянӣ: ким-кӣ, ким-чӣ, ким-киҳо, ким-чиҳо, ким-кадом ва ғайра.

Якҷо навишта мешаванд:

  • а) пешвандҳои феълии дар-, бар-, фар- (фур-), во-, боз-: даромадан, баромадан, бархостан, баргаштан, фаромадан (фуромадан), вохӯрдан, бозгаштан ва ғайра;

Эзоҳ. Пешвандҳои во ва боз ҳамчун калимаҳои мустақил ба маънои боз, яъне, кушода, озод аз феъл ҷудо навишта мешаванд: во кардан, во гузоштан, боз гардидан, боз хондан, боз истодан ва ғайра.

  • б) пешвандҳои шаклсози ме- (ҳаме-), би- (бу-), на- (ма-): меравад, меояд, ҳамегуфт, бишкуфтан, нахостан, марав ва ғайра;

Эзоҳ. Агар ҳиссачаи инкории на ихтисор шавад, бо нимтире навишта мешавад: н-омӯзад, н-омад, н-осояд ва ғайра.

  • в) бандакҳои феълии -ам, -ӣ, -ем, -ед, -анд ва бандакҳои хабарии -ам, -ӣ, -ем, -ед, -анд: хондам, хондӣ, хондем, хондед, хонданд; коргарам, коргарӣ, коргарем, коргаред, коргаранд ва ғайра;
  • г) бандаки хабарии аст бо сифати феълӣ: хондааст, гуфтааст, дидааст ва ғайра.

Ҷудо навишта мешаванд:

  • а) ҷузъҳои феъли таркибӣ: даъват кардан (намудан, шудан), андеша кардан, сурх шудан, якҷо шудан ва ғайра;
  • б) ҷузъҳои феъли таркибии номии пешоянддор: аз бар кардан, аз ёд кардан, ба ҷо овардан, умр ба сар бурдан, дар бар гирифтан, ба воя расидан, ба кор бурдан ва ғайра;
  • в) шаклҳои таркибии феъл: хонда буд, нахоҳад хонд, рафта истода буд, ташкил карда мешавад, бояд иҷро кунад ва ғайра.
  • г) бандаки хабарии аст аз ҳиссаҳои номии нутқ: коргар аст, доно аст, пешқадам аст, довталаб аст ва ғайра.

Эзоҳ. Бандаки хабарии аст дар шакли ихтисор (-ст) бо калима якҷо навишта мешавад: мардест, шахсест, доност, хонданист, рафтанист ва ғайра.

Имлои сифати феълӣ

[вироиш | вироиши манбаъ]

Якҷо навишта мешаванд:

  • а) сифатҳои феълии замони ҳозира бо пасванди -анда: хатмкунанда, ҷавобдиҳанда, нишондиҳанда, пешбаранда ва ғайра;
  • б) сифатҳои феълии замони гузашта бо пасванди -а: иҷрокарда, қафомонда, анҷомёфта ва ғайра;
  • в) сифатҳои феълие, ки аз феъли таркибии номӣ ва ибораҳои пешояндӣ сохта шудаанд: кори баанҷомрасида, ҷавони азхудрафта, пири барҷомонда, умеди барбодрафта ва ғайра;
  • г) сифатҳои феълии замони оянда бо пасванди -ӣ: фаромӯшнашуданӣ, иҷрошуданӣ ва ғайра.

Имлои феъли ҳол

[вироиш | вироиши манбаъ]

Якҷо навишта мешаванд: Ҷузъҳои феъли ҳол бо пасванди -он (-ён): бозикунон, навозишкунон, суҳбаткунон, рақскунон, сурудгӯён ва ғайра.

35) Бо нимтире навишта мешаванд:

  • а) феъли ҳоли такрор: ларзон-ларзон, хандон-хандон, хандида-хандида, давон-давон, лангон-лангон ва ғайра;
  • б) феъли ҳол бо ҷузъи номии такрор: пичир-пичиркунон, ҳай-ҳайгӯён, чаҳ-чаҳзанон ва ғайра.

Ҷудо навишта мешавад: Феъли ҳоли таркибии замони гузашта: аз ҳуш рафта (афтид), аз по афтида (маҷрӯҳ шуд) ва ғайра.

Якҷо навишта мешаванд:

  • а) зарфҳое, ки бо пешвандҳои ба-, бо-, бар-, бе-, дар-, но- ва то- сохта шудаанд: баногоҳ, бакуллӣ, бодиққат, бомуваффақият, ботафсил, барвақт, барқасд, бемаврид, дарҳол, дарвоқеъ, ногоҳ, торафт ва ғайра;
  • б) зарфҳои мураккаб: дузону, дучанд, якзайл, якпаҳлу, чорзону, кинояомез, пасфардо, порсол, парерӯз, умрбод ва ғайра;
  • в) зарфҳое, ки аз шумораву исм бо пасвандҳои -а, ва -ӣ (-гӣ) сохта шудаанд: дудаста, дутоӣ, садметрӣ, седонагӣ, панҷдонагӣ ва ғайра;
  • г) зарфҳои мураккабе, ки ба воситаи миёнванди -о- (-ё-) сохта шудаанд: дуродур, сарозер, лаболаб, пасопеш, паёпай ва ғайра;
  • ғ) дар зарфҳое, ки аз шумораи миқдории таркибӣ ва исми ченаку андоза бо пасванди -ӣ (-гӣ) сохта шуданд, танҳо калимаи охири шумора бо исм якҷо навишта мешавад: чорсаду панҷоҳкилоӣ, сиву ҳашткилоӣ, ҳафтсаду наваду шашдонагӣ ва ғайра.

Ҷудо навишта мешаванд:

  • а) зарфҳое, ки аз такрори калима ва пешоянд иборатанд: дам ба дам, рӯз то рӯз, ваҷаб ба ваҷаб, сол ба сол, хона ба хона ва ғайра;
  • б) зарфҳое, ки аз ибораи изофӣ сохта шудаанд: дасти холӣ (омадан), сари остин (салом кардан), сари по (нишастан), пойи луч (давидан) ва ғайра.

Бо нимтире навишта мешаванд:

  • а) зарфҳое, ки аз такрори калима сохта шудаанд: аҳён-аҳён, доман-доман, даста-даста, гурӯҳ-гурӯҳ, зуд-зуд, оҳиста-оҳиста, сето-сето, ҷо-ҷо, халта-халта ва ғайра;
  • б) зарфҳое, ки ҷузъи шуморавии онҳо бо рақам ифода ёфтааст: 450-килоӣ, 300-грамӣ, 10-тонӣ, 90-сарӣ ва ғайра.

Имлои пешоянд

[вироиш | вироиши манбаъ]

Ҷудо навишта мешаванд:

  • а) пешоянд дар робита бо калимаҳои мустақилмаъно: аз сафар баргаштан, аз ӯ пурсидан, ба бозор рафтан, бар бом баромадан, бо дӯст нишастан, аз чор се ҳисса, дар бар гирифтан, аз ёд кардан, барои рафиқ, ҷуз модар (касе нозбардори фарзанд нест) ва ғайра;
  • б) пешояндҳои таркибии номӣ: пеш аз, пас аз, доир ба, роҷеъ ба, нисбат ба, оид ба ва ғайра;
  • в) таркибҳои пешояндии қолаби зерин: дар ба дар, рӯ ба рӯ, тан ба тан, пай дар пай ва ғайра.

Бо нимтире навишта мешаванд: Пешояндҳои изофии номии такрор: гирд-гирди, зер-зери, таг-таги, таҳ-таҳи, лаб-лаби, рӯ-рӯйи, пас-паси, сар-сари, қад-қади, пеш-пеши ва ғайра. Эзоҳ. Пешоянди ба бо ҷонишинҳои ишоратии ин, он ва ҷонишини шахсии ӯ дар назм чунин шакли навишт доранд: бад-ин, бад-он, бад-ӯ

Имлои пасоянд

[вироиш | вироиши манбаъ]

Якҷо навишта мешавад: Пасоянди -ро: Ватанро бояд дӯст дошт. Мо меҳмононро пешвоз гирифтем. ва ғайра.

Ҷудо навишта мешаванд: Пасояндҳои номӣ ва вожаҳои пасояндии боз, пеш, қабл, замон, ҳамон (ҳамоно): ду сол боз, як ҳафта пеш, панҷ сол қабл ва ғайра.

Бо нимтире навишта мешавад: Пасоянди -ро пас аз қавс ва нохунак: Ман «Шоҳнома»-ро хондам. Ман Ватанам (Тоҷикистон)-ро ҳамчун Модар дӯст медорам ва ғайра.

Имлои пайвандак

[вироиш | вироиши манбаъ]

Якҷо навишта мешаванд:

  • а) пайвандакҳои мураккаб: балки, агарчи (гарчи), азбаски (баски), вагарна (варна), чунки ва ғайра;
  • б) пайвандаки -у, (-ву, -ю) бо калимаи пеш: ёру рафиқ, дӯсту душман, илмиву оммавӣ, сиёсию иҷтимоӣ ва ғайра.

Ҷудо навишта мешаванд:

  • а) пайвандакҳои ва, ки: устодон ва шогирдон. Забони модариро ҳама бояд хуб донанд ва гиромӣ доранд. ӯ қавл дода буд, ки фардо меояд ва ғайра;
  • б) ҷузъи пайвандакҳои таркибӣ: то ки, вақте ки, зеро ки, бо вуҷуди ин (он) ки, сарфи назар аз ин (он) ки, аз сабаби ин (он) ки, ба қадре ки, ба тавре ки, бе ин (он) ки ва ғайра.

Бо нимтире навишта мешаванд: Пайвандакҳои ва, ки дар назм ба шакли ихтисор: в-аз (ва аз), в-ӯ (ва ӯ), к-аз (ки аз), к-он (ки он), в-имрӯз (ва имрӯз), к-омад (ки омад) ва ғайра.

Имлои ҳиссача

[вироиш | вироиши манбаъ]

Якҷо навишта мешаванд: Ҷузъҳои ҳиссача ва калимаҳои модалии рехтаи навъи зерин: кошки, бигузор (бигзор), мабодо, даркор ва ғайра.

Ҷудо навишта мешаванд:

  • а) ҳиссачаҳои на, фақат, танҳо, гӯё, магар, ҳатто, оё, ҳам, низ аз калимаҳои дигар: На омадед ва на пайғом фиристодед. Ин гапро танҳо (фақат) як кас медонист. Ҳатто баъд аз ҷаласа баҳс идома дошт. Оё (магар) ин кор барои Шумо вазнин нест?. Меҳмон ҳам (низ) бо мо меравад ва ғайра;
  • б) ҳиссача ва таркибҳои модалии ҳа (ҳо), на (не), оре, бале, биё мон, гӯё ки, шояд ки, равад ки ва ғайра.

Бо нимтире навишта мешаванд: Ҳиссачаҳои -чи, -ку, -а, -да (-дия) пас аз калима: равем-чи, баргардем-чи, рафтед-ку, нагуфтед-ку, напурсидед-ку, наовардед-а, гуфтем-да ва ғайра.

Якҷо навишта мешаванд: Нидоҳо ва калимаҳои модалии зерин: дареғо, Илоҳо, Худоё, ҳайфо, раве, хезе, гурезе ва ғайра.

Ҷудо навишта мешаванд: Нидоҳои таркибии зерин: сад дареғ!, сад афсӯс!, бисёр афсӯс!, сад ҳайф!, ҳазор тавба!, во дареғо!, ҳай дареғ!, э вой! ва ғайра.

Бо нимтире навишта мешаванд: Нидоҳои такрор: бай-бай, баҳ-баҳ, вай-вай, ҳай-ҳай ва ғайра.

Имлои калимаҳои тақлидӣ ва тасвирӣ

[вироиш | вироиши манбаъ]

Бо нимтире навишта мешаванд: тақ-тақи дарвоза, шилдир-шилдири об, чак-чаки борон, тиқ-тиқи соат, милт-милти чароғ, ялт-ялти тило, чир-чири малах, қар-қари зоғ, гулдур-гулдури раъду барқ ва ғайра. Эзоҳ. Ҳангоми бо пасванд навишта шудани ин гуна исмҳо нимтире гузошта намешавад: фирфирак, шаршара, ғарғара ва ғайра. [2]

  • ФАРМОИШИ ВАЗИРИ МАОРИФИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН аз " 14 " октябри соли 2011 № 2653 шаҳри Душанбе, Дар бораи амалишавӣ ва иҷрои қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 4 октябри соли 2011, № 458 «Дар бораи тасдиқи Қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ»[1]