АМИТ «Ховар»

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
(Тағйири масир аз АМИТ «ХОВАР»)
Ҷаҳиш ба: новбари, Ҷустуҷӯи


АМИТ "Ховар" (Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар») - яке аз Оҷонсиҳои Иттилоотии Тоҷикистон мебошад.

Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» (АМИТ "Ховар") - агентии марказии давлатии иттилоотии мамлакат мебошад. Он баъди барҳам хӯрдани Иттиҳоди Шӯравӣ дар минтақа аз ҷумлаи агентиҳои маъруфтарини иттилоотӣ ба шумор меравад.

АМИТ «Ховар» имрӯз агентии ягонаи иттилоотии ҷумҳурӣ мебошад, ки мақоми расмӣ дорад. Кормандони агентӣ хабарҳоро бевосита аз манбаъҳои асосии онҳо ба даст оварда, ба воситаи каналҳои расмӣ фавран пахш мекунанд, ҳамчунин ҳуҷҷатҳои вобаста ба фаъолияти Президент, Парламент ва Ҳукумати Тоҷикистон ва фаъолияти тамоми дастгоҳи давлатӣ тавассути агентӣ пахш карда мешаванд.

Агентӣ пахшкунандаи боэътимоди ахбороти таъҷилӣ ва эътимодбахш дар бораи рӯйдодҳои ҳамаи минтақаҳои Тоҷикистон мебошад. Хабарҳои агентии миллии иттилоотии «Ховар» -ро на танҳо рӯзномаю маҷаллаҳо, телевизион ва радио, балки инчунин хонандагони сайтҳои интернетӣ, сафоратхонаҳои хориҷӣ, соҳибкорону тоҷирон, вазорату идораҳо, созмонҳои ҷамъиятӣ ва одамони алоҳида чи дар Тоҷикистон ва чи дар хориҷи он истифода мебаранд.

Мавзӯъҳои Оҷонсии иттилоотӣ – шарҳу тавзеҳи рафти воқеаҳо дар Тоҷикистон ва ҷаҳон. Таҳлил ва шарҳи масъалаҳои сиёсӣ ва иқтисодӣ, ҳаёти иҷтимои ва фарҳангии мамлакат мебошад. АМИТ «Ховар» бо марказҳои калонтарини иттилоотии минтақа ва ҷаҳон ҳамкории мутақобилаи муфид дорад.

Хабарҳои АМИТ «Ховар» ба забонҳои тоҷикӣ, русӣ, форсӣ, арабӣ, ӯзбекӣ ва англисӣ пахш карда мешаванд. Муассис - Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон. Роҳбар - Садриддини Шамсиддин Нишонии АМИТ «ХОВАР» - ш. Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ, 16

Таърих[вироиш]

АМИТ "Ховар" - Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» агентии марказии давлатии иттилоотии мамлакат мебошад. Он баъди барҳам хӯрдани Иттиҳоди Шӯравӣ дар минтақа аз ҷумлаи агентиҳои маъруфтарини иттилоотӣ ба шумор меравад. Агентӣ дар шаҳри Душанбе соли 1925 ҳамчун Агентии телеграфии Ҷумҳурии Тоҷикистон (ТоҷикТА) дар таркиби ТАСС ба фаъолият шурӯъ намуд. ТоҷикТА 10 апрели соли 1992 баъди мустақилияти давлатии ҷумҳурӣ ба Агентии миллии иттилоотии назди Ҳукумати Тоҷикистон табдил дода шуд.

Пайвандҳои беруна[вироиш]