Абалак
| Абалак | |||
|---|---|---|---|
| | |||
| Таснифи илмӣ | |||
|
Олам: Салтанат: Шоха: Синф: Тартиб: Оила: Зероила: Авлод: Абалак |
|||
| Номи илмӣ | |||
|
Ceratocarpus L.[1], 1753 |
|||
| Ҳаммаъно | |||
|
|||
| |||
Абалак (лот. Ceratocarpus urticulosus) — гиёҳест яксола, мансуби шураиҳо.
Тавсифоти биологӣ
[вироиш | вироиши манбаъ]Пояаш сершоху барг. Баргаш тасмашакли нугтез (аз 3 то 30 см қад мекашад). Баргу пояаш аз серпашмакӣ хокистарранг метобад. Баргаш майда (дарозиаш 0,5 – 7 см; бараш 0,2 – 1 см), дурушт, дарозрӯя ё нештаршакл (баъзан риштамонанд). Гулаш майда, сабзтоб (бештар баҳорон мешукуфад). Мевааш сегӯша, ба меваи ҷағҷағ монанд аст; дуто хори борики тез ё чангакмонанд дорад.
Паҳншавӣ
[вироиш | вироиши манбаъ]Абалак асосан дар регзор, санглох, ҷойҳои сершибоғу шӯразори биёбон, канори роҳ, замини партов (мавзеъҳои воҳаи дарёи Сир, водии Вахш, Помири Ғарбӣ, қаторкӯҳҳои Туркистон ва Зарафшон; 350 – 1800 м баландтар аз сатҳи баҳр) месабзад; абалакзор баъзан замини васеъро фаро мегирад. Абалак алафи бегонаи кишти ғалладона аст.
Хосияти шифоӣ
[вироиш | вироиши манбаъ]Абалак гиёҳи шифоист. Табибони халқӣ ҷӯшоби баргашро барои нигоҳ доштани хуни бинӣ истифода мебаранд. Абалак хӯроки хуби чорвост. Онро баҳору тобистон аспу шутур ва моли майда нағз мехӯрад; гов намехӯрад. Абалак дар давраи мевабандиаш 2 – 9,5% протеин, 6 – 7% сафеда, 2% равған, 37 – 38% клетчатка ва 42 – 45% моддаҳои қиёмшавандаи бенитроген дорад.
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]- ↑ Sp. Pl. 2: 969. 1753 Нусхаи бойгонишуда аз 10 октябри 2018 дар Wayback Machine
- ↑ . — СИ ЭМТ, 1989. — Ҷ. 1. — С. 576.
Адабиёт
[вироиш | вироиши манбаъ]- Комаров Б. М., Определитель растений Северного Таджикистана, Д., 1967;
- Флора Таджикской ССР, т. 3, Л., 1968.
Сарчашма
[вироиш | вироиши манбаъ]- Абалак // А — Асос. — Д. : СИЭМТ, 2011. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир А. Қурбонов ; 2011—2023, ҷ. 1). — ISBN 978-99947-33-45-3.