Шӯҳрат Саъдиев

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Jump to navigation Jump to search
Шӯҳрат Саъдиев
Саъдиев Шӯҳрат Самарович
Шӯҳрат Саъдиев (аз чап) бо ҷонишини ректори ДДХ Абдулфаттоҳ Раҳимов дар моҳи майи соли 2013.
Шӯҳрат Саъдиев (аз чап) бо ҷонишини ректори ДДХ Абдулфаттоҳ Раҳимов дар моҳи майи соли 2013.
Таърихи таваллуд: 8 ноябр 1954(1954-11-08) (66 сол)
Зодгоҳ: Душанбе, ҶШС Тоҷикистон, ИҶШС
Кишвар:  Тоҷикистон
Фазои илмӣ: таърих
Ҷойҳои кор: Донишкадаи давлатии санъати Тоҷикистон (1977—1986)
Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон (1996—2002)
Донишкадаи соҳибкорӣ ва хизмати Тоҷикистон (2002—2009)
Донишгоҳи славянии Русияву Тоҷикистон
Дараҷаи илмӣ: номзади илмҳои таърих
Унвонҳои илмӣ: дотсент
Алма-матер: Донишгоҳи миллии Тоҷикистон
Commons-logo.svg Парвандаҳо дар Викианбор

Шӯҳрат Саъдиев (Саъдиев Шӯҳрат Самарович; 8 ноябри соли 1954; Душанбе; ҶШС Тоҷикистон, ИҶШС) — муаррихи шӯравӣ ва тоҷик, номзади илмҳои таърих, дотсент. Муаллифи чандин китоб ва мақолаҳои илмӣ.

Зиндагинома[вироиш]

Шӯҳрат Саъдиев фориғуттаҳсили Донишгоҳи миллии Тоҷикистон аст. Баъд аз хатми ин донишгоҳ нӯҳ сол, яъне аз соли 1977 то соли 1986 омӯзгори Донишкадаи давлатии санъати Тоҷикистон ба номи М. Турсунзода буд. Соли 1986 ба аспирантураи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон дохил шуд ва соли 1989 онро хатм кард. Рисолаи номзадиро дифоъ намуда, дар Донишкадаи давлатии санъат корашро давом дод. Солҳои 19962002 дар Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ Ибни Сино аввал муаллими калон ва баъдтар дотсенти кафедраи таъриху фарҳанги халқи тоҷик шуда кор мекард. Соли 2002 ба Донишкадаи соҳибкорӣ ва хизмати Тоҷикистон ба кор гузашт ва то соли 2009 мудири шӯъбаи илму навоварии ифои вазифа намуд[1]. Аз соли 2009 дар вазифаи дотсенти кафедраи таърих ва фалсафаи ҳамин донишкада фаъолияташро давом додааст. Аз соли 2013 то соли 2014 мудири Донишкадаи такмили ихтисос дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон буд. Ҳоло Шӯҳрат Саъдиев дотсенти кафедраи «Таърихи умумӣ»-и Донишгоҳи славянии Русияву Тоҷикистон мебошад.[2](рус.)

Дар Википедия[вироиш]

Шӯҳрат Саъдиев аз январи соли 2011 корбари Википедия ва дигар лоиҳаҳои Бунёди Викимедиа мебошад. Зери ники tg:Корбар:Шухрат Саъдиев маълум аст. То моҳи ноябри соли 2017 зиёда аз 40 000 вироиш дар сатҳи Бунёди Викимедиа, аз ҷумла 26 269 вироиш дар Википедияи Тоҷикӣ, 2 380 вироиш дар Википедияи Русӣ, 8 099 вироиш дар Викианбор, 436 вироиш дар Викиахбор анҷом додааст[3]. Аз 2 апрели соли 2016 Шӯҳрат Саъдиев мудири Википедиаи Тоҷикӣ интихоб шудааст[4].

Осор[вироиш]

  • Тоҷикистон: роҳи сулҳ ва ризоият. — Душанбе, 2002. — 40 с.
  • Таджикистан: путь к миру и согласию. — Душанбе, 2002, — 40 с.(рус.)
  • Барномаи таърихи халқи тоҷик (барои ихтисосҳои ғайритаърихи макотиби олии ҷумҳурӣ. Бо қарори мушовараи Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон тавсия шудааст). Мураттибон: Н. Б. Ҳотамов, Ш. С. Саъдиев — Душанбе,2008. — 42 с.
  • Саҳифаҳои муҳимтарин аз таърихи халқи тоҷик. — Душанбе, 2008, 2010
  • Важные страницы из истории таджикского народа. — Душанбе, 2008, 2010 (рус.)
  • Тоҷикистон: саҳифаҳои таърихи кишвари куҳан (солнома, шахсиятҳои таърихӣ, давлатҳо, номгузориҳои таърихӣ-ҷуғрофӣ, ёдгориҳои бостонӣ, харитаҳо). — Душанбе, 2012, — 146 с.
  • Sh S Saʺdiev. Tojikiston : saḣifaḣoi taʺrikhi kishvari kuḣan : solnoma, shakhsii͡atḣoi taʺrikhī, davlatḣo, nomguzoriḣon taʺrikhī-jughrofī, ëdgoriḣoi bostonī, kharitaḣo. – Duschanbe,2014. OCLC=1235414199 [5]
  • Курс лекций по истории таджикского народа. — Душанбе, 2012,- 256 с.(рус.)[6] ва диг.
  • Ш.С. Саъдиев. История таджикского народа: краткий курс лекций для студентов кредитной системы обучения. – Duschanbe, 2012. OCLC=858966782 [7]
  • Подвиги воинов Таджикистана на фронтах Великой Отечественной войны(1941-1945гг.)//Паёмномаи фарханг. Нашрияи илмию тахлили./Вестник культуры. Научно-аналитическое издание/. 2015, № 1(29), С.121-126.(рус.)[8]
  • История таджикского народа. Учебное пособие. - Душанбе, РТСУ, 2017. – 242 с. (рус.)(в соавт. с Рахматовой З.Ю.) ISBN 978-99975-932-1-4
  • Инъикоси фарҳанги Тоҷикистон дар Википедияи Тоҷикӣ.// Осори ПИТФИ Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон. Ҷили 6. = Освещение культуры Таджикистана в Таджикской Википедии/ Труды НИИКИ Министерства культуры Республики Таджикистан. Т.6. – Душанбе: Аржанг, 2019. – С. 444-474.
  • Роль Организации Объединённых Наций в мирном урегулировании внутренних конфликтов в Центральной Азии (На примере Республики Таджикистан). – Душанбе, РТСУ, 2020. – 115 с.

[9]

Адабиёт доир ба Ш. Саъдиев[вироиш]

Ҳамчунин нигаред[вироиш]

Эзоҳ[вироиш]

  1. Барномаи тафреҳии тоҷикӣ. Би-би-сӣ (17 апрели 2009). 14 феврали 2016 санҷида шуд.
  2. Кафедра «Всеобщая история»: Состав кафедры, Саъдиев Шухрат Самарович(рус.)
  3. Данные о глобальной учётной записи участник Шухрат Саъдиев
  4. Википедиа: Дархост ба унвони мудир/Шухрат Саъдиев
  5. Tojikiston : saḣifaḣoi taʺrikhi kishvari kuḣan : solnoma, shakhsii͡atḣoi taʺrikhī, davlatḣo, nomguzoriḣon taʺrikhī-jughrofī, ëdgoriḣoi bostonī, kharitaḣo = Тоҷикистон: саҳифаҳои таърихи кишвари куҳан (солнома, шахсиятҳои таърихӣ, давлатҳо, номгузориҳои таърихӣ-ҷуғрофӣ, ёдгориҳои бостонӣ, харитаҳо). www.worldcat.org. 10 июни 2021 санҷида шуд.
  6. История Тадж народа -курс лекций (САЪДИЕВ Ш.).doc
  7. [https://www.worldcat.org/title/istoriia-tadzhikskogo-naroda-kratkii-kurs-lektsii-dlia-studentov-kreditnoi-sistemy-obucheniia-uchebnoe-posobie/oclc/858966782&referer=brief_results История таджикского народа : краткий курс лекций для студентов кредитной системы обучения : учебное пособие / Istorii︠a︡ tadzhikskogo naroda : kratkiĭ kurs lekt︠s︡iĭ dli︠a︡ studentov kreditnoĭ sistemy obuchenii︠a︡ : uchebnoe posobie](рус.). www.worldcat.org. 10 июни 2021 санҷида шуд.
  8. [ https://www.elibrary.ru/item.asp?id=23242211 Подвиги воинов Таджикистана на фронтах Великой Отечественной войны(1941-1945гг.)]
  9. [http://www.rtsu.tj/ru/scientific-work/publikatsiya-prepodovateley-rtsu-za-rubezhom/monografii.php Монографии Публикаций ППС университета в 2020 году](рус.). www.rtsu.tj/ru/. 10 июни 2021 санҷида шуд.


Пайвандҳо[вироиш]