Абдулкарими Хоразмӣ

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Абдулкарими Хоразмӣ
Зодгоҳ: Шероз
Маҳалли даргузашт: Шероз
Шаҳрвандӣ (табаият):
Навъи фаъолият: хаттот, шоир
Солҳои эҷод: 1478[1]1487[1]
Забони осор: форсӣ
 Парвандаҳо дар Викианбор

Абдулкари́ми Хоразмӣ (соли таваллуд номаълум — вафот тахминан байни 14821487, Шероз) — хаттот, шоир ва донишманди форс-тоҷик, фарзанди Абдурраҳмони Хоразмӣ ва бародари Абдурраҳими Хоразмӣ.

Зиндагинома[вироиш | вироиши манбаъ]

Зодгоҳаш Шероз. Азбаски аҷдодаш аз Хоразм будаанд, тахаллуси «Хоразмӣ»-ро ихтиёр кардааст. Тибқи иттилооте ҳаёти Абдулкарими Хоразмӣ асосан дар Шероз гузаштааст. Аммо бархе бар ин ақидаанд, ки Абдулкарими Хоразмӣ замони ҳукумати Султон Яъқуби Оққуюнлу (ҳукмронӣ 1478—1490) дар Табрез иқомат доштааст. Абдулкарими Хоразмӣ аз овони бачагӣ ба хаттотӣ шуғл варзида, сипас дар ин пеша машҳур гаштааст. Бародари Абдулкарими Хоразмӣ Абдурраҳими Хоразмӣ низ хаттоти соҳибистеъдод будааст. Бино ба маълумоти муаллифи китоби «Гулистони ҳунар» Қозӣ Аҳмад сабку услуби хаттотии бародарон ба ҳам монандӣ доштааст. Ин ду хаттот дар ҳунари хаттотӣ падарашон — Абдурраҳмони Хоразмиро устоди худ шумурдаанд.

Осор[вироиш | вироиши манбаъ]

То замони мо намунаҳои осори хаттотии Абдулкарими Хоразмӣ расидаанд, ки аз маҳорати баланди ӯ дар навиштани хати настаълиқ шаҳодат медиҳанд. Бино ба маълумоти сарчашмаҳои таърихӣ Абдулкарими Хоразмӣ шогирдони зиёдеро тарбият намудааст, ки хаттот ва наққоши номӣ Муҳаммади Баққол яке аз онҳост. Абдулкарими Хоразмӣ ва бародараш табъи шоирӣ низ доштаанд. Намунаҳои китобати. Абдулкарими Хоразмӣ дар китобхонаҳои давлатии Истанбул, Теҳрон, Санкт-Петербург маҳфузанд.

Эзоҳ[вироиш | вироиши манбаъ]

Адабиёт[вироиш | вироиши манбаъ]

  • Кази Ахмед, Трактат о каллиграфах и художниках, М.- Л., 1947;
  • Энсиклопедияи адабиёт ва санъати тоҷик, ҷ. 1, Д., 1988;
  • Ашрафӣ М., Миниатюра: От Бехзода до Ризай-и Аббаси, Д., 2011.