Jump to content

Абдуллоҳ ибни Муборак

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Абдуллоҳ ибни Муборак
араб. ар. عبد الله بن المبارك
сурат
Иттилооти инфиродӣ
Касб, шуғл: муаррих, фақеҳ, муҳаддис, шоир
Таърихи таваллуд: 736[1]
Зодгоҳ:
Таърихи даргузашт: 1 ноябр 797
Маҳалли даргузашт:
Кишвар:
Эътиқод: ислом ва суннӣ
Самти фаъолият: таърих, фиқҳ ва илми ҳадис
Устодон: Абуҳанифа Нуъмон ибни Собит, Abd al-Rahman al-Awza'i[d], Shu'ba Ibn al-Ḥajjāj[d], Hisham ibn Urwah[d], Sulaimān Ibn-Mihrān Al-A’mash[d], Суфёни Саврӣ[d], Молик ибни Анас ва Зафар ибни Ҳузайлӣ
Шогирдон: Яҳё ибни Маъин, Ибни Абишайба ва Абу Довуди Сиҷистонӣ[d]
Вироиши Викидода

Абуабдурраҳмон Абдуллоҳ ибни Мубораки Ҳанзалии Марвазӣ, машҳур ба Ибни Мубарак (ар. ابن المبارك‎, 736[1], Марв1 ноябр 797, Ҳит[d], бахши Ҳит[d]) — донишноманавис, суфии машҳур, муҳаддис, аз фақеҳон ва асҳоби ҳадис.

Зиндагинома

[вироиш | вироиши манбаъ]

Ибни Муборак аз падари турк ва модари хоразмӣ зода шуда, падараш аз маволии бозаргоне аз бану Ҳанзала буд ва дар Ҳамадон иқомат мекард. Ибни Муборак дар 20-солагӣ ба омӯзиши илм оғоз кард; назди Рабеъ ибни Анаси Хуросонӣ рафта, аз ӯ ҳадис шунид. Соли 758 барои касби илм ба Бағдод, сипас ба Макка рафт. Дар ин сафар буд, ки бисёре аз тобеинро дарёфт ва аз онҳо дониш омӯхт. Ибни Муборак дар Марв мавриди эҳтиром будааст, то ҷое ки волии Марв Абдуллоҳ ибни Абилаббоси Тарсусӣ барои истимои ҳадис ба манзилаш мерафтааст. Дар ду работе, ки барои толибони ҳадис ва фиқҳ дар Марв бино карда буд, маҷолиси дарсӣ барпо мекард, хонаи ӯ низ маҳалли ҷамъшавии толибони илм будааст. Ибни Муборак барои омӯзиши улум ба Мадина, шаҳрҳои мухталифи Ироқ, Шом, Миср, Яман ва Хуросон сафар карда, аз шайхони он ҷойҳо ҳадис шунидааст. Дар ин сафарҳо дар баробари касби илм ба тиҷорат низ мепардохтааст. Ибни Муборак аз зумраи нахустин шогирдони Абуҳанифа буда, ӯро фақеҳтарини онон медонист. Аз Молик ибни Анас низ фиқҳ омӯхта ва китоби «Муватта»-и ӯро аз худаш ривоят кардааст. Дигар устоди ӯ дар фиқҳ Суфёни Саврӣ мебошад. Ибни Муборак дар масъалаҳои фиқҳӣ назари иҷтиҳодӣ дошт. Ба қавли Ибни Муборак, ӯ аз 400 шайх ҳадис шунида, аз 1000 тани онҳо ривоят кардааст. Аз Ибни Муборак дар «Саҳеҳ»-ҳои шашгона ва ғайри онҳо ҳадисҳои бисёр ривоят шудааст. Ибни Муборак дар нақди ҳадис низ миёни муҳаддисон аз шуҳрати кофӣ бархӯрдор буд, орои ӯ дар ин замина мавриди таваҷҷуҳи аҳли ҳадис, аз ҷумла Ибни Салоҳ ва Ибни Ҷамоа қарор гирифтааст. Аз Ибни Муборак муҳаддисони машҳур, аз қабили Яҳё ибни Маъин, Аҳмади Бағавӣ, Абудовуди Таёлисӣ, Ибни Абишайба, Муҳаммад ибни Ҳасани Шайбонӣ, Абукариб Муҳаммад ибни Алои Ҳамадонӣ, Нуъайм ибни Ҳаммод ва Яҳё ибни Одам ҳадис ривоят кардаанд. Ибни Муборак дар фиқҳ низ аз шуҳрати хоссае бархӯрдор буд ва ақволу нақлиёти фиқҳии ӯ мавриди таваҷҷуҳ қарор дошт. Пешиниёну мутааххирон ба замми ситоиши мақоми илмии Ибни Муборак бо авсофи зоҳид, порсо, обид ва сахӣ ӯро бо саҳобаи паёмбар (с) муқоиса кардаанд. Ибни Муборакро ба шеъру шоирӣ низ ситуда, баъзе ашъори шомили панду андарзҳои ӯро нақл кардаанд.

«аз-Зуҳду ва-р-рақоиқ» ва «Китобу-л-ҷиҳод» асарҳои чопшудаи Ибни Муборак, «ал-Бирру ва-с-салот» ва «ал-Муснад» аз ҷумлаи осори чопнашудаи ӯянд.

  1. 1.0 1.1 AlKindi (онлайн-каталог Доминиканского института востоковедения)