Абдулназар Абдуласанов
Абдулназар Абдуласанов | |||
---|---|---|---|
Абдуласанов Абдулназар Абдуназарович | |||
Зодгоҳ | Хоруғ, ВАБК, ҶШС Тоҷикистон | ||
Таърихи даргузашт | 13 май 2020 | ||
Маҳали даргузашт | Душанбе, Тоҷикистон | ||
Мансубият | Тоҷикистон | ||
Рутба | генерал-майор | ||
Ҷоизаҳо |
|
Абдулназар Абдуласа́нов (Абдуласанов Абдулназар Абдуназарович тав. 21 октябри 1944, Хоруғ, ВАБК, ҶШС Тоҷикистон — 13 майи 2020, Душанбе, Тоҷикистон) — ходими ҳарбии тоҷик, генерал-майор (1997).
Зиндагинома
[вироиш | вироиши манбаъ]Хатмкардаи курсҳои яксолаи омӯзишгоҳҳои олии умумиқӯшунии фармондеҳии шаҳрҳои Боку (1967) ва Тошканд (1968), Академияи ҳарбии ба номи М. А. Фрунзеи шаҳри Маскав (1986).
Фаъолияти ҳарбӣ
[вироиш | вироиши манбаъ]Солҳои 1967 — 90 дар ҷузъу томҳои гуногуни Округи ҳарбии Туркистон ба сифати командири взвод, рота, баталион, сардори ситод ва коменданти ҳарбии комендатураи ҳарбии гарнизони шаҳри Самарқанд кор кардааст. Афсари калони шуъбаи қӯшуни Кумитаи мудофиаи ҶТ (1992 — 93), коменданти ҳарбии шаҳри Душанбе (1993 — 97), муовини Вазири мудофиа — фармондеҳи Қӯшунҳои хушкигарди Қувваҳои Мусаллаҳи ҶТ (1997—2005). Аз соли 2005 атташеи ҳарбӣ дар назди сафоратхонаи ҶТ дар Ҷумҳурии Халқии Хитой.
Ордену медалҳо
[вироиш | вироиши манбаъ]Бо орденҳои «Барои хидмати Ватан дар Қувваҳои Мусаллаҳи СССР», «Ситораи Сурх» ва медалҳо сарфароз гардидааст.
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]Сарчашма
[вироиш | вироиши манбаъ]- Абдуласанов Абдулназар // А — Асос. — Д. : СИЭМТ, 2011. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир А. Қурбонов ; 2011—2023, ҷ. 1). — ISBN 978-99947-33-45-3.