Jump to content

Абдулмӯъмин Шарифӣ

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
(Тағйири масир аз Абдумӯъмин Шарифӣ)
Абдулмӯъмин Шарифӣ
Таърихи таваллуд: 29 ноябр 1960(1960-11-29) (63 сол) ё 20 май 1961(1961-05-20) (63 сол)
Зодгоҳ:
Шаҳрвандӣ:
Касб: ҳунарпешаи синамо, ҳунарпешаи театр
Ҷоизаҳо:
IMDb: ID 14050729

Абдулмӯъмин Шарифӣ (Шарифӣ Абдумӯъмини Ҳалимзод; зод. 29 ноябр 1960 ё 20 май 1961, Нилу, НТҶ) — ҳунарпешаи театру синамои тоҷик, Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон (2011).

Зиндагинома

[вироиш | вироиши манбаъ]

Абдулмӯъмин Шарифӣ 29 ноябри соли 1960 дар ноҳияи Ҳисор ба дунё омадааст[1][2]. Фориғуттаҳсили Донишкадаи давлатии санъати ба номи М. Турсунзода (1982) аст. Солҳои 1982—1989 ҳунарпешаи Театри мусиқӣ-мазҳакаи шаҳри Қурғонтеппа, 1989—2003 ҳунарпешаи Театри таҷрибавии тамошобини наврас «Аҳорун» (ҳамзамон тариқи қарордоду шартномавӣ дар Театри давлатии академӣ-драмавии ба номи Лоҳутӣ ва Театри давлатии драмаи русии ба номи В. Маяковский) кор кардааст. Аз соли 2008 ҳунарпешаи Театри давлатии ҷавонони ба номи Маҳмудҷон Воҳидов мебошад.

Образҳои офаридааш дар спектаклҳои «Шоҳ Гавазн», «Доми фиреб», «Тартюф», «Марги Яздигурд», «Шайх Санъон», «Шоҳ Лир», «Электра», «Панҷ зани Афандӣ», «Роҳзан ва кӯзагар», «Зани сарватманд», «Рӯзе дарозтар аз қарн», «Рустам ва Суҳроб», «Сарбозони қаторӣ», «Нури маърифат», «Чашмони бародари қиёматӣ», «Бозингарон», «Шабе дур аз Ватан», «Аловиддин ва чароғи сеҳрнок», «Моҷаро», «Иштибоҳ» ҳамагӣ хотирмонанд.

  1. Мазҳаб Ҷумъа. Ҳунарманде, ки бо ифтихор бори театру синаморо мекашад. asiaplustj.info. ASIA-Plus (29 ноябри 2022). 2 Декабри 2022 санҷида шуд.
  2. Хати зиндагӣ — Абдулмуъмин Шарифов. «Телевизиони Сафина» (30 май 2022).
  • Арбобони фарҳанги тоҷик. Донишнома / Муаллиф-мураттиб Ёрмуҳаммади Сучонӣ. — Душанбе, 2016. — 863 с.