Ҷаҳиш ба мӯҳтаво

Деҳоти Хонақоҳи Кӯҳӣ

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Маҳалли аҳолинишин
Деҳоти Хонақоҳи Кӯҳӣ
Парчам
Парчам
Кишвар  Тоҷикистон
Вилоят Ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ|НТҶ
Ноҳия Ноҳияи Ҳисор|Ҳисор
Таърих ва ҷуғрофиё
Минтақаи замонӣ UTC+5:00
Забони расмӣ тоҷикӣ
Пешшумораи телефон +992
Нишон додан/Пинҳон кардани харита

Ҷамоати Хонакоҳи Кӯҳӣ — ҷамоатест дар ноҳияи Ҳисори Тоҷикистон, ки тобеи марказ мебошад.

Ҷамоати деҳоти Хонақоҳи Кӯҳӣ моҳи феврали соли 1926 таъсис ёфта, марказаш деҳаи Чангоб аст, аз маркази ноҳияи Ҳисор дар қисмати шимолу шарқӣ, дар масофаи 12 км ҷой гирифта, 3412 хоҷагӣ ва 26874 нафар аҳолӣ дошта, деҳаҳои Хонақоҳи Кӯҳӣ, Шол, Чангоб, Гулдара (собиқ Ҷиндара), Меҳргон (собиқ Қипчоқ), Лабисой (собиқ Хелисой), Алибегӣ, Арбобӣ, Латтахорак, Шоҳон, Кафшдӯзон, Чашмаи Бозор, Нилӯ, Тахт, Кӯшкак, Искич, Рағоба, Истонӣ, Турушбоғ, Яккатут, Қалъаи Ҷобир, Арҷинак, Варгандок ба он тобеъ буда, дар ҳудудаш 13 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ, 2 таҳсилоти асосӣ, 5 мактаби ибтидоӣ, 1 беморхона, 4 маркази саломатӣ, 5 бунгоҳи тиббӣ, 11 хоҷагии деҳқонии умумӣ, 90 хоҷагии деҳқонии инфиродӣ, 4 китобхона, 1 маркази фарҳангию фароғатӣ, 2 нуқтаи алоқа, шуъбаи милитсияи минтақавӣ, 3 масҷиди ҷомеъ, 16 масҷиди панҷвақта, 67 нуқтаи хурди савдо, 16 осиёб, 9 сехи хурди равғанкашӣ, 1 нуқтаи фурӯши сӯзишворӣ, сехи дӯзандагӣ, анбори нигоҳдории мева ва ошхонаи умумӣ амал мекунанд. [1]

Деҳаҳои ҷамоат

[вироиш | вироиши манбаъ]
Деҳаҳои ҷамоат
Деҳа Аҳолӣ (с. 2022)
Хонақоҳи Кӯҳӣ2134
Шол1371
Чангоб2021
Гулдара686
Меҳргон961
Лабисой645
Алибегӣ891
Арбобӣ1035
Латтахорак1225
Шоҳон2289
Кафшдӯзон3746
Чашмаи Бозор988
Нилу4498
Тахт1103
Кӯшкаки Мазор1761
Искич2841
Рағоба331
Истонӣ882
Турушбоғ1610
Яккатут1136
Қалъаи Ҷобир491
Арҷинаки боло501
Варгандок363
  • Ф.Азиз, С.Одина.Ҳисори Шодмон: аз бостон то ин замон. — Душанбе,2013;
  • Ш.Неъматова,М.Асроров, Маҳфузгарони таърих. — Душанбе,2010;
  • С.Одина. Зилзилаи Ҳисор. — Душанбе, 2009.

Пайнавиштҳо

[вироиш | вироиши манбаъ]
  1. Донишномаи Ҳисор. — Душанбе: «Ирфон», 2015, — с. 559—660