Jump to content

Абдуназар Хисрав

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод

Абдуназар Хисрав - вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати V [1]

Зиндагинома

[вироиш | вироиши манбаъ]

Хисрав Абдуназар 29 июли соли 1958 дар шаҳри Душанбе дар оилаи коргар таваллуд шудааст. Соли 1975 мактаби миёнаи № 25-и шаҳри Душанберо хатм намуда, ба Донишкадаи политехникии Тоҷикистон дохил шуда, онро соли 1986 бо ихтисоси муҳандис-механик ба итмом расонидааст.

  • Аз соли 1979 то соли 1981 дар сафи Қувваҳои мусаллаҳи Иттиҳоди Шӯравӣ адои хидмат намудааст. Аз моҳи июли соли 1981 то моҳи январи соли 1987 дар вазифаҳои челонгари корҳои механикии шуъбаи конструкторӣ, котиби озоди комитети комсомолии заводи «Тоҷиктекстилмаш» — и шаҳри Душанбе фаъолият намудааст.
  • Аз моҳи январи соли 1987 то моҳи октябри соли 1988 дар вазифаи инструктори шуъбаи ташкилии комитети Ҳизби комунистии ноҳияи Роҷи оҳани шаҳри Душанбе, аз моҳи октябри соли 1988 то соли 1991 котиби комитети партиявии озоди Ҳизби комунистии Иттиҳодияи истеҳсолии «Тоҷиктекстилмаш» — и шаҳри Душанбе фаъолият намудааст.
  • Солҳои 1991 — 1995 дар вазифаҳои муовини сардори шуъбаи назорати техникии иттиҳодияи истеҳсолии «Тоҷиктекстилмаш» — и шаҳри Душанбе, сардори сехи шуъбаи назорати техникӣ, сардори истеҳсолоти чуянгудозии иттиҳодияи истеҳсолии «Тоҷиктекстилмаш» кор кардааст.
  • Аз моҳи марти соли 1995 то моҳи августи соли 1995 дар вазифаи Роҳбари дастгоҳи раиси ноҳияи Роҳи оҳани шаҳри Душанбе, сипас аз моҳи августи 1995 то моҳи июни соли 1996 дар мансаби муовини раиси ноҳияи Роҳи оҳани шаҳри Душанбе фаъолият кардааст.
  • Аз моҳи июни соли 1996 то моҳи марти соли 2005 дар вазифаи мушовири Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои сиёсати кадрҳо, аз моҳи марти соли 2005 то моҳи декабри соли 2006 дар мансаби раиси шаҳри Чкаловски вилояти Суғд адои вазифа намудааст.
  • Аз 18 декабри соли 2006 дар мансаби раиси шаҳри Панҷакент фаъолият кардааст. Аъзои Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.

Дар давраи фаъолияти кориаш бо Грамотаи фахрии Президиуми Совети Олии ҶШС Тоҷикистон, медали 20 солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон қадр шудааст. Дорои рутбаи Мушовири давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. Оиладор, соҳиби ду фарзанд мебошад.

1 марти соли 2015 вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб шудааст..[2]

Ҳамчунин нигаред

[вироиш | вироиши манбаъ]