Абдурауф Бенаво
Таърихи таваллуд: | 23 август 1913 ё 1913[1] |
---|---|
Таърихи даргузашт: | 11 январ 1985[2] ё 21 январ 1985[3] |
Шаҳрвандӣ (табаият): | |
Навъи фаъолият: | шоир, рӯзноманигор |
Забони осор: | пашту |
Абдурауф Бенаво (форсӣ: عبدالرووف بېنوا, 23 августи 1913, Қандаҳор —1987) — шоир, публисист, олим, ходими ҷамъиятии Афғонистон.
Зиндагинома
[вироиш | вироиши манбаъ]Маълумоти ибтидоиро дар хонавода ва мактаби маҳаллӣ гирифт. Ба забонҳои пашту ва дарӣ (форсии кобулӣ) менавишт. Шеърҳои нахустинаш соли 1934 дар рӯзномаи «Тулӯи афғон» ва маҷмӯаи «Пашту» ба табъ расидаанд. Ба ғайр аз тахаллуси «Бенаво», ки бо он шуҳрат дошт, боз бо тахаллусҳои «Ятим», «Барён» ва ғайра асар эҷод мекард. Бенаво солҳои 1947—1951 Президенти Академияи илмҳои Афғонистон, аз соли 1949 муҳаррири рӯзномаи «Ҳивод» («Ватан») ва маҷаллаи илмии «Кобул» буд. Ӯ соли 1987 аз олам даргузаштааст. Осори манзум (маҷм. «Афкори парешон», 1957; «Хушҳол ва Псарлай», 1958), ҳикояҳо ба қалами ӯ тааллуқ доранд. Китобҳои «Назарияи адабиёт» (1946), «Нависандагони муосир» (1957) осори илмӣ-адабиётшиносии Бенаво мебошанд.
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]Сарчашма
[вироиш | вироиши манбаъ]- Бенаво // Асос — Боз. — Д. : СИЭМТ, 2013. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 2). — ISBN 978-99947-33-52-4.