Jump to content

Абдусалом Мирализода

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Абдусалом Мирализода
Мирализода Абдусалом Мустафо
Таърихи таваллуд 22 март 1961(1961-03-22) (63 сол)
Зодгоҳ ноҳияи Фархор, вилояти Кӯлоб, ҶШС Тоҷикистон
Кишвар  Тоҷикистон
Фазои илмӣ педагогика
Дараҷаи илмӣ: доктори илмҳои педагогика
Унвонҳои илмӣ профессор

Абдусалом Мирализода (Мирализода Абдусалом Мустафо; тав. 22 марти 1961, деҳаи Баҳористони ноҳияи Фархор, вилояти Кӯлоб, ҶШС Тоҷикистон) — омӯзгор, доктори илмҳои педагогика, профессор (2006), Аълочии маорифи халқи Тоҷикистон (1997), Корманди шоистаи Тоҷикистон (2008).

Зиндагинома

[вироиш | вироиши манбаъ]

Абдусалом Мирализода 22 марти соли 1961 дар деҳаи Баҳористони ноҳияи Фархор ба дунё омадааст.

Фаъолияти корӣ

[вироиш | вироиши манбаъ]

Лаборанти кафедраи физикаи Институти хоҷагии қишлоқи Тоҷикистон (1987—1988); муаллими Техникуми политехникии шаҳри Душанбе (1988); раиси Иттифоқи касабаи муаллимон ва донишҷӯёни Техникуми политехникии шаҳри Душанбе (1988—1992); мудири шуъбаи таҳсилоти ғоибонаи Техникуми политехникӣ (1992—1994); аспиранти ДДТ (1994—1997); мудири шуъбаи таҷрибаомӯзии ДМТ (1995—2004); декани факултети такмили ихтисос ва бозомӯзии кадрҳои ДМТ (2004—2006); мудири кафедраи умумидонишгоҳии педагогикаи Донишгоҳи давлатии миллии Тоҷикистон (2006—2011); сардори раёсати таълими ДМТ (2011); муовини аввал, муовини ректор дар бахши таълими ДМТ (2012—2017); директори Китобхонаи миллии Тоҷикистон (2017—2020)[1], ректори Донишгоҳи давлатии Кӯлоб (2020—2022)[2].

Фаъолияти илмӣ

[вироиш | вироиши манбаъ]

Соли 1997 рисолаи номзадии хешро дар мавзӯи «Асосҳои иҷтимоию педагогии омодасозии хонандагон дар интихоби касб» ва соли 2006 рисолаи докториро дар мавзӯи «Системаи педагогии омодасозии донишҷӯён дар ташкили раҳнамоии касбӣ ва тарбияи кории хонандагон» дифоъ намудааст.

Самтҳои асосии тадқиқоти илмии Абдусалом Мирализода такмили маҳорати касбии муаллимони мактабҳои олӣ, касбинтихобкунии донишҷӯён ва хонандагони мактабҳои таҳсилоти умумӣ, роҳнамоии касбӣ ва тарбияи кории хонандагон мебошад.

Муаллифи 3 монография, 2 китоби дарсӣ (дар ҳаммуаллифӣ), 8 дастури методӣ ва зиёда аз 70 мақолаи илмӣ мебошад[3].

Абдусалом Мирализода аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо унвони фахрии «Корманди шоистаи Тоҷикистон» (соли 2008) ва аз ҷониби Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишони «Аълочии маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон» (соли 1996) сарфароз гардидаст.

  • Паҳлӯҳои иҷтоимоию педагогии интихоби касб. — Душанбе: Сино, 2003. — 173 с.;
  • Системаи роҳнамоии касбӣ ва тарбияи меҳнатии хонандагон. — Душанбе: Ирфон, 2004. — 273 с.;
  • Тарбияи ахлоқии наврасони душвортарбия. — Душанбе: Сино, 2007. — 59 с.;
  • Педагогика ва психология. Душанбе: Ирфон, 2007. — 343 с.;
  • Дар Боғистони Саъдӣ. — Душанбе, 2008. — 35 с;
  • Педагогикаи умумӣ ва касбӣ. — Душанбе: Ирфон, 2012. — 562 с.