Абдуқодир Маниёзов

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Jump to navigation Jump to search
Абдуқодир Маниёзов
Санаи таваллуд:

1930(1930)

Санаи марг:

2 май 2008(2008-05-02)

Фазои илмӣ:

олим

Абдуқодир Маниёзов - олим, номзади илми филология (1960). Арбоби шоистаи илм ва техникаи Тоҷикистон (1994). Узви вобастаи АИ ҶШС Тоҷикистон (1981). Узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон (1964).[1]

Зиндагинома[вироиш]

Абдуқодир Маниёзов Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон ба номи В.И.Ленинро хатм кардааст (1953), ихтисос – «филология». Самтҳои асосии фаъолияти илмӣ: адабиёти классикӣ ва муосири тоҷик, нақди адабӣ, забоншиносӣ. Муовини директори Институти забон ва адабиёти ба номи Рӯдакии АИ ҶШС Тоҷикистон (1962-1969), муовини муҳаррири Энсиклопедияи советии тоҷик (1969-1972), директор (1972-2000), директори фахрии Институти забон ва адабиёти ба номи Рӯдакии Академияи илмҳои ҶТ (2000-2008). Раиси Кумитаи иҷроияи анҷумани «Пайванд», муовини аввали раиси Анҷумани тоҷикон ва форсизабонони ҷаҳон (2000-2008). Узви пайвастаи Фарҳангистони забон ва адаби форсии Ҷумҳурии Исломии Эрон (1996). Ӯ 2 майи соли 2008 дар синнӣ 78 солагӣ ҳастиро падруд гуфт.

Осор[вироиш]

Абдулқодир Маниёзов нафақат адабиётшинос, инчунин олими забоншинос буд. Ӯ дар тадвину таҳияи китобҳои зерномнависшуда саҳми хешро гузоштааст:

  • Публитсистика ва назми Садриддин Айнӣ. (1958),
  • Шеърҳои инқилобии Айнӣ. (1957),
  • Нахустин шеъри Айнӣ. (1960),
  • Даҳаи адабиёти рус. (1960),
  • Ташаккули шеъри Айнӣ. (1963),
  • Нашъу намои адабӣ ва санъати тоҷик. (1964),
  • Адабиётшиносии тоҷик. (1974),
  • Таҳавуллоти шакли бадеӣ дар эҷодиёти Лоҳутӣ. (1974),
  • Назаре ба пайвандҳои адабии халқи тоҷик ва афғон. (1975),
  • Таърихи адабиёти советии тоҷик. (1980),
  • Ҷашнномаи Айнӣ. (1983),
  • Луғати русӣ-тоҷикӣ. (1985),
  • Луғати имло. (1993),
  • Ҳаким Носири Хусрав. (2003),
  • Тарҷумаи китоби "Тоҷикон", асари Бобоҷон Ғафуров,
  • «Грамматикаи забони адабии тоҷик»,
  • «Энсиклопедияи советии тоҷик»

Мукофот[вироиш]

  • Бо ордени «Шараф»,
  • медали «Барои меҳнати шоён. Ба муносибати 100-солагии рӯзи таваллуди В.И.Ленин»,
  • «Ветерани меҳнат»,
  • Ифтихорномаҳои Шӯрои Олии ҶШС Тоҷикистон тақдир шудааст.
  • Арбоби шоистаи илм ва техникаи Тоҷикистон (1994).

Манобеъ[вироиш]

  1. Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон.Ҳайати шахсӣ. – Душанбе: Дониш, 2011. - 216 с.

Пайвандҳои буруна[вироиш]