Абдуҳалим Ғаффорзода
Абдуҳалим Ғаффорзода | |
Таърихи таваллуд | 24 декабр и соли 1951 |
Зодгоҳ | деҳаи Кулолӣ, ноҳияи Панҷакенти вилояти Суғд |
Кишвар | |
Пеша | сиёсатмадор |
Абдуҳалим Ғаффорзода (Ғаффоров) (24 декабр и соли 1951) — омӯзгор, ходими сиёсӣ, Раиси Ҳизби сотсиалистии Тоҷикистон Ҷумҳурии Тоҷикистон (2004), номзади интихоботҳои президентии Тоҷикистон 2006, 2013 ва 2020.
Зиндагинома
[вироиш | вироиши манбаъ]Дар дар деҳаи Кулолӣ, ноҳияи Панҷакенти вилояти Суғд ба дунё омадааст. Факултети таъриху филологияи Донишгоҳи давлатии омӯзгории ба номи Т. Г Шевченко (ҳозир С. Айнӣ) соли 1972 хатм кардааст. Фаъолияти кории худро аз вазифаи лаборанти калони шуъбаи фалсафаи АИ Тоҷикистон оғоз намудааст. Солҳои 1975—1982 дар Донишкадаи давлатии санъати Тоҷикистон ба ҳайси мудири кабинет, ассистенти кафедра фаъолият намудааст. Солҳои 1982—1986 дар Ҷумҳурии Демократии Афғонистон ба ҳайси тарҷумон фаъолият намудааст. Солҳои 1986—2002 дар кафедраи педогогика ва психологияи Донишкадаи давлатии санъати Тоҷикистон ба номи М. Турсунзода дар вазифаҳои омӯзгори калон, дотсент фаъолият кардааст. Солҳои 2002—2004 муовини аввали ректори Донишкадаи такмили ихтисоси кормандони маориф, Солҳои 2004—2006 — мутахассиси пешбари шуъбаи забони Вазорати Маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон. Аз декабри соли 2006 — Директори Донишкадаи такмили ихтисоси омӯзгорони муассисаҳои олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон, назди Донишгоҳи миллии Тоҷикистон мебошад.
Фаъолияти сиёсӣ
[вироиш | вироиши манбаъ]Аз соли 1998 аъзо ва Раиси ташкилоти Душанбегии Ҳизби сотсиалистии Тоҷикистон. Соли 2004 — Раиси Ҳизби сотсиалистии Тоҷикистон интихоб шудааст. Соли 2006 дар интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳамчун номзад ба вазифаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон сабт шудааст ва дар интихобот иштирок намудааст. Аммо дар он интихобот, чун дар интихоботи қаблӣ, Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳурии феълӣ, ки беш аз 20 сол боз раҳбарии давлати Тоҷикистонро бар уҳда дорад бо касби бахши умдаи орои интихобкунандагон пирӯзӣ ба даст овард. Дар анҷумани ҳаштуми ҳизби сусиёлисти Тоҷикистон, ки 18 сентябри соли 2013 дар Қасри иттифоқи касаби Тоҷикистон доир шуд, 78 аъзои ин ҳизб ба иттифоқи Абдуҳалим Ғаффоровро ба унвони номзад барои ширкат дар интихоботи президентӣ интихоб карданд. [1]
Бохти интихобот
[вироиш | вироиши манбаъ]Вале, дар Интихоботи президентии Тоҷикистон, 2013 ӯ танҳо ба 1,5 фоизи овозҳои интихобкунандагон соҳиб гардид, ки нисбати имзоҳои барои номзад ба президент шудан ҷамъ намудааш, 4 маротиба камтар аст ва ҳамаги 54 148 ташкил медиҳад.[2]. Ин бори дуюм аст, ки Раиси Ҳизби сотсиалистии Тоҷикистон дар интихоботи президентӣ маглуб шудааст. Бори аввал чунин нокоми дар Интихоботи президентии Тоҷикистон, 2006 рӯй дода буд.
Дастовардҳо
[вироиш | вироиши манбаъ]Соли 1997 рисолаи номзадиро дифоъ намудааст. Асарҳо: Асосҳои педагогика. — Душанбе, 1994,(бо ҳаммуаллифон); Зан аз нигоҳи сиёсати гендерӣ. — Душанбе, 2006;
Ҷоизаҳо
[вироиш | вироиши манбаъ]Бо медалҳои «Барои шуҷоат», «5, 10,15 — солагии Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон», «130 — солагии Сталин», « 20- лет вывода советских войск из Афганистана», «65- солагии Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ» ва «20 — солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» сарфароз гардидааст.
Сарчашма
[вироиш | вироиши манбаъ]Энсиклопедияи олимони Донишгоҳи миллии Тоҷикистон. — Душанбе, 2008,- с. 85
Пайвандҳо
[вироиш | вироиши манбаъ]- ↑ ВВС tj 18.09.2013
- ↑ 7 ноябр/АМИТ «Ховар». 21 октябри 2014 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 10 ноябри 2013.