Ҳизби сотсиалистии Тоҷикистон
Ҳизби Сотсиалистии Тоҷикистон | |
---|---|
Пешво: | Абдуҳалим Ғаффоров |
Асосгузор: | Сафаралӣ Кенҷаев |
Санаи асосгузорӣ: | 15 июн 1996 |
Қароргоҳ: | |
Маром: | socialism[d] ва democratic socialism[d] |
Ҳизби сотсиалистии Тоҷикистон (ҲСТ) — ҳизби сиёсии расмӣ дар Тоҷикистон мебошад. Раиси ҳизб — Абдуҳалим Ғаффоров (аз соли 2004).
Таърих
[вироиш | вироиши манбаъ]Ҳизб 15 июни соли 1996 таъсис дода шудааст, ва 6 августи ҳамон сол сабти ном гардид.[1] Ҳизби сусиёлисти Тоҷикистон дар нахустин анҷумани он дар шаҳри Хуҷанд, маркази вилояти Суғд, таъсис ёфт ва нахустин раҳбари он зан буд. Аммо дар соли 1997 раҳбарии ҳизбро Сафаралӣ Кенҷаев, ҳуқуқдони саршинос, раиси пешини Шӯрои Олӣ ё порлумони Тоҷикистон ва яке аз раҳбарони фақиди Ҷабҳаи миллии ин кишвар ба уҳда гирифт. Сафаралӣ Кенҷаев дар моҳи марти соли 1999, ҳашт моҳ пеш аз интихоботи дуввуми раёсати ҷумҳурии Тоҷикистон, ки интизор мерафт дар он ширкат кунад, дар яке аз маҳаллоти шаҳри Душанбе аз сӯйи афроди номаълум ба қатл расид. Пас аз марги Кенҷаев, дар соли 2000, Мирҳусейн Назриев, корманди Пажӯҳишгоҳи физики нуҷумии Фарҳангистони улуми Тоҷикистон раҳбари ин ҳизб интихоб шуд. Вале дар соли 2004 дар миёни аъзо ва тарафдорони ин ҳизб шикофе ба миён омад. Дар моҳи июли ҳамон сол Абдуҳалим Ғаффоров ва Қурбон Восиев бо баргузории як ҷаласаи ҳизбӣ Мирҳусейн Назриевро аз симати раҳбарии ҳизби сусиёлист дар ғиёбаш барканор карданд.[2]
Анҷумани VII
[вироиш | вироиши манбаъ]Дар анҷумани VII Ҳизби сотсиалистии Тоҷикистон (ҲСТ) аз 81 нафар вакил 76 нафар аз шаҳру ноҳияҳои мухталифи кишвар иштирок намудаанд[3].
Вакилони анҷуман 8 нафар номзадро ба ҳавзаи ягонаи ҷумҳуриявӣ пешбарӣ карданд. Рӯйхати номзадҳои пешбаришуда ба ҳавзаи ягонаи ҷумҳуриявӣ аз ҲСТ:
- Ғаффоров Абдуҳалим
- Солиева Дилбар
- Наимов Зариф
- Юсупов Маъруфҷон
- Сафарзода Холмурод
- Муҳаммадҷонова Мамнуна
- Кенҷаев Холмаҳмад
- Абдусаломов Абдуғаффор
Дар натиҷаи раъйпурсӣ вакилони анҷуман Абдуҳалим Ғаффоров, раҳбари сусиёлистҳо барои ширкат дар интихоботи раёсати ҷумҳурӣ дар соли 2006 номзад интихоб намуданд. Аммо дар он интихобот, чун дар интихоботи қаблӣ, Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳурии феълӣ, ки беш аз 20 сол боз раҳбарии давлати Тоҷикистонро бар уҳда дорад бо касби бахши умдаи орои интихобкунандагон пирӯзӣ ба даст овард. Интихоботи қаблии раёсати ҷумҳурии Тоҷикистон 6 ноябри соли 2006 баргузор шуда буд.
Анҷумани VIII
[вироиш | вироиши манбаъ]Дар анҷумани ҳаштум ва ғайримунтазираи ҳизби сусиёлисти Тоҷикистон, ки рӯзи чаҳоршанбеи 18 сентябри соли 2013 дар Қасри иттифоқи касаби Тоҷикистон доир шуд, 78 аъзои ин ҳизб ба иттифоқи Абдуҳалим Ғаффоровро ба унвони номзад барои ширкат дар интихоботи президентӣ интихоб карданд. Бархе аз ширкаткунандагони ин ҳамоиш аз оқои Ғаффоров даъват карданд, ки бо падидаҳои номатлубе назири фасодӣ молӣ, ки "ба рушди назаррас дар Тоҷикистон мавонеъ эҷод мекунанд", мубориза кунад.[2]
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]- ↑ http://www.osce.org/item/24067.html
- ↑ 2.0 2.1 http://www.bbc.co.uk/tajik/news/2013/09/130918_zkh_elex_social_party_candidate.shtml
- ↑ http://tojnews.tj/taj/index.php?option=com_content&task=view&id=2817&Itemid=28(пайванди дастнорас) Натиҷаҳои Анҷумани пешазинтихоботии ҲСТ 25-уми декабр. TojNews