Абдуҳалим Ҳамроқулов
Абдуҳалим Ҳамроқулов | |
Таърихи таваллуд | 11 сентябр 1949 |
Зодгоҳ | Панҷакент, ҶШС Тоҷикистон, ИҶШС |
Таърихи даргузашт | 2008 |
Маҳалли даргузашт | Душанбе, Тоҷикистон |
Кишвар | Тоҷикистон |
Фазои илмӣ | педагогика |
Ҷойҳои кор | Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ |
Унвонҳои илмӣ | дотсент |
Алма-матер | Донишкадаи давлатии омӯзгории ш. Душанбе ба номи Т. Г. Шевченко |
Абдуҳалим Ҳамроқулов (11 сентябри 1949, Панҷакент — 2008) — номзади илмҳои педагогӣ (1992), дотсент (1996).
Зиндагинома
[вироиш | вироиши манбаъ]Соли 1970 факултети физика-математикаи Донишкадаи давлатии омӯзгории ш. Душанбе ба номи Т. Г. Шевченкоро хатм кардааст. Солҳои 1970—1971 муаллими математикаи мактаби миёнаи № 1 ноҳияи Куйбышев буд. Солҳои 1971—1972 дар сафҳои Артиши Шӯравӣ хидмат намудааст. Солҳои 1972—1976 ҳамчун муаллими математикаи мактаби миёнаи № 29 ш. Панҷакент, 1976—1988 муаллими кафедраи методикаи таълими математика, 1988—1996 муаллими калон ва дотсенти кафедраи методикаи таълими математикаи Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ кор кардааст. Ҳамзамон солҳои 1993—1996 вазифаи муовини декани факултети математика оид ба таълимро ба уҳда дошт. Соли 1996 ба Россия (Хакасия) кӯч бастааст ва то охири умр дар Донишгоҳи ш. Абакан ба сифати дотсент фаъолият намудааст. Муаллифи зиёда аз 20 дастурҳои таълимӣ ва мақолаҳои илмӣ аст. Дар корҳои илмии худ масъалаҳои ташкил намудани фаъолияти эҷодии хонандагон аз математика ва ҳалли масъалаҳои геометриро баррасӣ кардааст.
Осор
[вироиш | вироиши манбаъ]- Инкишофи фаъолияти эҷодии хонандагон ҳангоми ҳалли масъалаҳо // Мактаби советӣ, 1994, № 1-2;
- Структураи планҳои таълимӣ барои донишҷӯёни тахассуси математикаи донишгоҳҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон // Маводи конференсияи илмию амалии «Тайёрии касбии омӯзгорони математикаи мактабҳои миёна», Д., 1994.
Пайвандҳо
[вироиш | вироиши манбаъ]
Ин мақолаи хурд дар бораи донишманд аст. Бо густариши он ба Википедия кӯмак кунед. |
- Зодагони 11 сентябр
- Зодагони соли 1949
- Шахсиятҳо аз рӯи алифбо
- Зодагони шаҳри Панҷакент
- Даргузаштагони соли 2008
- Даргузаштагони шаҳри Душанбе
- Олимон аз рӯи алифбо
- Мақолаҳои хурд дар бораи донишмандон
- Маорифшиносони Тоҷикистон
- Омӯзгорон аз рӯи алифбо
- Омӯзгорони Тоҷикистон
- Олимони Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ
- Дорандагони нишони Аълочии маорифи Тоҷикистон