Ахтал

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Абумолик ибни Ғавс ибни Салт
ар. الأخطل التغلبي
Тахаллусҳо: Ахтал
Таърихи таваллуд: 640[1][2][3]
Зодгоҳ:
Таърихи даргузашт: 710[2][3]
Маҳалли даргузашт:
Шаҳрвандӣ (табаият):
Навъи фаъолият: шоир
Жанр: панегирик[d], танз[d] ва khamriyyah[d]
Забони осор: арабӣ[1]

Ахтал (Абумолик ибни Ғавс ибни Салт; ар. الأخطل التغلبي‎, 640, Ҳира — 710) — шоири араб, аз қабилаи Тағлиби гурӯҳи қабилаҳои Рабиъа мебошад[4].

Зиндагинома[вироиш | вироиши манбаъ]

Абумолик ибни Ғавс ибни Салт соли 649 таваллуд ёфтааст. Ахтал диёнати насронӣ дошта аз ҷавонӣ чун шоири ҳаҷвгӯ маъруф буд. Пас аз дарёфти робита бо дарбори сулолаи Умавиён шуҳрати бештар пайдо кард, зеро таҳти ҳимояти халифаҳои умавӣ қарор гирифта, душманони онҳоро ҳаҷву интиқод мекард. Аз ин рӯ, лақаби «шоири Умавиён»-ро касб кард.

Ахтал шоири бадавӣ буд ва дар ашъори худ, ки аҳдофи сиёсӣ дошт, манфиатҳои қабилаи худро низ дифоъ менамуд. Вале, асосан, Умавиёнро ҷонибдорӣ карда, онҳоро таърифу тавсиф менамуд ва мухолифонашонро зери тозиёнаи истеҳзову танқид мегирифт.

Эҷодиёт[вироиш | вироиши манбаъ]

Дар эҷодиёти ӯ навъҳои гуногуни адабӣ мадҳ, ҳаҷв, фахр, васф, марсия, тааззул ва хамриёт ба чашм мерасанд. Хамриёти Ахтал хеле устодона навишта шудаанд. Дар ин гуна шеърҳо ӯ аз киштукори токистони ангур сар карда, сипас тарзи тавлиди май ва нигаҳдории онро дар хумҳо тавсиф менамояд. Пас рангу бӯйи май, тарзи нӯшидан ва таъсири онро моҳирона тасвир мекунад. Хамриёти дар асрҳои баъдӣ навиштаи шоири арабизабони эронӣ Абунувос ва устод Рӯдакӣ маҳз ҳамин гуна шеърҳои Ахталро ба ёд меоваранд.

Осор[вироиш | вироиши манбаъ]

Аз Ахтал маҷмӯаи бузурги ашъор то ба имрӯз боқӣ мондааст, ки якчанд маротиба дар кишварҳои арабӣ ба чоп расидааст. Муҳаққиқони араб дар бораи ҳаёт ва эҷодиёти ӯ асарҳои таҳқиқотӣ навиштаанд ва аз онҳо бармеояд, ки вай дар адабиёти қадимии араб мақоми сазовореро ишғол менамояд.

Эзоҳ[вироиш | вироиши манбаъ]

  1. 1.0 1.1 Bibliothèque nationale de France идентификатор BNF (фр.): платформаи додаҳои боз — 2011.
  2. 2.0 2.1 https://data.cerl.org/thesaurus/cnp00543975 (ингл.)Consortium of European Research Libraries.
  3. 3.0 3.1 Gran Enciclopèdia Catalana (кат.)Grup Enciclopèdia, 1968.
  4. AYYILDIZ, E. (2017). El-Ahtal'ın Emevilere Methiyeleri. Ankara Üniversitesi Dil ve Tarih-Coğrafya Fakültesi Dergisi, 57(2). http://dtcfdergisi.ankara.edu.tr/index.php/dtcf/article/view/2060/3643 Бойгонӣ шудааст 24 июли 2020  сол.

Адабиёт[вироиш | вироиши манбаъ]

  • Ахталь — Краткая литературная энциклопедия
  • Крачковский И. Ю. Вино в поэзии ал-Ахталя. — Москва, 1956.

Сарчашма[вироиш | вироиши манбаъ]