Ҷаҳиш ба мӯҳтаво

Абуюсуф

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Яъқуб ибни Иброҳим
ар. یَعْقُوبُ بْنُ إِبْرَاهِیم
сурат
Додраси олии Хилофат
 767  798
Пешгузашта: таъсиси мансаб
Ҷонишин: Юсуф ибни Яъқуб

Иттилооти инфиродӣ
Ном ба ҳангоми таваллуд: Яъқуб ибни Иброҳим ибни Ҳабиби Ансорӣ ибни Асъади Куфӣ
Лақаб: Абуюсуф
Касб, шуғл: қозӣ, муҷтаҳид
Таърихи таваллуд: 731[1]
Зодгоҳ:
Таърихи даргузашт: 798[2]
Маҳалли даргузашт:
Кишвар:
Эътиқод: ислом ва суннӣ
Самти фаъолият: фиқҳ
Устодон: Абуҳанифа Нуъмон ибни Собит ва Shu'ba Ibn al-Ḥajjāj[d]
Шогирдон: Муҳаммади Шайбонӣ[d][3], Аҳмад ибни Ҳанбал[4], Ahmad bin Abi Taybah al-Darimi[d] ва Hasan bin Ziyad[d]
Осор:
Вироиши Викидода

Абуюсу́ф Яъқу́би Ансорӣ ибни Иброҳим ибни Ҳабиб ибни Асъади Куфӣ, бештар маъруф ба Абуюсу́ф Ансорӣ (ар. أبو يوسف الأنصاري; 731, Куфа798, Бағдод) — фақеҳ ва донишманди бузурги ислом. Шогирди содиқи Абуҳанифа. Аз хурдӣ дар назди Абуҳанифа дарс омӯхтааст. Ӯ дар давраи хилофати Ҳорунаррашид қозии Бағдод буд ва 18 сол ин вазифаи пурмасъулро адо кардааст. Вай аввалин фақеҳест, ки соҳиби унвони «Қози-юл-қузот» (Додраси олии Хилофат) гардидааст.

Абуюсуф мусаннифи осори фаровонест, ки китобҳои зерин аз намунаи онҳоянд:

  • «Китобу-с-салот»
  • «Китобу-з-закот»
  • «Китобу-с-сиём»
  • «Китобу-л-фароиз»
  • «Китобу-л-ваколат»
  • «Китобу-л-васоё»
  • «Китобу-с-сайд ва-з-забоеҳ»
  • «Китобу-л-ҷавомеъ»

Баъзе муҳаққиқон китобҳои ӯро аз 36 то 40 ҷилд номбар кардаанд.