Jump to content

Ҳавонавардӣ

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
(Тағйири масир аз Авиатсия)
Ту-16К

Ҳавонавардӣ (форсӣ: هوانوردی‎), авиа́тсия (фр. aviation, аз лот. avis — паранда) — назария ва амалияи парвоз дар атмосфера, номи умумии намудҳои фаъолияти ба он вобаста.

Намудҳои ҳавонавардӣ

[вироиш | вироиши манбаъ]

Аз рӯи вазифа ду намуди ҳавонавардӣ: ҳавонавардии ғайринизомӣ ва ҳавонавардии низомӣ мавҷуд аст.

Таърихи ҳавонавардӣ

[вироиш | вироиши манбаъ]

Инсоният аз қадим орзуи парвоз мекард, ки он дар афсонаву ривоятҳои қадимаи халқҳои ҷаҳон инъикос ёфтааст (дар Юнони Қадим — Дедал ва Икар; дар Ҳиндустони Қадим — Пушпака Вимана дар Рамаяна; дар Шарқ — гилеми парон ва ғайра). Ҳанӯз тақрибан соли 400 то м. файласуф, математик, астроном ва арбоби давлатӣ Архити Тарентӣ аввалин аппарати паришро сохт, ки ба парандае монанд буд. Он «Кабӯтар» (Peristera) номида шуд ва то 200 м парвоз мекард. «Чароғи парон» (чароғ бо болопӯши коғазӣ) ё кураи ҳавоии бо ҳавои гарм пуркардашуда ҳанӯз дар садаи III то м. дар Хитойи Қадим истифода мешуд. Соли 559 дар шоҳигарии Вэйи Шимолӣ (Хитой) аввалин одам дар бодпарак парвоз кард. Соли 852 дар хилофати Кордова (Испанияи Ҷанубӣ), дар замони ҳукмронӣ амир Абдурраҳмони II (аз Умавиҳо) олим ва ихтироъкори араб Аббос ибни Фирнас (Армен Фирман) матоъҳоро ба чорчӯба кашида, асбобе чун чатр сохт ва аз манораи Масҷиди Бузург ба поён парид. Ин сохти аввалин парашют маҳсуб мешавад. Пас аз 25 сол ибни Фарнаси 65-сола ин ихтирои худро такмил дода, аввалин далтеплани идорашавандаро сохт, ки бо он даҳ дақ. парвоз кард. Ин парвози ибни Фарнас рӯҳонии англис Эймлери Малмсбериро илҳом бахшид ва ӯ соли 1010 асбоби париши ба далтеплан шабеҳро сохт, ки то 200 м парвоз мекард. Пас аз панҷсад соли ин ҳодиса рассом, ҳайкалтарош, меъмор ва олими италиявии замони Эҳё — Леонардо да Винчи аввал нақшаи далтеплан ва соли 1496 худи онро сохт. Дар садаи XVII (1630 — 32) олими турк Ҳазарфан Аҳмад Челебӣ дар асбоби худсохти қанотдор аз манораи Галатаи Истанбул (55 м) парвоз намуда, гулӯгоҳи Босфорро (3 км) убур кард. Соли 1633 бародари Ҳазарфан — Лоғарӣ Ҳасан Челебӣ дар ракетаи худсохти худ ба осмон парвоз кард, ки он ба намуди қафасаи махрутӣ сохта шуда, дар натиҷаи сӯзондани борут ҳаракат мекард. Парвоз 20 с давом карда, то баландии 300 м расид. Ин аввалин парвози идорашавандаи ракета ва аппарати муҳар­рики сунъидошта буд. Пас аз сӯхтани борут Лоғарӣ бо қанотҳои пешакӣ ба танаи худ маҳкамкарда саломат ба замин фаромад. Соли 1670 Франческо де Лана-Тертси кори илмии худро чоп кард, ки дар он технологияи парвоз дар асбоби курашакли аз ҳаво сабук баррасӣ мешавад. Аввалин парвози маълуми одам соли 1783 дар Париж амалӣ шуд. Жан-Франсуа Пилатр де Розӣе ва маркиз де Арландес дар кураи ҳавоии бародарон Монголфйе, ки бо ҳавои гарм пур карда шуда буду идора карда намешуд, ба масофаи 8 км париданд. Аввалин парвози идорашавандаро дар аппарати париши муҳаррикаш буғӣ (дирижабл) соли 1852 франсуз Жиффар ба масофаи 24 км иҷро кард. Соли 1884 Шарл Ренар ва Артур Кребс парвози аввалинро дар дирижабли муҳаррикаш электрикӣ анҷом доданд. Дарозии дирижабл 52 м, ҳаҷмаш 1900 м3 буда, дар 23 дақиқа масофаи 8 км тай карда шуд. Соли 1884 ихтироъкори рус А. Ф. Можайский моноплани дорои ду муҳаррики буғӣ сохт ва онро санҷид. Аммо ҳангоми санҷиш аппарат ба садама дучор шуд. Кӯшишу ҷустуҷӯҳо нишон доданд, ки муҳаррикҳои буғӣ талаботи ҳавонавардӣро қонеъ гардонда наметавонанд. 17 декабри 1903 бародарон Орвилл ва Уилбер Райт дар самолёти сохтаи худ муҳаррики дарунсӯзро истифода бурда, аввалин парвози тӯлонии идорашавандаи апаррати париши аз ҳаво вазнинро иҷро карданд. Ин парвоз бо муваффақият анҷом ёфт. 25 июли 1909 конструкторлётчики фаронсавӣ Л. Блерио бо сомолёти хеш аз гулӯгоҳи Ла-Манш парвоз карда гузашт.

ҳавонавардӣ дар Русия

[вироиш | вироиши манбаъ]

Дар Россия солҳои 1909 — 14 Я. М. Геккел, Д. П. Григорович, В. А. Слесарёв, И. И. Стеглау намудҳои гуногуни самолётҳоро сохтанд. Б. Н. Юрев солҳои 1910 лоиҳаи нахустин вертолётро дар Россия тартиб дод. Соли 1913 самолёти вазнини сохти И. И. Сикорский «Руский витяз» нахустин маротиба парвоз кард. Барои равнақу ривоҷи А. дар Россия лётчикҳо М. Н. Ефимов, Н. Е. Попов, Г. В. Алехнович, А. В. Шиуков, Б. И. Россинский, С. И. Уточкин ва дигар саҳми калон гузоштанд. 9 сентябри 1913 лётчики рус П. Н. Нестеров дар самолёти «Ниюпор-4» «ҳалқаи ҳавоӣ»-ро ба ҷо овард, ки «ҳалқаи ҳавоии Нестеров» ном гирифт. Дар пешрафти илми аэродинамика олими бузург, «падари ҳавонавардии рус» профессор Н. Е. Жуковский ва шогирди ӯ академик С. А. Чаплигин саҳми бузург гузоштанд. Соли 1904 дар Кучино (назди Москва) бо ташаббус ва роҳбарии Жуковский Институти аэродинамика таъсис ёфт. Асарҳои Жуковский доир ба назарияи парвози самолёт, устуворӣ, идорашавӣ ва дигар проблемаҳои ҳавонавардӣ дар ҳамин ҷо таълиф шудаанд. Осори Жуковский ва дигар олимони русу хориҷӣ асоси илмии самолётсозиро ба вуҷуд оварданд. Ҷанги якуми ҷаҳонӣ (1914 — 18) ба инкишофи ҳавонавардӣ такони амиқ бахшид. Дар давраи ҷанг сифатҳои парвозии самолётҳо хубтар гардид: суръати парвози самолётҳои қиркунанда аз 90 — 120 то 200—220 км/ соат, баландии парвоз аз 2 то 7 км, борбардории самолёт то 1500 кг расонда шуд. Мавқеи ҳавонавардӣ дар ин давра чун навъи мустақили қӯшун муайян гардид. Аввалин давлате, ки самолётро бо мақсадҳои ҳарбӣ истифода кард, Булғория буд. Паз аз ҷанг истеҳсолоти самолётҳо зиёд гашта, дар сохтани онҳо дастовардҳои навини техника истифода шуданд. Солҳои баъдӣ (1918-39) дар таърихи самолётсозӣ чун «асри тилоӣ» ном бурда мешавад. Соли 1918 Институти аэрогидродинамикии марказӣ таъсис ёфт, ки дертар бузургтарин маркази илмии авиатсионӣ гардид. Соли 1919 техникуми авиатсионии Москва ташкил шуд, ки баъдтар (1922) ба Академияи ҳарбии ҳавопаймоии инженерии ба номи Н. Е. Жуковский табдил ёфт. Соли 1930 Институти авиатсионии Москва таъсис дода шуд. Солҳои бистуми садаи XX бюроҳои лоиҳасозӣ бо сардории А. Н. Туполев, Н. Н. Поликарпов ва Д. П. Григорович ташкил ёфтанд. Бо самолётҳое, ки онҳо сохтаанд, лётчикҳои советӣ чандин парвозҳои дурмасофа, ба монанди Москва — Токио — Москва (1927), Москва — Нию-Ёрк (1929) ва ғайраро ба ҷо оварданд. Соли 1929 Ҷимми Дулитл аввалин асбобҳои ҳавопаймоиро сохт. Соли 1930 дар Германия ва Англия коркарди муҳаррики реактивӣ оғоз ёфт. Тараққиёти минбаъдаи ҳавонавардӣ дар арафа ва солҳои Ҷанги дуюми ҷаҳонӣ ба пайдоиши муҳаррикҳои авиатсионии ихтирои В. Я. Климов, А. Д. Шветсов, А. А. Микулин ва дигарон алоқаманд аст. Солҳои 30 садаи XX дар ИҶШС саноати пуриқтидори авиатсионӣ ба вуҷуд омад. Институтҳои тадқиқотӣ ва бюроҳои лоиҳасозӣ беҳтарин нишондиҳандаҳои парвози самолётҳоро ба даст оварданд. Самолётҳои қиркунандаи Поликарпов И-15, И-16 (1933) ва И-153 (1938) бо суръати 450—525 км/соат, бомбаандози фронтии Туполев СБ (борбардорӣ — 500 кг, суръат — 420 км/соат), бомбаандози дурпарвози Илюшин ДБ-3 (борбардорӣ — 500 кг, дурпарвозӣ — 4000 км, суръат — 450 км/соат) пай дар пай сохта шуданд. Соли 1934 бо самолётҳои АНТ-4, Р-5 ва ғайра экипажи киштии яхшикани «Челюскин» (104 кас) аз асорати яхҳои Уқёнуси Яхбастаи Шимолӣ наҷот дода шуд. Соли 1937 лётчикҳо В. П. Чкалов, Г. Ф. Байдуков ва штурман А. В. Беляков дар самолёти АНТ-25 бо хатсайри Москва — Қутби Шимолӣ — Ванкувер (ШМА) бенишаст парвоз карда, масофаи 8504 км-ро дар 63 соату 16 дақиқа тай карданд. Ин ва дигар парвозҳо аз маҳорату ҷасорати лётчикҳо, муваффақиятҳои бузурги илмию техникии ҳавонавардӣ, радиоалоқа ва метеорология шаҳодат медоданд.

ҳавонавардӣ дар замони ҶБВ

[вироиш | вироиши манбаъ]

Оғози Ҷанги дуюми ҷаҳонӣ (1939 — 45) корҳоро оид ба беҳтар намудани самолётҳо ва истеҳсоли онҳо тезонид. Дар натиҷа самолётҳои типи нав (қиркунанда, бомбаандоз) пайдо шуданд, ки ба онҳо асбобу афзор ва аслиҳаи нав гузошта мешуданд. Аввалин самолёти реактивии дар ҷанг истифодашуда самолёти Heinkel He 178 (Германия) буд (1939). Нахустин ракетаи болдор (Фау-1), ракетаи баллистикӣ (Фау-2) ва ракетаи идорашаванда (Bachem Ba 349) низ дар Германия истеҳсол шуданд. Дар арафаи Ҷанги Бузурги Ватанӣ бюроҳои лоиҳасозии С. В. Илюшин, С. А. Лавочкин, А. И. Микоян ва М. И. Гуревич, В. М. Петляков ва А. С. Яковлев қиркунандаҳои ЛаГГ-3, МиГ-3, Як-1, бомбаандозҳои Пе-2, Ил-4 ва навъи хоси самолёти ҳамлавари Ил-2-ро ба вуҷуд оварданд. Дар ин давра суръати самолётҳои қиркунанда ба 600—650 км/соат, баландпарвозиашон ба 11-12 км, суръати самолётҳои бомбаандоз ба 550 км/соат, дурпарвозиашон ба 3000 — 4000 км, имконияти борбардориашон ба 3 — 4 т расид. Самолётҳои советии давраи ҶБВ (Ла-5, Ла-7; Як-3, Як-9; Пе-2, Пе-8; Ил-2, Ил-4, Ту-2) бо сифатҳои аэродинамикӣ, вазн ва аслиҳаи худ назар ба самолётҳои немисӣ (МЕ-109, ВФ-190, Ю-87, Ю-88) афзалият доштанд. Дар охири ҷанг суръати баъзе самолётҳои муҳаррикашон поршенӣ ба 690—720 км/соат расид. Истифодаи муҳаррики реактивӣ дар ҳавонавардӣ инқилоби илмию техникӣ ба вуҷуд овард. Дар коркарди муҳаррикҳои реактивӣ олимону конструкторони советӣ саҳми арзанда гузоштанд. Б. С. Стечкин назарияи муҳаррики реактивии ҳавоиро ба миён гузошт (1929). Ихтироъкори муҳаррикҳои турбореактивӣ дар СССР А. М. Люлка мебошад, ки соли 1937 ба ихтирои аввалин муҳаррики турбореактивии авиатсионии худ оғоз кард. Соли 1939 дар Германия муҳаррикҳои турбореактивӣ ва реактивии моеӣ (ширкатҳои БМВ, Юнкерс), дар Англия муҳаррики турбореактивии Ф. Уиттл ба вуҷуд омаданд. Дар СССР нахус­тин парвози реактивиро лётчик В. П. Фёдоров (февали 1940) дар ракетоплани СК-9 (сохти С. П. Королёв) иҷро кард. 15 майи 1942 лётчик Г. Я. Бахчиванҷи ба парвози нахустини самолёти муҳаррикаш реактивии моеии БИ-1 (сохти В. Ф. Болховитинов) муваффақ шуд. Бо вуҷуди ин ҳавонавардӣ минбаъд бо истифодаи муҳаррикҳои турбореактивӣ пеш меравад. Парвози аввалин самолётҳои советӣ бо муҳаррикҳои турбореактивӣ — МиГ-9 ва Як-15 24 апрели 1946 ба вуқӯъ омад. Самолётҳои ин давр аз ҷиҳати схемаи аэродинамикӣ ва шакли худ аз самолётҳои муҳаррикашон поршенӣ тафовут надоштанд, фақат суръати онҳо 100-200км/соат бештар буд. Афзоиш ва ба суръати садо наздик шудани суръати парвоз ба вуҷуд овардани шаклҳои нави самолётҳоро талаб мекард. Дар натиҷа болҳои тунуки пайконшакл пайдо шуданд. Солҳои 1947 — 48 самолётҳои реактивии пайконболи советии Ла-15 ва МиГ-15 ба вуҷуд омаданд, ки суръати онҳо то ба 1050 км/соат мерасид. Пас аз ҶБВ самолётҳои зиёди ҷангӣ бекор монданд ва онҳоро каме дигаргун сохта дар тиҷорат истифода мебурданд. Ин солҳо давраи самолётҳои реактивӣ буд.

Самолётҳои реактивии тиҷоратӣ

[вироиш | вироиши манбаъ]

Аввалин самолётҳои реактивии тиҷоратиро америкоиҳо (1949) ва британиягиҳо (1951) истифода карданд. 15 сентябри 1956 ширкати авиатсионии советии «Аэрофлот» рейсҳои доимиро дар самолётҳои Ту-104 оғоз намуд. Пайдо шудани самолётҳои «Боинг-707» мусофиркашии оммавии тиҷоратиро дар ҳавонавардӣ оғоз бахшид. Октябри 1947 пилоти америкоӣ Ч. Йегер дар самолёти муҳаррики реактивидошта (Bell X-1) суръати садоро гузашт. 26 декабри 1948 лётчикозмоишгари советӣ О. Соколовский бо самолёти реактивии Ла-176 дар ИҶШС бори аввал аз суръати садо зудтар парвоз кард. Масофаи париши бенишасти самолётҳои реактивӣ низ зиёд шуд (соли 1948 ба ШМА; соли 1952 ба Австралия).

Ривоҷи минбаъдаи аэродинамика, ба вуҷуд омадани муҳаррикҳои реактивии хеле пуриқтидор боиси аз суръати садо бештар шудани суръати парвоз гардид ва ҳавонавардии фавқуссадо ба миён омад. Ибтидои солҳои 50 садаи XX якумин самолёти фавқуссадои СССР — самолёти қиркунандаи яккасаи МиГ-19 сохта шуд, ки бо суръати 1450 км/соат парвоз кард. Дар ин давра сомолётҳои пайконболи советӣ — қиркунандаи дукасаи Як-25 ва бомбаандози дурпарвози Ту-16 низ сохта шуданд. Солҳои минбаъда ҳавонавардӣ дар асоси ҳалли масъалаҳои мураккаби афзоиши суръат, дурпарвозӣ ва баландпарвозии самолётҳо инкишоф ёфт. Дар ин солҳо намунаҳои навтарини техникаи ҳарбии авиатсионӣ: самолёти қиркунандаи фавқуссадои секунҷаболи МиГ-21, самолёти сервазифаи фавқуссадои Як-28, қиркунанда бомбаандози Су-7, нахустин самолёти амудипар ва самолёти шакли қаноташ тағйирпазир сохта шуданд. Аз самолётҳои пас аз нимаи дуюми солҳои 60 садаи XX сохташуда дар ШМА — самолёти қиркунанда-бомбаандози «Фантом F-4», самолёти сервазифаи шакли қаноташ тағйирпазири F-III ва самолёти разведкачии SR-71; дар Франсия — самолёти қиркунандаи «Мираж-III» ва бомбаандози стратегии «Мираж-IV», дар Англия — самолёти амудипари «Харриер» ҷолиби диққатанд. Охири солҳои 60 садаи XX дар ҳавонавардӣ суръати парвоз ба 3000 — 3500 км/соат, баландпарвозӣ то 30000 м, дурии парвоз ба 10000 км расид ва дар ҳолати парвози худ сӯзишворӣ гирифтани самолёт боиси дурпарвозии беҳудуд гардид. Дар солҳои «ҷанги сард» дар ИҶШС самолётҳои бомбаандози дурпарвоз сохта шуданд, ки онҳо яроқи ядроиро ба Европа ва Америкаи Шимолӣ расонда метавонистанд. Давлатҳои Ғарб ба муқобили онҳо самолётҳои дастгиркунанда сохтанд (CF-105). Соли 1967 дар самолёти америкоӣ бо муҳаррики реактивӣ рекорди суръати самолёт гузошта шуд, ки он ба 7297 км/соат баробар буд. Ин рекорди суръат танҳо дар садаи XXI (16 ноябри 2004) дигар шуд ва ба 12144 км/соат баробар аст. 21 июли 1969 астронавти америкоӣ Н. Армстронг дар киштии кайҳонии америкоии «Апполон-11» ба Моҳ парвоз намуда, ба сатҳи сайёра фуруд омад. Худи ҳамон сол самолёти калонфюзеляжи «Боинг-747» ба кашонидани мусофирон оғоз намуд. Соли 1975 ширкати «Аэрофлот» рейсҳои доимиро дар аввалин самолёти мусофиркаши фавқуссадо «Ту-144» оғоз бахшид. Пас аз як сол ширкати «Бритиш Эйрвайз» рейсҳои трансатлантикиро дар самолёти фавқуссадои «Конкорд» амалӣ гардонд. Дар охири садаи XX тараққиёти ҳавонавардӣ суст шуда, соҳаи истеҳсоли асбобҳои авиатсионӣ — авионика рушд намуд. Дар аввали садаи XXI сохтани аппаратҳои париши аз дур идорашаванда ё пурра автономӣ (худмухтор) оғоз ёфт. Апрели 2001 самолёти америкоии бесарнишини RQ-4 Global Hawk аз ШМА то Австралия беист ва бе пурракунии сӯзишворӣ парвоз кард. Октябри 2003 аввалин парвози автономии трансатлантикии самолёти бо компютер идорашаванда амалӣ гардид.

Нигаред низ

[вироиш | вироиши манбаъ]