Адабчӯб

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод

Адабчӯб - чӯбдасти домуллои мактаби куҳна барои танбеҳи бачагони мактабхон. Дар системаи таълими мактаби куҳна ҷазои ҷисмонии бачагон ҷой дошт. Падару модарон, ки босавод шудани фарзандонашонро мехостанд, ҳамаи шартҳои вазнини мактабро қабул мекарданд. Домулло ҳангоми машғулият навдаи тақрибан 3-4 метраи ғафсиаш 1.5-2 см-ро нигоҳ медошт, ки бо он шогирдони гунаҳкорро мезад. Баъзан асои домулло низ вазифаи адабчӯбро адо мекард.

Садриддин Айнӣ дар мактаби куҳна (Аморати Бухоро) таҳсил карда буд ва дар ин бора навиштааст.

Адабиёт[вироиш | вироиши манбаъ]

  1. Садриддин Айнӣ., Куллиёт. Ҷили 5 - Душанбе., 1963