Jump to content

Мактабҳои усули куҳна

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
(Тағйири масир аз Мактаби куҳна)

Мактабҳои усули куҳна – мактабҳое мебошанд, ки баъди забти кишвари Мовароуннаҳр аз ҷониби Хилофати Араб дар ин сарзамин пайдо шудаанд. Мактаб – зинаи аввали таҳсили ибтидоии маърифати дини ислом мебошад. Мактабҳои усули куҳна аз асрҳои миёна то даврони Ҳукумати Шуравӣ (асри VIII – солҳои 20-уми асри XX) дар кишвари Мовароуннаҳр фаъолият мекарданд.[1]

Мактабҳои усули куҳна

[вироиш | вироиши манбаъ]

Мактабҳо одатан дар назди масҷидҳои гузарҳои шаҳрӣ ва қишлоқҳо ҷойгир шуда буданд. Дар мактаб домуллоҳо, имом хатибҳо ва азончиҳо ба талабагон дарс медоданд. Бинои мактаб ба маблағи ҷамоати масҷидҳо сохта таъмир карда мешуд. Шахсони алоҳида баъзе вақт барои сохтану таъмири мактабҳо маблағгузорӣ мекарданд. Баъзан дарсҳо дар ҳавлиҳои домуллоҳои мактаб гузаронида мешуданд. Даромади домуллоҳои мактаб аз инъому маблағгузории волидайни талабагон вобаста буд. Давлатдорон (амирону хонҳо) ба раванди маърифати исломӣ даҳолат намекарданд ва аз ин лиҳоз барои рушди маориф аз хазинаи амирон ягон маблағе ҷудо карда намешуд.

Мактабҳои усули куҳна танҳо бо як мақсад - омӯзондани асосҳои дини ислом нигаронида шуда буд. Нақшаи таълиму барномаи таҳсили ибтидоии маърифати дини ислом дар доираи мактаб мавҷуд набуд, аз ин лиҳоз домуллоҳо ба тарзу усули хеш дарс мегузарониданд. Дар мактаб талабагон, қариб ним сол, танҳо ҳарфҳои арабиро меомӯхтанд. Баъд ба омӯзиши Чаҳор китоб (дар бораи низому рафтори мусулмонон аз руи “Қуръон” ва ҳадисҳои пайғамбар) аз он пас ба хондани Ҳафтяк (7-яки порчаҳо аз “Қуръон”), шурӯъ менамуданд. Таҳсил дар мактаб вобаста ба лаёкати талаба, ду-се солро дарбар мегирифт.[2]

Дар мактабҳои усули куҳна аксаран ба ғайр аз фанҳои динӣ, дигар фанҳо омӯзонда намешуданд. Баъзан, бо ташаббуси домуллоҳо, дар баъзе мактабҳо фанҳои дунявӣ ба монанди: риёзиёт, таърих, ҷуғрофия ва ғайра таълим дода мешуданд. Вале миқдори ин гуна мактабҳо хело камшумор буданд.

Мактабҳои усули нав(усули ҷадидия)

[вироиш | вироиши манбаъ]

Дар охири асри XIX - аввали асри XX муносибати як гурӯҳ зиёиёни пешқадам нисбат ба таълими мактабҳои усули куҳна, тағйир ёфта буд. Ин гурӯҳи зиёиён яке аз сабабҳои асосии қафомондагии диёри худ ва мардуми онро дар мављудияти чунин усул дида, дар андешаи ислоҳи он буданд. Замони нав (баъд аз тобеъ гардидани Осиёи Миёна ба империяи Русия – нимаи дуюми асри XIX) – замони инкишофи муносибатҳои молию пулӣ дар иқтисодиёти кишвар (генерал-губернатории Туркистон) зарурияти ислоҳоти мактабҳои усули куҳнаи маърифати исломӣ ва таффакури мардуми маҳаллиро талаб мекард. Зарурияти бунёди мактабҳои усули нав ба миён омад. Зеро, дар мактабҳои усули нав ба талабагон дар баробари хондани “Қуръон” ва азхуд намудани асосҳои дини ислом,инчунин, риёзиёт, ҷуғрофия, таърих ва фанҳои дигари дунявиро меомӯхтанд. Омӯхтани илмҳои дунявӣ диққати талабагонро бештар ба олами ҳасти ҷалб мекард, ки ин махсусан дар замони нав барои васеъ намудани дараҷаи дониш ва аз ҷиҳати маънавӣ бедор намудани наврасон нақши мусбатро мебозид. Мӯхлати таҳсил дар аксари мактабҳои усули нав чорсола, дар баъзе шаҳрҳо, аз ҷумла дар Тошкент шашсола буд.[2]

Бунёди мактабҳои усули нав

[вироиш | вироиши манбаъ]

Кишвари Туркистон

[вироиш | вироиши манбаъ]

Дар шароити кишвари Туркистон ташкили мактабҳои русии маҳалли кушодани мактабҳои усули навро тезонид. Зеро, ин воқеият зиёиёни пешқадами кишварро водор намуд, ки зудтар оид ба тақдири халқи худ чораҳои амалие андешанд. Бо дастгирии бойҳои маҳаллӣ, мулло Салоҳиддин, - с. 1898 дар Қӯқанд, мулло Шамсиддин - с.1899 дар Андиҷон ва қорӣ Манон - дар Тошкент мактабҳои усули нав, бо таълим ба забони ӯзбекӣ ташкил ёфтанд.

Нахустин мактаби форсии тоҷики бо ташаббуси маорифпарвари самарқандӣ - Абдуқодир Шакурӣ кушода шудааст. Мактаби аввалин соли 1901 дар гузари Хоҷазудмуроди шаҳри Самарқанд кушода шуд. Баъдтар, Шакурӣ дар деҳаи Раҷабамини Самарқанд ва с.1903 дар гузари Қӯшҳавз мактабҳои усули навро бунёд намудааст. Садриддин Айнӣ с. 1908 ҳангоми бори аввал ба Самарқанд сафар намуданаш, бо ҳамроҳии М.А. Мунзим маҳз бо фаъолияти ҳамин мактаб шинос шудааст. Аз ҳамон рӯзи шиносоӣ бо мактаби А. Шакурӣ сар карда, мегӯяд ӯ “фикри мактаб тамоми мағзи моро ишғол кард.” А. Шакурӣ инчунин барои мактаб дастурҳои таълимӣ - махсусан китобҳои дарсиро низ тартиб медод. Ба қалами ӯ аввалин китоби алифбои форсии-тоҷикии мактабҳои усули нав - “Роҳбари савод”, китобҳои қироати адабӣ - “Ҷомеъулҳикоёт”, “Зубдатулашъор” тааллуқ дорад.[2] Дар ин мактаб ҳар сол маҷлиси кушоди имтиҳонот ташкил мешуд, ки рафти онро на танҳо волидайни талабагон, балки дигар ҳавасмандон низ мушоҳида карда метавонистанд. Миқдори мактабҳои усули нав дар кишвари Туркистон сол аз сол меафзуд. Агар соли 1910 шумораи мактабҳои усули нав дар шаҳр ва маҳалҳои гуногуни кишвар тақрибан 50 адад бошад, пас соли 1911 онҳо ба 68 адад расиданд. Аз он ҷумла дар сарзамини имрӯзаи Тоҷикистони Шимолӣ - собиқ уезди Хуҷанд, волостҳои Панҷакент, Конибодом ва Исфара 7 адад мактабҳои усули нав амал мекарданд.[2]

Аморати Бухоро

[вироиш | вироиши манбаъ]

Аввалин кӯшиши ташкил намудани мактаби усули нав дар аморати Бухоро ба мулло Ҷӯрабойи Пирмастӣ (с. 1900) мансуб аст. Вале мактаби ӯ ба қадри имкон ҳавасмандонро ба худ ҷалб карда натавонист ва аз ин рӯ, бо зуди баста шуд. Солҳои 1902-1903 Каипов ном тотор, ки мактабдори оддии анъанавӣ буд, мактаби худро ба усули нав табдил дод. Вале он мактаб низ дер давом накард ва баста шуд. Тоторони Бухоро, ки раияи Русия ба ҳисоб мерафтанд ва аз даҳолати ҳукуматдорони амир эмин буданд, бинобар ин дар аввал барои ташкили мактабҳои усули ҷадидия ягон монеъа намекарданд. Мактабҳои усули нави тоторӣ, ки дар онҳо забони таълим низ тоторӣ буд, барои таҳсили бухороиён-тоҷикон ва тоҷикзабонон душвори мекард. Бинобар ин бухороиён аз чунин мактабҳои усули нав ба тариқи кофи баҳравар шуда наметавонистанд.

Соли 1908 бо ташаббуси Мирзо Абдулвоҳид Бурҳонзода (Мунзим) ва Садриддин Айнӣ дар шаҳри Бухоро, дар гузари Дарвозаи Салоҳҳон, дар ҳавлии Мунзим, аввалин мактаби форсии тоҷикӣ кушода шуд, ки дар он 12 нафар талаба таҳсил мекард. С.Айнӣ ва Мунзим сараввал дар такмили маҳорати омӯзгории худ ба муаллимон ва мактабҳои тотории Бухоро такя намудаанд. Онҳо барои аз љиҳати модди таъмин намудани мактаби худ ба бойбачагон моҳе се сӯм ҳаққи таълим муайян намуда, фақирбачагонро бепул қабул кардаанд. Мунзим барои шогирдони мактаби худ “Роҳбари хат” ном аввалин дастурамали дарсӣ тартиб дод. Ин мактаб дар таърих бо номи "мактаби Мунзим" маълум аст.[2] Дар мактаби М.А. Мунзим ва С.Айнӣ низ нарасидани китобҳои зарури эҳсос карда мешуд. Бо мақсади бартараф намудани ин норасои, соли 1909 бо ташаббуси ҳарду “Ширкати Бухорои Шариф” таъсис гардид. Ин ширкат дар навбати аввал барои саҳеҳ талаффуз кардани овозҳои нутқ, махсусан оятҳои Қуръон, китоби “Тартиб ул-Қуръон”- ро ҳозир намуданд. Бо ташаббуси С.Айнӣ инчунин китоби дигари дарсӣ “Таҳзибуссибён” (“Тарбияи ҷавонон”) тайёр ва нашр карда шуд.[2]

Ба ғайр аз мактаби номбурда, бо ташаббуси Мунзим, махсус барои калонсолони бухороӣ, курси шабона кушода шуда буд. Ба ин мактаб ӯ ҷавонони 20-30 соларо ҷамъ намуда, ҳар рӯз ду соат таълим медод. Гарчанде дар фаъолияти мактаб ягон нишонаи муқобили шариатро пайдо накарданд, вале 25 сентябри соли 1909, бо амри ҳукумати амирӣ, "мактаби Мунзим" баста шуд. Баъд аз ин таҳсили бухороиёнро дар мактабҳои усули нави тоторӣ ҳам манъ намуданд.[2]

  1. Муҳимтарин саҳифаҳои таърихи халқи тоҷик.Мураттибон Ҳотамов Н.Б.,Саъдиев Ш.С. Нашри дуюм. - Душанбе,2010
  2. 2.0 2.1 2.2 2.3 2.4 2.5 2.6 Ҳотамов Н.Б., Довудӣ Д., Муллоҷонов С., Исоматов М. Таърихи халқи тоҷик (Китоби дарси). – Душанбе,2011.