Jump to content

Азалу абад

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод

Азалу абад — мафҳумҳои динӣ, фалсафӣ ва каломӣ, ки ибтидоӣ (аз азалият) ва беинтиҳоӣ (абадият)-и мавҷудияти олами моддӣ ва ҷовидонии онро ифода мекунанд. Азал дар луғат маънои беоғозӣ, бидуни ибтидо ва абад маънии ҳамешагӣ, беанҷомӣ, доимӣ ва ҷовидиро ифода мекунад. Дар дин ва фалсафаву калом азалу абад ба маънои Худованди беоғозу анҷом истифода мешавад. Дар зурвония он ба маънии замони бекарона омадааст. Азалу абад дар Қуръон ба маънии истилоҳӣ (дунявию ухравӣ) 29 маротиба такрор шудааст (Нур, 4:24; Аҳзоб, 53:33, Нисо, 57:4, Тавба, 22:9). Дар дин ҳамаи ҷавҳарҳои ҷовидона (муҷаррад)-и олами улвӣ ба мисли худи Офаридгор азалию абадӣ мебошанд. Дар фалсафа азалию абадии олам вобаста ба азалию абадии худи Худованд аст. Ибни Сино ҷаҳлро сабаби ҳалокати абад дониста, зикр мекунад, ки агар иллати вуҷуди чизе вобаста ба Худо бошад, он ҳамеша боқӣ хоҳад буд. Муассиси фалсафаи ишроқ Шаҳобуддини Суҳравардӣ файзу ишроқи Ҳақро абадулободи беҳаду ниҳоят қаламдод намуда, замонро абадию азалӣ мепиндорад. Носири Хусрав абадро беохир ва азалро бе аввал таъбир намуда, таъкид мекунад, ки ҳар чӣ азалӣ бошад, бешубҳа, он абадист, «зеро азалӣ он бошад, ки тағйиру табдил ба он роҳ набошад», чун фанонопазир аст. Ӯ дар асараш «Хону-л-ихвон» менависад: «Азалӣ мар чизеро гӯянд, ки ӯро оғоз набошад ва абадӣ мар чизеро гӯянд, ки ӯро анҷом набошад». Саъди Шерозӣ азалу абадро ба вуҷуд интиқол дода, онҳоро маротиб ва ҷилваи вуҷуди мунбасити воқеъ дар ҳамаи олами улвию сифлӣ донистааст. Файласуфони даҳрӣ ва аҳли табойеъ ба мисли Ибни Ровандӣ, Эроншаҳрӣ, Абубакри Розӣ ва дигар азалияту абадиятро тавсифҳои ҷаҳони моддӣ шуморида, ба чунин хулоса омадаанд, ки олам қадим аст, ӯро офаридгоре нест, балки азалист, ҳамеша ҳаст ва ҳама вақт хоҳад буд. «Азалӣ он бошад, ки вуҷуди иллат нест, балки мавҷуд аст бе иллате бақои ӯро на аввал асту на охир». Илми калом ва умуман фалсафаи идеалистӣ азалу абадро сифатҳои илоҳӣ шуморида, олами офаридашударо ҳодис ва абадияти онро эътироф намекунад. Машшоиён (Ибни Сино, Насируддини Тусӣ, Ибни Рушд ва дигар) азалияту абадияти оламро аз азалию абадӣ будани Худо дониста, оламро низ ба мисли Худо абадию азалӣ талаққӣ мекарданд. Ба ибораи дигар, агар Худо ҳамчун сабаби мавҷудияти олам азалию абадӣ бошад, олам низ чун натиҷаи амали вай қадиму абадӣ ва фанонопазир аст, зеро сабабу натиҷа бе якдигар вуҷуд дошта наметавонанд ва ҳастии сабаб ҳамеша мавҷудияти натиҷаро тақозо дорад. Дар ирфони назарӣ баъзе намояндагони тасаввуф ба ин масъала таваҷҷуҳ зоҳир намуда, мафҳумҳои азалу абадро дар осорашон истифода бурдаанд. Қайсарӣ гуфта, ки «азалияти озол ва абадияти уббод вижаи вуҷуди илоҳист». Аз ин рӯ, ӯ замонро азалию абадӣ шуморидааст. Неъматуллоҳи Валӣ асмои сифатҳои илоҳиро азалию абадӣ ва таҷаллии асмоъро ғайримутаноҳӣ тасвир кардааст.

  • Абуалӣ Ибни Сино, Осор, ҷ. 1, Д., 2005;
  • Носири Хусрав, Ҷомеъу-л-ҳикматайн, Т., 1349;
  • Доирату-л-маорифи бузурги исломӣ, ҷ. 3 Т., 1368.