Азимқул Насимов

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Азимқул Насимов
Азимқул Насимов
Таърихи таваллуд: 1 май 1940(1940-05-01) (83 сол)
Зодгоҳ: ноҳияи Айнӣ
Навъи фаъолият: шоир, тарҷумон

Азимқул Насимовшоир, тарҷумон, узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон (1999)

Зиндагинома[вироиш | вироиши манбаъ]

Азимқул Насимов 1 майи соли 1940 дар деҳаи Искодари Айнии вилояти Ленинобод (Суғди кунунӣ) таваллуд ёфтааст. Соли 1961 Омӯзишгоҳи омӯзгории Панҷакент, соли 1969 шуъбаи форсии факултаи филологияи тоҷики Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон ба номи В.И.Ленинро хатм кардааст. Аз моҳи ноябри соли 1962 то декабри 1965 дар Артиши Шӯравӣ адои хидмат намудааст. Баъди хатми донишгоҳ муддате дар Телевизиони Тоҷикистон ба ҳайси муҳаррир, аз моҳи октябри соли 1969 то октябри 1971 дар Корхонаи коркарди оҳани шаҳри Исфаҳони Ҷумҳурии Исломии Эрон ба сифати тарҷумон, баъди бозгашт аз Эрон дар Кумитаи давлатии табъу нашри Тоҷикистон дар вазифаи муҳаррири калон, аз моҳи январи соли 1974 то июли 1991 дар Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мақоми котиби якум, аз моҳи июли соли 1991 то ноябри 2002 дар маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба сифати мушовири калон кор кардааст. Алҳол мудири шуъбаи ҳафтаномаи «Адабиёт ва санъат» аст. Аз соли 1999 узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон аст.

Эҷодиёт[вироиш | вироиши манбаъ]

Фаъолияти эҷодиаш аз солҳои шастуми асри бистум оғоз ёфтааст. Аввал шеър менавишт. Намунаҳое аз ашъораш дар маҷмӯаи дастаҷамъии «Шукуфаҳои умедбахш» ба табъ расидаанд. Сипас ба тарҷумаи асарҳои бадеӣ пардохтааст. Тарҷумаи асарҳои Серо Хонзодян «Ташнаам, об диҳед» (1985), Холида Ҳосилова «Бозгашт» (1986), Ҳусайн Аббосзода «Меҳмон аз кишвари дур» (1988), Ариадна Шалар «Садди Троян» (1990), И.С. Тургенев «Шоҳ Лири саҳроӣ» (1989), А.П. Чехов «Асарҳои мунтахаб» (ҷ.1-3, 1988), «Муждаи субҳ» (тазкираи адабиёти мардуми Осиё ва Африқо – бахши ҳикояҳои нависандагони араб; 1987), Алексей Арган «Кӯҳҳо ба баҳр менигаранд» (1988), «Тазкираи адабиёти советӣ барои кӯдакон» (ҷ.2, ҳикояҳои нависандагони Арманистон; 1989), «Муртад» (ҳикоёти нависандагони араб; 2002), Гиде Мопассан «Омурзиш» (2006), маҷмӯаи ҳикоёти нависандагони Озарбойҷон «Қалби Мадина» (2010) ва ғ. маҳсули қалами ӯстанд. Ҳамчунин, силсилаи ҳикоёти Абулфараҷ, Андре Моруа, Бертолт Брехт, Иван Тургенев, Сабоҳиддин Алӣ, Нозим Ҳикмат, Мирзо Адиб, Аҳмадхони Абӯбакр, Хизгил Авшалумов, Нодар Думбадзе, Дмитрий Гулиа, Питсиён Табидзе, Микола Машенко, Фёдор Абрамов, Виктор Коновалов, Исай Тоболский, Надежда Таффи, Леонид Гурунс, Элин Пелин ва ғ. дар тарҷумаи ӯ ба табъ расидаанд. Дар нашри осори илмию адабии як идда суханварони Эрону Афғонистон ҳам ибтикор варзидааст.

Ҷоизаҳо[вироиш | вироиши манбаъ]

  • Ордени «Дӯстӣ»[1]

Сарчашма[вироиш | вироиши манбаъ]

  1. Адибони Тоҷикистон (маълумотномаи мухтасари шарҳиҳолӣ)./Таҳия ва танзими Асрори Сомонӣ ва Маҷид Салим. – Душанбе, «Адиб», 2014, – с.156 ISBN 978-99947-2-379-9