Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон | |
---|---|
(ВКХ ҶТ) | |
нишона Рамзи Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон | |
Мақомоти пешина |
Комиссариати халқии корҳои хориҷии ҶШС Тоҷикистон Вазорати корҳои хориҷии ҶШС Тоҷикистон Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Вазорати робитаҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон |
Мудирияти фаъолиятҳо амал мекунад | Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон |
Қароргоҳ |
Душанбе, кӯч. Шероз, 33 734001 |
Вазири масъул | Сироҷиддин Аслов |
Сайт | mfa.tj |
Вазорáти корҳóи хориҷи́и Ҷумҳури́и Тоҷикистóн — мақомоти марказии ҳокимияти иҷроияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки муносибатҳои Тоҷикистонро бо давлатҳои хориҷӣ ва ташкилотҳои байналмилалӣ танзим намуда, ба фаъолияти ниҳодҳои хадамоти дипломатӣ ва консулгарӣ роҳбарӣ мекунад.
Таърих[вироиш | вироиши манбаъ]
Ниҳоди корҳои хориҷии Тоҷикистони Шуравӣ дар асоси Қонун «Дар бораи ташкил додани Комиссариати халқии корҳои хориҷии иттифоқӣ-ҷумҳуриявӣ» (12.05.1944) таъсис дода шуда, ҳамагӣ 11 нафар корманд дошт. Дар тӯли 65 сол номи ниҳоди сиёсати хориҷии Тоҷикистон 5 бор тағйир ёфт: Комиссариати халқии корҳои хориҷии ҶШС Тоҷикистон (12.05.1944–06.1946), Вазорати корҳои хориҷии ҶШС Тоҷикистон (06.1946–31.08.1991), Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон (31.08.1991–10.01.1992), Вазорати робитаҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон (10.01.1992–20. 07.1992). Аз 20.07.1992 – Вазорати корҳои хориҷиии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
То солҳои 1946–89 роҳбарии ниҳоди мазкурро ҳамзамон раисони Совети вазирони ҷумҳурӣ ва муовинони раисони Совети вазирони ҷумҳурӣ ба уҳда доштанд. Вазифаву салоҳиятҳо ва сохтори идоравии он ҳамчун зерсохтори Вазорати корҳои хориҷии ИҶШС маҳдуд буданд.
Сохтор[вироиш | вироиши манбаъ]
Дар тӯли солҳои истиқлол сохтори Вазорат такмил дода шуд. Ҳоло (2014) Дастгоҳи марказии Вазорат иборат аст:
- Роҳбарият (вазир, муовини аввал ва ду муовин);
- Гурӯҳи сафирон оид ба супоришҳои махсус;
- 12 Раёсат
- Раёсати кишварҳои Аврупо ва Амрико;
- Раёсати кишварҳои Осиё ва Африқо;
- Раёсати Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил;
- Раёсати созмонҳои байналмилалӣ;
- Раёсати шартномавӣ-ҳуқуқӣ;
- Раёсати иттилоот, матбуот, таҳлил ва тарҳрезии сиёсати хориҷӣ;
- Раёсати ташрифоти давлатӣ; Раёсати кадрҳо ва иттилооти махсус;
- Раёсати иттилооти умумӣ ва алоқаи дипломатӣ;
- Раёсати консулӣ;
- Раёсати молиявӣ;
- Раёсати корҳо
- Шуъбаи ҳамкориҳои иқтисодии хориҷӣ;
- Шуъба оид ба ҳалли масъалаҳои ҳудудӣ ва сарҳаддӣ;
- Шуъбаи сохтмон,
- Комиссияи миллӣ оид ба корҳои ЮНЕСКО.
Вазифаҳо ва самтҳои фаъолият[вироиш | вироиши манбаъ]
Вазорат Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар муносибат бо давлатҳои хориҷӣ ва созмонҳои байналмилалӣ намояндагӣ карда, барои баланд гардидани саҳми Ҷумҳурии Тоҷикистон ба сифати аъзои ҷомеаи байналмилалӣ дар ҳалли масъалаҳои глобалӣ ва минтақавӣ мусоидат менамояд; стратегияи сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистонро амалӣ мегардонад; роҷеъ ба масъалаҳои робитаҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон бо давлатҳои хориҷӣ ва созмонҳои байналмилалӣ дар асоси таҳлили ахбори вобаста ба маҷмӯи муносибатҳои дуҷониба ва бисёрҷониба ва масъалаҳои байналмилалӣ пешниҳодҳо омода ва манзур менамояд.
Вазорат лоиҳаҳои шартномаҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистонро таҳия менамояд, оид ба бастан, иҷро намудан, қатъ кардан ва боздоштани амали шартномаҳо таклифҳо омода ва пешниҳод менамояд; бо давлатҳои хориҷӣ, созмонҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ гуфтушунидҳо анҷом медиҳад; ҷиҳати иҷрои шартномаҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон назорати умумӣ бурда, дар тайёр намудани таклифҳо оид ба мувофиқ намудани қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон бо уҳдадориҳои байналмилалӣ иштирок менамояд. Вазорат дар таҳияи сиёсат ва чорабиниҳои мушаххас оид ба таъмини ҳуқуқ ва озодиҳои шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, мудофиа ва амният, ҳамчунин густариши робитаҳои иқтисодӣ-тиҷоратӣ ва молиявӣ, илмӣ-техникӣ, фарҳангӣ ва дигар шаклҳои алоқаҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон бо давлатҳои хориҷӣ, созмонҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ иштирок менамояд; иштироки Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар фаъолияти СММ, САҲА, ИДМ ва дигар созмонҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ, конференсияҳо, форумҳо таъмин намуда, баланд бардоштани нақши Ҷумҳурии Тоҷикистонро ҳамчун узви ҷомеаи ҷаҳонӣ дар ҳалли масъалаҳои ҷаҳонӣ ва минтақавӣ таъмин менамояд.
Вазорат таъминоти ҳуқуқӣ ва ҳамоҳангсозии фаъолияти воситаҳои ахбори умуми давлатҳои хориҷиро дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ менамояд; барои паҳн намудани ахбор дар хориҷи кишвар оид ба сиёсати хориҷӣ ва дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳаёти иҷтимоӣ-иқтисодӣ, фарҳангӣ ва маънавии кишвар мусоидат менамояд; дар таъмини маросими ташрифотӣ ҳангоми мубодилаи байнидавлатӣ дар сатҳи олӣ иштирок мекунад, ҳамчунин аз болои иҷрои имтиёз ва масуниятҳои дипломатӣ ва консулӣ назорат мебарад; ба амалӣ намудани робитаҳои байнипарламентӣ ва дигар робитаҳои хориҷии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон мусоидат менамояд.
Вазорат дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва хориҷи кишвар фаъолияти консулиро ташкил менамояд, бо тартиби муқарраргардида хидматрасонии консулӣ, ахборӣ-машваратӣ ва дигар намуди хидматрасониҳоро анҷом медиҳад; дар асоси меъёрҳои ҳуқуқи байналмилалӣ ҳимояи ҳуқуқ ва манфиатҳои ҳамватанонеро, ки берун аз марзи Ҷумҳурии Тоҷикистон зиндагӣ мекунанд, таъмин менамояд; ҳуҷҷатҳои шиносномавӣ – раводидиро ба расмият медарорад; имзоҳои шахсони мансабдори Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар ҳуҷҷатҳое, ки барои фиристодан ба хориҷи кишвар муайян шудаанд, тасдиқ менамояд ва таъйид намудани ҳуҷҷатҳои хориҷиро ба амал мебарорад.
Дастовардҳо[вироиш | вироиши манбаъ]
Дастоварди нодиртарини миллат дар даврони истиқлолият ба имзо расидани Созишномаи умумӣ дар бораи истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон аст. Ҳоло таҷрибаи сулҳофарии тоҷикон аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ эътироф гардида, ба мактаби омӯзиш табдил ёфтааст.
Сафоратҳо[вироиш | вироиши манбаъ]
Дар марҳилаи аввали соҳибистиқлолӣ Тоҷикистон фақат дар шаҳри Маскави Федератсияи Русия Намояндагии ваколатдори кишварро таъсис дода буд, ки баъдан 18 декабри 1993 ба Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Русия табдил дода шуд. 18 январи 1994 нахустин сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон ба роҳбари давлати хориҷӣ эътимоднома супорид. Алҳол (2014) дар кишварҳои хориҷӣ 24 намояндагии дипломатии Тоҷикистон, аз ҷумла намояндагиҳои доимии ҷумҳурӣ дар назди СММ, САҲА, ИДМ, СҲШ, Созмони Аҳдномаи Амнияти Дастаҷамъӣ, Иттиҳоди иқтисодии Авруосиё ва дигар созмонҳои байналмилалию минтақавӣ амал мекунанд, инчунин 5 консулгарии генералӣ ва 3 консулгарии кишвар дар хориҷа фаъолият дорад. Соли 1993 дар Туркманистон, Ӯзбекистон, Қазоқистон сафоратҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ба фаъолият шурӯъ намуданд, соли 1994 дар Олмон нахустин сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар кишварҳои аврупоӣ ба фаъолият оғоз намуд. Соли 1995 дар Эрон ва Туркия, 1997 дар Хитой, Австрия, Беларус Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба фаъолият пардохт. Сафорати Тоҷикистон дар Афғонистон моҳи январи 2002 дар Кобул ба фаъолият шурӯъ намуд. Ҳамон сол сафоратҳои Тоҷикистон дар ИМА ва Белгия (ҳамзамон намояндагӣ дар НАТО ва Иттиҳоди Аврупо) ба кор оғоз намуданд. Солҳои 2003–2005 сафоратҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҳиндустон ва Покистон таъсис ёфтанд. Баъдан соли 2007 дар Миср, Арабистони Саудӣ, Ҷопон, соли 2008 дар Британияи Кабир, Озарбойҷон, Украина, Швейсария (ҳамзамон намояндагӣ дар шуъбаи СММ) ва Амороти Муттаҳидаи Араб сафоратҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ба фаъолият пардохтанд. Дар чанд соли охир инчунин дар шаҳрҳои Екатеринбург ва Уфаи Русия, Алмаатои Қазоқистон, Дубайи Амороти Муттаҳидаи Араб, Истанбули Туркия, Мазори Шариф, Қундуз ва Файзободи Афғонистон консулгариҳои Тоҷикистон ба кор шурӯъ карданд.
То имрӯз 151 кишвари ҷаҳон давлати Тоҷикистонро ба расмият шинохтааст ва бо 126-тои он муносибатҳои дипломатӣ барқарор гардидаанд. Ҷумҳурии Тоҷикистон аъзои фаъоли 51 созмони байналмилалӣ, минтақавӣ ва ниҳодҳои байналмилалии молиявӣ мебошад. Ҳоло дар Душанбе сафоратҳои 21 кишвари хориҷӣ фаъолият намуда, 65 давлати дигар сафирони ғайримуқими худро дар Тоҷикистон таъйин кардаанд, инчунин намояндагиҳои аксари созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ ва ниҳодҳои молиявии ҷаҳонӣ дар қаламрави ҷумҳурӣ фаъолият мекунанд.
Дар Консепсияи сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон (2002) моҳияту мундариҷа ва дурнамои сиёсати хориҷии кишвар, роҳу василаҳо ва усулҳои амалисозии он ба таври мушаххас инъикос карда шудаанд. Дар он сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун сиёсати сулҳҷӯёна ва бисёрсамтае, ки дар асоси эҳтироми мутақобилаи истиқлоли давлатӣ ва риояи манфиатҳои миллӣ амалӣ мегардад, муайян карда шудааст. Соли 2003 дар асоси ҳамин санади барномавӣ дар муносибатҳои байналмилалии ҷумҳурӣ «сиёсати дарҳои боз» эълом гардид. Тоҷикистон ба шарофати сиёсати «дарҳои боз» мавқеи худро дар сиёсати байналмилалӣ ва ҳаллу фасли мушкилоти сайёра мустаҳкам сохта, ба доираи ҳамкориҳои худ давлатҳои бисёрро ворид намуд ва бо дарназардошти манфиатҳои миллӣ тавозуни муносибатҳо ва манфиатҳои худро таъмин кард.
Сиёсати иқтисодӣ[вироиш | вироиши манбаъ]
Ҳар сол миёни Тоҷикистон ва беш аз 100 кишвари ҷаҳон табодули мол сурат мегирад. Соли 2013 Ҷумҳурии Тоҷикистон узви комилҳуқуқи яке аз созмонҳои бонуфузтарини дунё – Созмони Умумиҷаҳонии Савдо гардид. То имрӯз Тоҷикистон бо кишварҳои гуногуни олам беш аз 1200 ҳуҷҷати дуҷониба ба имзо расонидааст, ки масъалаҳои муносибату ҳамкориҳои дуҷонибаро дар соҳаҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, тиҷоратӣ, ҳарбӣ-техникӣ, амният, илм, фарҳанг, маориф, тандурустӣ, сайёҳӣ ва дигар самтҳо фаро мегиранд. Ағлаби ташаббусҳои сиёсӣ, аз ҷумла ҳаллу фасли мухолифати шаҳрвандӣ, тариқи гуфтушунид, мусоидат ба ҳалли мушкилоти сиёсиву иқтисодӣ ва иҷтимоии Афғонистон, рушди ҳамкориҳои минтақавӣ, як зумра ташаббусҳо оид ба истифодаи оқилонаи захираҳои обӣ ва ҳамкорӣ дар соҳаи энергетика, мубориза бар зидди терроризм, экстремизм ва қочоқи маводди мухаддир, инчунин дигар пешниҳодҳои арзишманди роҳбариятиТоҷикистон аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ ҳамовозӣ ва дастгирӣ пайдо намудаанд.
Тоҷикистон бунёнгузори форматҳои нави муколама дар доираи кишварҳои форсизабон (сегонаи Тоҷикистон – Афғонистон‒Эрон) ва кишварҳои «Чаҳоргонаи Душанбе» (Тоҷикистон – Русия‒Афғонистон – Покистон) мебошад. «Соли байналмилалии оби тоза» (2003); «Даҳсолаи амалиёти байналмилалии «Об барои ҳаёт» (солҳои 2005–2015); «Соли байналмилалии ҳамкориҳо дар соҳаи об» (2013) ташаббусҳои роҳбарияти ҶумҳурииТоҷикистон дар соҳаи об мебошанд, ки аз ҷониби СММ дастгирӣ ёфта, самти фаъолияти ҷомеаи ҷаҳониро аз баррасиву изҳори мақсад ва эълони уҳдадориҳо ба иҷрои чораҳои амалӣ равона кардаанд. Бо ибтикори ҷониби Тоҷикистон «Соли байналмилалии ҳамкориҳо дар соҳаи об» эълон шудани соли 2013 мафҳуми дипломатияи обро ба сатҳи амалӣ боло бароварда, онро бо таркибаи воқеӣ мукаммал намуд. Ғояи дипломатияи об аз фаҳмиши анъанавӣ ё классикии он фарқ дошта, роҳандозии чунин технологияҳои нави гуфтушунидро тақозо мекунад, ки онҳо тавонанд ба анҷоми муваффақонаи ихтилофу муноқишаҳо оид ба идора ва истифодаи захираҳои оби дарёҳои фаромиллӣ мусоидат намоянд.
Муваффақиятҳои сиёсати хориҷии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо ЮНЕСКО[вироиш | вироиши манбаъ]
Пойтахти Тоҷикистон ‒ шаҳри Душанбе ба ҳайси «Шаҳри сулҳ» сазовори ҷоизаи ЮНЕСКО гардид (2002); «Шашмақом» ҳамчун мусиқии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон ба ҳайси шоҳкориҳои шифоҳӣ ва фарҳангии мероси ғайримоддии башарият ба феҳристи ЮНЕСКО ворид карда шуд (2003); бо қарори ҷаласаи 34-уми Кумитаи мероси умумиҷаҳонии ЮНЕСКО шаҳраки қадимаи «Саразм» ба феҳристи мусаввараҳои Мероси фарҳангии умумиҷаҳонии ЮНЕСКО ворид карда шуд (2010); бо қарори ҷаласаи 36-уми Кумитаи мероси умумиҷаҳонии ЮНЕСКО «Боғи миллии Тоҷикистон – Кӯҳҳои Помир» ба феҳристи Мероси табиии умумиҷаҳонии ЮНЕСКО шомил гардид (2013); дар шаҳри Порис дар қароргоҳи ЮНЕСКО муаррифии китоби «Меъмори сулҳ», ки ба саҳми пурарзиши Президенти Тоҷикистон – Эмомалӣ Раҳмон дар роҳи расидан ба сулҳу суботи комил дар кишвар бахшида шуда буд, баргузор гашт (2013); бо эътирофи пайравии пайваста ба ҳадафҳои ташаккули сулҳи пойдор ва пешбурди рушди устувор, аз ҷумла тавассути ташаббусҳо оид ба пешбурди ҳамкорӣ ва муколамаи байналмилалӣ дар соҳаи об, табодули донишҳои илмӣ ва мусоидат ба пешрафт дар самти татбиқи Ҳадафҳои Рушди Ҳазорсола ва ҳадафҳои рушди дар сатҳи байналмилалӣ ҳамоҳангшуда, Созмони ЮНЕСКО Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонро бо Медали ҷашнии «60-солагии ЮНЕСКО» сарфароз гардонид (2013); дар шаҳри Порис дар рафти иҷлосияи 37-уми Конфронси генералии ЮНЕСКО ҷашнҳои 3000-солагии Ҳисор, 700-солагии Мирсайид Алии Ҳамадонӣ (дар ҳамкорӣ бо ҶИЭ), 600-солагии Абдурраҳмони Ҷомӣ ва 100-солагии Зиёдулло Шаҳидӣ ба феҳристи ҷашнҳое, ки бо иштироки ЮНЕСКО дар солҳои 2014–2015 таҷлил мешаванд, ворид гардиданд (2013).
Интишорот[вироиш | вироиши манбаъ]
Фаъолияти нашриётии Вазорат хусусан аз соли 2006 вусъат пайдо кард; нашри фаслномаи иттилоотии «Дипломатия Таджикистана» ташкил карда, он аз соли 2007 ба солнома табдил дода шуд. Силсилаи китобҳо дар мавзӯи сиёсати хориҷӣ ва муносибатҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз ҷумла, «Рыночная экономика и международное сотрудничество» (2006), «Тоҷикистон – САҲА: муколама ва ҳамкорӣ» (2009, бо забонҳои тоҷикӣ, англисӣ, русӣ), «Дипломатияи Тоҷикистон: дирӯз ва имрӯз» (2009, 2012, дар ду ҷилд, бо забонҳои тоҷикӣ, англисӣ, русӣ), «Многовекторная дипломатия Таджикистана» (2010), «Хазинаи тилоии тоҷикон» (2010–2013, бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ, форсӣ, англисӣ, фаронсавӣ, олмонӣ, арабӣ, хитойӣ, туркӣ), «Сиёсати хориҷии Тоҷикистон дар масири истиқлол» (2011, бо забонҳои тоҷикӣ ва англисӣ), «Таджикистан в системе обеспечения региональной безо пасности ОБСЕ» (2011) ба нашр расонида шуданд. Соли 2011 дар назди Вазорат маҷаллаи «Сиёсати хориҷӣ» таъсис дода шуд.
Роҳбарони собиқи вазорат[вироиш | вироиши манбаъ]
Роҳбарони ниҳоди сиёсати хориҷии Тоҷикистон: Алӣ Аҳмадов (29.7.1944–6.1946), Ҷаббор Расулов (22.7.1946–3.1955), Турсун Улҷабоев (29.3.1955–25.5.3.1956), Н. Додхудоев (25.5. 1956–12.4.1961), А. Қаҳҳоров (19.6.1961–20.7.1973), Раҳмон Набиев (20.7.1973–9.12.1981), Р. Юсуфбеков (9.12.1981–5.1984), У. Усмонов (30.5.1984–11.1989), Л. Қаюмов (7. 11.1989–11.5.1992), Х. Холиқназаров (11.5.1992–11.1992), Р. Олимов (11.8.1992–27.12.1994), Талбак Назаров (28.12.1994–30.11.2006), Ҳамрохон Зарифӣ (1.12.2006‒29.11.2013), Сироҷиддин Муҳриддин (аз 29.11.2013)
Эзоҳ[вироиш | вироиши манбаъ]
Пайвандҳо[вироиш | вироиши манбаъ]
- mfa.tj — сайти расмии Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон(тоҷ.)(рус.)(англ.)
Сарчашма[вироиш | вироиши манбаъ]
- Боз — Вичкут. — Д. : СИЭМТ, 2014. — 676 с. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2021, ҷ. 3). — ISBN 978-99947-33-46-0.