Азимҷон Аминҷонов
Аминҷонов Азимҷон Олимович | |
Таърихи таваллуд | 13 январ 1951 |
Зодгоҳ |
ноҳияи Орҷоникидзеобод, ҶШС Тоҷикистон |
Таърихи даргузашт | 21 сентябр 2015 (64 сол) |
Кишвар | Тоҷикистон |
Фазои илмӣ | кимиё |
Дараҷаи илмӣ: | доктори илмҳои химия |
Унвонҳои илмӣ | профессор |
Алма-матер | Университети давлатии Тоҷикистон ба номи В. И. Ленин (1972) |
Азимҷон Аминҷонов (Аминҷонов Азимҷон Олимович 13 январи 1951, ноҳияи Орҷоникидзеобод, ҶШС Тоҷикистон — 21 сентябри 2015, Душанбе, Тоҷикистон) — химик, доктори илми химия (1992), профессор (1992), академики Академияи байналмилалии мактабҳои олӣ (1994), узви ҳақиқии АИ Нию-Ёрк (1994), узви вобастаи АИҶТ (2008)[1], Ходими шоистаи илми Ҷумҳурии Тоҷикистон (1994).
Зиндагинома
[вироиш | вироиши манбаъ]Азимҷон Аминҷонов 13 январи соли 1951 дар ноҳияи Орҷоникидзеобод (ҳоло ноҳияи Ваҳдат) таваллуд шудааст. Соли 1972 Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон ба номи В. И. Ленин бо дипломи аъло хатм намуда, ба аспирантураи Институти технологии ба номи Ленсовети шаҳри Ленинград (ҳоло Санкт-Петербург) дохил шудааст. Ӯ соли 1975 дар шаҳри Ленинград рисолаи номзадиашро дар мавзӯи «Тавлиф ва таҳқиқи пайвастҳои комплексии рений (V) бо лигандҳои сулфурдори қатори азолӣ» аз рӯи ихтисоси «Химияи ғайриузвӣ» дифоъ кардааст. Аз соли 1976 дар ДДМТ ба ҳайси корманди калони илмӣ (то соли 1980), сардори бахши илмӣ-тадқиқотӣ (солҳои 1980—1987), ҷонишини аввали проректор оид ба корҳои илмӣ (солҳои 1987—1990), проректор оид ба корҳои илмӣ (солҳои 1990—1995), мудири кафедраи химияи ғайриузвӣ (солҳои 1992—2003) фаъолият намудааст. Аз соли 1999 то соли 2008 дар вазифаи проректор оид ба корҳои илмии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон кор кардааст. Моҳи апрели соли 1992 дар Институти химияи маҳлулҳои ғайриобии Академияи илмҳои Федератсияи Россия рисолаи докториро дар мавзӯи «Пайвастҳои комплексии рений (V) бо лигандҳои амидӣ ва тиоамидӣ» аз рӯи ихтисоси «Химияи ғайриузвӣ» дифоъ намудааст. Моҳи октябри соли 1992 ба ӯ унвони профессори кафедраи «Химияи ғайриузвӣ» дода шудааст. Аз соли 2008 то солҳои охир мудири шуъбаи «Тавлифи химиявӣ ва маводи табиӣ» ИИТ Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ва профессори кафедраи химияи ғайриузвии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон шуда кор кардааст.
Азимҷон Аминҷонов вазифаҳои ҷонишини раиси Шӯрои олимони ДМТ, аъзои Шӯрои диссертатсионии Институти химияи ба номи В.И.Никитини АИ ҶТ, раиси комиссияи ташхисии ДМТ, ҷонишини сармуҳаррири маҷаллаи илмии «Паёми ДМТ»-ро ба зимма дошт.
Фаъолияти илмӣ
[вироиш | вироиши манбаъ]Азимҷон Аминҷонов дар илми муосири «Химияи ғайриузвӣ» яке аз олимони варзидаи соҳаи «Химияи пайвастҳои координатсионӣ» эътироф гардида, бо тадқиқотҳои илмӣ, татбиқи амалии натиҷаҳои илмиаш дар истеҳсолот ва усулҳои пешниҳоднамудааш доир ба тавлифу таҳқиқи таркиб ва сохти пайвастҳои комплексӣ дар байни олимони соҳаи химияи координатсионии ватанӣ ва хориҷӣ шинохта шудааст. Аз ҷониби ӯ усулҳои ҳосилкунӣ ва таҳқиқи таркиб ва сохти бештар аз 2300 пайвастҳои нави комплексии филизҳои интиқолӣ бо лигандҳои узвӣ омӯхта ва пешниҳод гардидааст. Аввалин маротиба барои химияи пайвастҳои координатсионии рений (V) ӯ қатори баҳамивазшавии лигандҳо ва лабилнокии атсидолигандҳои доираи дохилии комплексҳоро муқаррар намуда, механизми термолизи ин пайвастҳоро пешниҳод намудааст. Аз ҷониби Азимҷон Аминҷонов 20 номгӯй электродҳои нави оксиду барқароркунандаи лигандӣ коркард шудааст, ки онҳоро метавон дар раванди таҳқиқи комплексҳосилкунии ионҳои филизоти гуногун дар маҳлулҳо васеъ истифода намуд.
Аз ҷониби Азимҷон Аминҷонов аввалин маротиба доир ба таъсири пайвастҳои комплексии рений (V) ба устувории радиатсионӣ ва электризатсияшавии як қатор полимерҳо таҳқиқотҳои васеъ гузаронида шуда муқаррар карда шудааст, ки ҳангоми зиёдшавии адади молекулаҳои лигандҳои тиоамидӣ хосияти антирадии комплексҳо меафзояд.
Азимҷон Аминҷонов дар коркарди асосҳои илмии технологияи вакуумӣ ва автоклав-ваккумии ҳосилшавии маводи композитсионии дорои хосиятҳои худхомӯшкунӣ, нисбати коррозия ва аз ҷиҳати механикию диэлектрикӣ устувор, ки ба талаботи соҳаҳои мошина ва ракетасозӣ, электроника, авиатсия ва сохтмон ҷавобгӯ мебошанд, саҳми калон гузоштааст. Аз ҷониби Азимҷон Аминҷонов нишон дода шудааст, ки пайвастҳои координатсионии баъзе филизҳои интиқолӣ дар ғализатҳои ниҳоят паст баҳри мақсаднок тағйир додани структура ва хосиятҳои системаҳои олигомерӣ ва полимерҳои хаттии калонмолекулӣ истифода шуданашон мумкин аст. Дар ин маврид на танҳо раванди шаклгирии полимер мукаммал мегардад, балки сикли коркарди термикии онҳо низ ихтисор мегардад.
Коркардҳои илмии ӯ дар истеҳсолот барои таъмин намудани назорати раванди сахтшавии маводи композитсионӣ дар асоси ЛБС-4 дар ДНИИТМ (Днепропетровск), барои кӯтоҳ намудани вақти коркарди ҳарорати маводи композитсионӣ дар асоси ВСО-200 дар Ки АПО, КМЗ (Киев), барои дароз намудани муҳлати истифодаи қубурҳои филизӣ дар шаҳри Селиноград ва инчунин дар раванди илму таълим васеъ истифода бурда мешаванд.
Азимҷон Аминҷонов аз рӯи натиҷаҳои илмии ба даст овардааш борҳо дар конференсияҳои байналмилалӣ, умумииттифоқӣ, минтақавӣ ва ҷумҳуриявӣ бо маърӯзаҳои илмӣ баромад намудааст. Ӯ муаллифи зиёда аз 500 номгӯй асарҳои илмӣ, аз ҷумла 5 монографияю васоити таълимӣ ва қариб 40 ихтирооту патентҳо мебошад. Теъдоди зиёди асарҳои илмиаш дар маҷаллаҳои бонуфузи илмии мамолики гуногуни дунё чоп шудааст.
Саҳми Азимҷон Аминҷонов дар тайёр кардани кадрҳои илмӣ-педагогии баландихтисос низ калон аст. Таҳти роҳбарии ӯ 4 нафар рисолаи докторӣ ва 18 нафар рисолаи номзадӣ ҳимоя кардаанд. Хизматҳои бисёрсолаи пурсамари Азимҷон Аминҷонов-ро дар соҳаи илм, татбиқи амалии натиҷаҳои корҳои илмиаш дар истеҳсолот ва тайёр кардани кадрҳои баландихтисоси илмӣ-педагогӣ ба ҳисоб гирифта, ҳамчун олими варзидаи соҳаи химия, Азимҷон Аминҷонов дар миқёси байналхалқӣ низ эътироф карда шудааст. Ӯ узви ҳақиқии Академияи илмҳои шаҳри Ню-Йорк ва академики Академияи байналхалқии мактабҳои олӣ интихоб гардидааст. Ӯ соли 1989 директори Намоишгоҳи байналмилалии «Маорифи халқи Тоҷикистони Шӯравӣ — ба хоҷагии халқ» таъйн шуда буд. Ин намоишгоҳ дар шаҳри Улан-Батор (Ҷумҳурии халқии Муғулистон) бомуваффақият ва дар сатҳи баланд ба маърази тамошои бинандагон расонида шуда буд.
Ҷоизаҳо
[вироиш | вироиши манбаъ]Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ӯро соли 1994 бо унвони «Корманди шоистаи Тоҷикистон» сарфароз гардонидааст. Барои дастовардҳои илмиаш соли 2005 бо нишони нуқрагии Маркази байналхалқии тарҷумаҳолӣ «LEADING Educators of the World» (Кембриҷ, Англия) сарфароз гардонида шудааст.
Осор
[вироиш | вироиши манбаъ]- Об – мӯъҷизаи табиат, Д., 2003;
- Химия дар қоидаҳо, таомулҳо, аксҳо ва нақшаҳо, Д., 2004.
- Элементҳои зергурӯҳи иловагии гурӯҳи VIII Д., 2014.
- Элементҳои зергурӯҳи асосии гурӯҳи VIII Д., 2015.
- Химияи таҳлили қисми 1 ва 2 Д., 2015.
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]- ↑ Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон. Ҳайати шахсӣ. — Душанбе: Дониш, 2011. — 216 с.
Сарчашма
[вироиш | вироиши манбаъ]- А — Асос. — Д. : СИЭМТ, 2011. — 608 с. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир А. Қурбонов ; 2011—2023, ҷ. 1). — ISBN 978-99947-33-45-3.
- Pages using the JsonConfig extension
- Зодагони 13 январ
- Зодагони соли 1951
- Шахсиятҳо аз рӯи алифбо
- Зодагони ноҳияи Ваҳдат
- Даргузаштагони 21 сентябр
- Даргузаштагони соли 2015
- Докторони илмҳои химия
- Олимон аз рӯи алифбо
- Олимони Тоҷикистон
- Кимиёшиносони Тоҷикистон
- Аъзои вобастаи АИ Тоҷикистон
- Дорандагони унвонҳои фахрии байналмилалӣ аз Тоҷикистон
- Олимони Фарҳангистони улуми Тоҷикистон
- Олимони Донишгоҳи миллии Тоҷикистон