Азрақия
Зоҳир
Азрақия ё азориқа (ар. أزارقة) — яке аз тавоифи бузурги хавориҷ ва аз пайравони Нофеъ ибни Азрақ ибни Қайс ҳастанд. Вай аз қабилаи банӣ Ҳанифа ва аз аҳли Басра буда, дар замони Абдуллоҳ ибни Зубайр бар зидди вай хуруҷ кард ва бо Муҳаллаб ибни Абусуфра дар чандин мавзеъ ба задухӯрд пардохт, то саранҷом соли 65 ҳ./685 м. дар наздикиҳои Аҳвоз дар набарди Дулоб кушта шуд.
Ақидаи азориқа ин аст, ки ҳамаи мухолифонашон, яъне дигар мусалмонон мушрик ва аҳли дӯзах мебошанд, куштан ва ғанимат гирифтани молу мулки онҳо ҷоиз аст, барои шахси хориҷӣ ҷоиз нест, ки аз қафои ғайри хориҷӣ намоз бигузорад, зеро ба ақидаи онҳо вай мушрик аст.
Ҳамчунин онҳо ақида доранд, ки сар задани гуноҳони сағира ва кабира ҳар ду аз паёмбарон имкон дорад.
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]Адабиёт
[вироиш | вироиши манбаъ]- Хайруддини Зириклӣ, Ал-аълом, ҷ. 7. – Бейрут, 2007;
- Доиратулмаорифи форсӣ, ҷ. 1. – Теҳрон, 1380 ш.
Ин мақолаи хурд дар бораи ислом аст. Бо густариши он ба Википедия кӯмак кунед. |