Jump to content

Байҳасия

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод

Байҳасия (ар. بيهسية‎‎) — фирқае хориҷия, ки муассисаш Абубайҳас Ҳайсам ибни Ҷобир мебошад, ки аслан аз Ироқ буда, аз таъқиби Ҳаҷҷоҷ ибни Юсуф ба Мадина фирор кардааст.

Дар Мадина ба тавассути мулозимони ҳокими шаҳр Усмон ибни Ҳайён дастгир ва бо фармони Валид ибни Абдулмалик ба қатл (соли 713) расонда шудааст. Таълимоти Абубайҳас мазмуну моҳиятан ба ақоиду орои азрақия, суфравия ва абозия шабоҳати зиёд дорад. Бинобар он, аксари муҳаққиқон байҳасияро фирқае васатӣ (миёнҷӣ) дар миёни фирқаҳои мазкур арзёбӣ кардаанд.

Бино бар ақидаи байҳасия, муъмин шахсест, ки ба маърифати Худо пардохта, нозил шудани Қуръонро бипазирад ва ҳомии авлиё ва дур аз душманони худ бошад. Пайравони байҳасия масъалаи ҳарому ҳалолро риоя менамуданд, вале таъбиру тафсири онҳоро ҷоиз намедонистанд. Ҳамчунин, муътақид буданд, ки имон меъёри маърифати ҳақиқату кизб аст ва маърифат бо илм ҳосил нахоҳад шуд. Онҳо фарзандони кофирро кофир ва шаробро ҳалол мешумурданд. Яке аз масъалаҳои муҳимме, ки байҳасия мавриди баҳсу баррасӣ қарор дода буд, озодии ирода мебошад. Байҳасиён афъоли бандагонро озод эълон карда, дахолати Худоро дар он рад мекарданд. Бидуни шаҳодат зиноро куфр намедонистанд. Дар ҳаллу фасли баъзе масъалаҳои шаръӣ байни пайравони байҳасия ихтилоф сар зад, ки ин боиси ба шохаҳо ҷудошавии фирқа гардид. Яке аз он шохаҳо афвия буд, ки он ҳам баъдтар, дар заминаи ҳаллу фасли масоили фиқҳӣ, ба қисмҳо ҷудо шуда буд. Ҳоло байҳасия ва шохаҳои он фаъолият надоранд.

  • М. Ҳазратӣ, И. Саидиён. Ислом. Равия, мазҳаб ва фирқаҳои он. Д., 1992;
  • Эмомалӣ Раҳмон. Муҳити зиндагӣ ва олами андешаҳои Имоми Аъзам. Д., 2009;
  • و. مدلونگ، فرقه های اسلامی. تهران، ۱۳۷۷؛
  • ولایتی علی اکبر. پویائ فرهنگ و تمدن اسلام و ایران. ج. ۱. تهران، ۱۳۸۲