Jump to content

Азудуддавла

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
(Тағйири масир аз Азудуддавлаи Дайламӣ)
Азудуддавла
форсӣ: عضدالدوله دیلمی
949 — 983
Пешгузашта Имодуддавла
Ҷонишин Шарафуддавла
967 — 983
Пешгузашта Муиззуддавла
Ҷонишин Шарафуддавла
978 — 983
Пешгузашта Иззуддавла
Ҷонишин Самсомуддавла

Таваллуд 24 сентябр 936(0936-09-24)[1]
Даргузашт 26 март 983(0983-03-26)[2][1] (46 сол)
Мадфан
Дудмон Давлати Бувайҳиён[d]
Ном ҳангоми таваллуд ар. عَضُدُ الدَّولَة أبُو شُجَاع فَنَاخُسرُو بْنُ رُكْن الدَّولَة حَسَن بْنِ بُويه الدَّيلَمِيّ
Падар Рукнуддавла[d]
Фарзандон Баҳоуддавла, Самсомуддавла, Шарафуддавла, Diya' al-Dawla[d] ва Taj al-Dawla[d]
Эътиқод ислом[3] ва шиъа[4][5]
 Парвандаҳо дар Викианбор

Азудуддавла Фанохусрав ибни Рукнуддавла Ҳасан ибни Абушуҷои Буя (тав. 936 – 982) — аз машҳуртарин амирони Оли Бӯя. Писари Рукнуддавла Абуалӣ Ҳасан.

Зиндагинома

[вироиш | вироиши манбаъ]

Аз 13-солагӣ дар Шероз ба тахти Оли Бӯянишаст ва бо кумаки падар ва амакаш Муиззуддавла алайҳи мухолифони худ мубориза бурд. Соли 963 аз тарафи халифаи Бағдод Ал-Мутеъ лақаби «Азудуддавла» гирифт. Соли 971 амири Систон хутба ба номи Азудуддавла хонд ва ҳамон сол шӯриши балучҳоро дар Кирмон пахш кард. Азудуддавла соли 972 бо Мансур ибни Нӯҳи Сомонӣ сулҳ баст.

Соли 974 ба Ироқ рафта туркҳоро саркӯб намуд ва ба ҷои амакаш Бахтиёр бар ҳукумати Бағдод нишаст, вале бар асари фишори падараш дубора канор гирифт ва ба Шероз баргашт. Аммо пас аз марги падараш амаки худ Бахтиёрро кушт, соли 977 Мавсилро забт кард ва сипас мулуки атроф (Диёрбакр, Билоди Ҷабал, Ҳамадон ва ғайра)-ро ба тасарруфи худ даровард. Андаке нагузашта Гургонро ҳам забт кард (980). Пас аз ин воқеа дар бораи Азудуддавла иттилооти кофӣ дар даст нест. Дар замони ҳукумати ӯҳудуди давлати Бувайҳиён аз канораи дарё Хазар то соҳили Уммон расид. Азудуддавла нахустин амире буд, ки баъд аз ислом лақаби «шоҳаншоҳ»-ро ба худ гирифт. Дар замони ӯ корҳои давлатӣ ва девонсолории Оли Бӯя муназзам гардиданд ва ҳаёти иқтисодию тиҷорат равнақ гирифтанд, амнияти роҳҳои тиҷоратӣ таъмин гардид. Азудуддавла дар ободонии шаҳрҳои Бағдод, Ҳамадон, Аҳвоз, Шероз ва навоҳии дигар таваҷҷуҳи хос медод, ба шеъру адаб, илму ҳунар алоқаи хос дошта, донишмандонро эҳтиром мекард. Бо вуҷуди ин муаррихин шахсияти ӯро ба унвони амири бераҳм ва худком тавсиф кардаанд.