Jump to content

Айваҷ (деҳа, н. Шаҳритӯс)

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
(Тағйири масир аз Айваҷ)
Деҳа
Айваҷ
Кишвар  Тоҷикистон
Вилоят Хатлон
Ноҳия Шаҳритӯс
Ҷамоат Деҳоти Ҷӯра Назаров
Таърих ва ҷуғрофиё
Аҳолӣ
Аҳолӣ 6473 тан (2017)
Миллият арабҳо
Эътиқодот мусулмонони ҳанафимазҳаб
Забони расмӣ тоҷикӣ
Пешшумораи телефон +992 3240
Нишон додан/Пинҳон кардани харита

Айваҷ (баъзан Айвоҷ) — деҳа дар ҷамоати деҳоти Ҷӯра Назарови ноҳияи Шаҳритӯс. Аз Айваҷ то маркази ҷамоат 12 км, то маркази ноҳия 35 км; роҳ асфалтпӯш. Аҳолиаш 6473 нафар (2017), арабҳо.

Сол 2010[1]
Аҳолӣ,
ҳазор наф.
5,8

Айваҷ 3 мактаби таҳсилоти миёнаи умумӣ, бунгоҳи тиббӣ, китобхона ва 6 нуқтаи савдои хусусӣ дорад. Соҳаҳои асосии хоҷагӣ: пахтакорӣ, боғдорӣ, ғаллакорӣ ва чорводорӣ. Заминҳо аз дарёи Кофарниҳон обёрӣ мешаванд. Ёдгории таърихии Тилло Ҳаллоҷӣ дар ҳудуди Айваҷ воқеъ аст.

  1. Wayback Machine. web.archive.org (11 октябри 2017). 23 Декабри 2022 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 11 октябри 2017.