Дар соли 1942 дар вилояти Ленинобод ноҳияи Колхозчиён ва Чкалов, дар вилояти Ғарм ноҳияи Нулванд ва дар ВАБК ноҳияи Аличур ташкил карда шуданд.
Дар соли 1944 ноҳияҳои Ворошиловобод, Даҳанакиик, Ҷиликул, Кагановичобод, Кировобод, Куйбршев, Қӯрғонтеппа, Микоянобод, Молотовобод, Октябр, Шаҳритуз аз вилояти Сталинобод ба вилояти нави Қӯрғонтеппа ва аз вилояти Кӯлоб ноҳияи Данғара дода шуданд. Ноҳияи Обигарм аз вилояти Ғарм ба вилояти Сталинобод дода шуд. Дар вилояти Ленинобод ноҳияи Ғончӣ ташкил карда шуд.
Дар соли 1945 ноҳияҳои Ғончӣ, Заҳматобод, Калининобод, Колхозчиён, Мастчоҳ, Панҷакент, Ӯротеппа ва Шаҳристон аз вилояти Ленинобод ба ҳайати вилояти Ӯротеппа дода шуданд. Дар вилояти Ленинобод ноҳияи Шӯроб ташкил карда шуд.
Соли 1946 дар вилояти Сталинобод ноҳияи Олмасин ташкил карда шуд.
Дар соли 1947 вилояти Қӯрғонтеппа барҳам дода, ноҳияҳои он ба вилоятхои Сталинобод ва Кӯлоб баргардонда шуданд. Вилояти Ӯротеппа барҳам дода, ҳамаи ноҳияҳои он ба вилояти Ленинобод баргардонда шуданд. Дар ВАБК ноҳияи Аличур, дар вилояти Ленинобод ноҳияи Шӯроб барҳам дода шуд. Ноҳияи Обигарм аз вилояти Сталинобод ба вилояти Ғарм дода шуд.
Соли 1948 дар вилояти Ленинобод ноҳияи Ғончӣ, дар вилояти Сталинобод ноҳияи Олмосин ва дар ВМКБ ноҳияи Вахон барҳам дода шуд [2] .
Соли 1949 дар вилояти Ғарм ноҳияҳои Қалъаи Лабиоб ва Ҳоит ба ноҳияи Тоҷикобод муттаҳид карда шуданд.
4 январи соли 1963 якчанд ноҳияҳои РСС Тоҷикистон аз нав дида баромада шуд. 25 ноҳия ташкил карда шуд: Ашт, Восеъ, Ғарм, Ҳисор, Данғара, Ҷиргатол, Конибодом, Колхозобод, Куйбишев, Қӯрғонтеппа, Ленин, Мастчоҳ, Москва, Нов, Орҷоникидзеобод, Панҷакент, Панҷ, Регар, Ӯротеппа, Шаҳритузи тобеи республикавй; Ванҷ, Ишкошим, Мурғоб ва Шуғнон дар ВМКБ [4] .
6 январи соли 1965 ноҳияҳои Айнӣ, Ғончӣ, Исфара, Қалъаи Хумб (ВМКБ), Комсомолобод, Кӯлоб, Қумсангир, Фархор, Рӯшон (ВМКБ) ва Ёвон ташкил карда шуданд. Вилояти Қӯрғонтеппа ба Вахш табдил дода шуд. Дар охири соли 1965 ноҳияи Зафаробод ташкил ёфт.
Соли 1966 ноҳияи Қӯрғонтеппа ва соли 1969 ноҳияҳои Пролетар, Совет ва Файзобод ташкил карда шуданд.
Соли 1970 вилояти Ленинобод аз нав дар ҳайати РСС Точикистон ташкил карда шуд. Ба он ноҳияҳои Айнӣ, Ашт, Ғончӣ, Зафаробод, Исфара, Конибодом, Мастчоҳ, Нов, Панҷакент, Пролетар, Ӯротеппа, Хӯҷанд дохил мешуданд.
Соли 1973 ноҳияи Кӯлоб дар ҳайати РСС Тоҷикистон аз нав ташкил карда шуд. Аз тобеи республика ба он ноҳияҳои Восеъ, Данғара, Кӯлоб, Москва, Фархор, Панҷ, Совет дохил мешуданд. Инчунин дар ҳайати вилоят ноҳияи Ленинград ташкил карда шуд.
Соли 1977 вилояти Қӯрғонтеппа аз нав дар ҳайати РСС Тоҷикистон ташкил карда шуд. Ба ҳайати он ноҳияҳои Вахш, Колхозобод, Куйбишев, Қумсангир, Қӯрғонтеппа, Шаҳритуз ва Ёвон аз тобеи республика дохил шуданд.
Соли 1978 дар вилояти Қӯрғонтеппа ноҳияи Қубодиён ташкил ёфт. Ноҳияи Регари тобеи ҷумҳурӣ ба Турсунзода табдил дода шуд.
Соли 1979 дар вилояти Қӯрғонтеппа ноҳияи Ҷиликӯл ташкил ёфт. Ноҳияи Панҷ аз вилояти Кӯлоб ба вилояти Қӯрғонтеппа дода шуд.
Соли 1980 дар вилояти Қӯрғонтеппа ноҳияи Қӯрғонтеппа барҳам дода, ноҳияи Коммунистӣ ташкил карда шуд.
Соли 1983 ноҳияи Ховалинги вилояти Кӯлоб ва ноҳияи Иличевски вилояти Қӯрғонтеппа ташкил карда шуданд.