Ҷаҳиш ба мӯҳтаво

Ваҳдат (деҳа, н. Шаҳритӯс)

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Деҳа
Ваҳдат
Кишвар  Тоҷикистон
Вилоят Вилояти Хатлон
Ноҳия ноҳияи Шаҳритӯс
Ҷамоат Деҳоти Пахтаобод
Таърих ва ҷуғрофия
Аҳолӣ
Шумора 2255 тан (2017)
Миллатҳо тоҷикон
Дин мусулмонони ҳанафимазҳаб
Забони расмӣ тоҷикӣ
коди телефон +992 3240
Нишон додан/Пинҳон кардани харита

Ваҳдат (собиқ Якуми Май) — деҳа дар ҷамоати деҳоти Пахтаободи ноҳияи Шаҳритӯс. Аз Ваҳдат то маркази ҷамоат 8 км, то маркази ноҳия 37 км. Аҳолиаш 2255 нафар (2017), тоҷикон.

Мактаби таҳсилоти миёнаи умумӣ, бунгоҳи тиббӣ, масҷиди панҷвақта, 10 хоҷагии деҳқонии инфиродӣ ва нуқтаҳои савдои хусусӣ дорад. Соҳаҳои асосии хоҷагӣ: боғдорӣ, пахтакорӣ, чорводорӣ ва сабзавоткорӣ. Заминҳо аз дарёи Кофарниҳон обёрӣ мешаванд.