Акрам Акобиров Қурбонович
Таърихи таваллуд | 4 август 1954 |
---|---|
Зодгоҳ | Ҷалолиддини Румӣ |
Акобиров Акрам Қурбонович ( 4 августи 1954, пос. Ҷилликул, ноҳияи Колхозобод; ҳоло ноҳияи Ҷалолиддини Румӣ), арбоби низомӣ, генерал-майор (2003).
Солҳои фаъолият
[вироиш | вироиши манбаъ]Хатмкардаи факултети таърихи УДТ (1976). Муаллими мактаби миёна дар ноҳияи Ёвон (1976 – 1979), таҳсил дар Мактаби махсуси Комитети амнияти давлатии СССР (шаҳри Тошканд, 1979 – 1980), ваколатдори фаврӣ дар ноҳияи Ёвон (1980 – 1984), таҳсил дар Академияи Комитети амнияти давлатии СССР дар шаҳри Москва (1984 – 1985), хидмат дар Ҷумҳурии Афғонистон (1988 – 1990), сарваколатдор ва ҷонишини сардори гурӯҳи фаврӣ дар минтақаи Кӯлоб (1990 – 1996), ҷонишини сардори раёсати Комитети амнияти миллӣ (КАМ) дар вилояти Суғд (1996 – 1997), ҷонишини сардори раёсати КАМ дар вилояти Хатлон (1997 – 99), сардори раёсати КАМ-и вилояти Суғд (1999 – 2004), сардори раёсати КАМ-и Ҷумҳурии Тоҷикистон (2004 – 2006). Аз соли 2006 мушовири Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон, мушовири сафоратхонаи ҶТ дар Ҷумҳурии Қирғизистон (аз соли 2009). Бо ордени Спитамен сарфароз гардидааст.
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]Сарчашма
[вироиш | вироиши манбаъ]- А — Асос. — Д. : СИЭМТ, 2011. — 608 с. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир А. Қурбонов ; 2011—2023, ҷ. 1). — ISBN 978-99947-33-45-3.