Jump to content

Актинобатсиллёз

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод

Актинобатсиллёз (аз актино… ва лотинӣ bacillus – батсилла) — проактиномикоз, псевдоактиномикоз, як навъ касалии музмини сироятии ҳайвонот. Актинобатсиллёз бори аввал соли 1902 дар Аргентина ба қайд гирифта шудааст. Баъдтар он дар мамолики Европа, ШМА ва Африқои Ҷанубӣ мушоҳида гашт. Ҳангоми актинобатсиллёз дар бофтаҳои нарми сар (забон, лаб, рӯй), гардан, ғуддаҳои лимфавӣ ҷароҳати фасоднок пайдо мешавад. Ангезандаи актинобатсиллёз Proactinomyces lignieresi буда, ба воситаи ҷойҳои зарардидаи бофтаҳо ва хӯрок ба организми ҳайвони солим ворид мегардад. Проактиномисетҳо дар табиат васеъ паҳн шудаанд. Онҳо дар хок, гарду чанг, рустаниҳо, пӯсту луобпардаи ҳайвонот маскун мебошанд. Ба актинобатсиллёз хукчаҳои баҳрӣ, харгӯш, сагу гурбаҳо, гов, гӯсфандон, хук гирифтор мегарданд. Дар баъзе мавридҳо ангезандаи актинобатсиллёз ба узвҳои дарун низ зарар мерасонад. Актинобатсиллёз зимистон ё баҳор пайдо мешавад. Зарари иқтисодии актинобатсиллёз зиёд нест. Актинобатсиллёзи одам хеле кам дучор меояд. Муолиҷа: истифодаи йод, пенисиллин, окситетрасиклин ва ғайра.