Акти таслими Япония

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Jump to navigation Jump to search
Акти таслими Япония
Instrument of surrender.jpg
Тип договора Акт о капитуляции
Дата подписания 02.09.1945
— место Шаблон:Флагификация, Токийский залив, линкор «Миссури»
Вступление в силу 02.09.1945
Стороны Шаблон:Флагификация

Шаблон:Флагификация
Шаблон:Флагификация
Шаблон:Флагификация
Шаблон:Флагификация
Шаблон:Флагификация
Шаблон:Флагификация
Шаблон:Флагификация
Шаблон:Флагификация
Шаблон:Флагификация

Место хранения Шаблон:Флагификация, Тайбэй, Президентский дворец
Язык английский
Wikisource-logo.svg Викитека содержит текст:
ru:Акт о капитуляции Японии (2 сентября 1945)

Акти таслими Япония (ҷопонӣ: 日本の降伏, Нихон-но ко: фуку) — санади ҳуқуқие, ки таслими Япония, ва анҷоми Ҷанги дуюми ҷаҳонӣ, аз ҷумла ҷанг дар Уқёнуси Ором ва ҷанги СССР ва Японияро қонунӣ гардонд. Пас аз ғалаба бар Германияи фашистӣ, 17 июл – 2 августи 1945 дар қасри Сетсиленҳофи шаҳри Потсдам (20 км ҷанубу ғарбии Берлин) конференсияи сардорони се давлати абарқудрати иттифоқи зиддигитлерӣ дар Ҷанги дуюми ҷаҳонӣ бо мақсади муайян намудани сохтори баъдиҷангии Европа барпо шуд. 26 июли 1945 дар ин конференсия аз номи ҳукуматҳои Британияи Кабир, ШМА ва Хитой декларатсияи якҷояе қабул карда шуд, ки таслими бечунучарои Японияро дар Ҷанги дуюми ҷаҳонӣ талаб ва равандҳои асосии танзими осоиштаро тасвия мекард. 28 июл ҳукумати Япония талаботи конференсияи Потсдамро инкор кард. 8 августи 1945 СССР ба декларатсияи Потсдам ҳамроҳ шуда, ба Япония ҷанг эълон намуд ва амалиёти низомии хушкии худро оғоз кард. 6 ва 9 августи ШМА ба шаҳрҳои Хиросима ва Нагасаки бомбаи ядроӣ партофт. 10 августи Япония оид ба қабули шартҳои конференсияи Потсдам бо эзоҳ нисбати нигоҳ доштани сохтори ҳокимияти императорӣ расман хабар дод. 14 август Япония пурра шартҳои конференсияи Потсдамро қабул намуд. Имзои расмии Акти таслими Япония 2 сентябри 1945 дар соати 9-у 02 дақиқа (бо вақти Токио) дар саҳни киштии ҳарбии «Миссурӣ» (ШМА) дар халиҷи Токио баргузор гардид. Акти таслими Японияро аз ҷониби Япония вазири корҳои хориҷӣ Сигэмитсу Мамору ва сардори штаби генералӣ Умэдзу Ёсидизиро, сипас аз ҷониби мамлакатҳои иттифоқчӣ нахуст сарфармондеҳи қӯшунҳои иттифоқчиён генерали армия Д. Макартур (ШМА), сипас намояндагони мамлакатҳои иттифоқчӣ: – адмирал Ч. Нимис (ШМА), адмирал Б. Фразэр (Британияи Кабир), генерал-лейтенант К.Н. Деревянко (СССР) ва дигарон имзо карданд. 3 сентябри 1945 дар СССР «Рӯзи ғалаба бар Япония» эълон карда шуд, вале ин ид чун «Иди Ғалаба» бар Германия фашистӣ (9 майи 1945) ба иди умумихалқӣ табдил наёфт.

Эзоҳ[вироиш]

Сарчашма[вироиш]