Алафкуш
Алафкушҳо, ҳербисидҳо (аз лот. herba — алаф ва caedo — мекушам) — моддаҳои кимиёие, ки барои нест кардани алафҳои бегона истифода мешаванд.
Ҳербисидҳо умумӣ, махсус ё интихобӣ мешаванд. Ҳербисидҳои умумӣ барои нест кардани рустаниҳои атрофи корхонаҳои саноатӣ, майдонҳои ҳавоӣ, роҳҳои оҳану мошингард, кӯлу обанборҳо ва ҳербисидҳои махсус барои муҳофизати зироати кишоварзӣ аз алафҳои бегона истифода бурда мешаванд. Ҳоло бештар аз 1000 пайвастҳои дорои хосияти ҳербисидӣ маълуманд. Аз онҳо қариб 140-тоашон дар амаланд. Ҳербисидҳо асосан дар намуди хока, маҳлул, эмулсия тайёр карда мешаванд. Истифодаи онҳо ба ҳавопаймою агрегатҳои гуногун таъмин карда мешаванд. Феҳристи онҳо гуногунанд (агелон, атразин, зенкор, котофор, рамрад, соморин ва ғайра).[1]
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]- ↑ Фарҳанги истилоҳоти ҳуқуқ / Зери таҳрири Маҳмудов М. А. — Душанбе: ЭР-граф, 2009. — С. 126
Адабиёт
[вироиш | вироиши манбаъ]- Гербитсидҳо // Вичлас — Гӯянда. — Д. : СИЭМТ, 2015. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 4). — ISBN 978-99947-33-77-4.
Ин химия мақолаи хурд аст. Бо густариши он ба Википедия кӯмак кунед. |