Александри III
Александри III | ||||
---|---|---|---|---|
русӣ: Алекса́ндр III Алекса́ндрович | ||||
![]() | ||||
![]() | ||||
|
||||
|
||||
Таваллуд |
26 феврал (10 март) 1845[1][2] Санкт-Петербург |
|||
Даргузашт |
20 октябр (1 ноябр) 1894[1][2] (49 сол) |
|||
Мадфан | ||||
Ҷинс | Romanov-Holstein-Gottorp[d] | |||
Ном ҳангоми таваллуд | русӣ: Александр Александрович | |||
Падар | Александри II[1] | |||
Модар | Мария Александровна (шоҳбону)[1] | |||
Ҳамсар | Мария Фёдоровна (ҳамсари Александри III)[1][6] | |||
Фарзандон | Николай II[7][1], Grand Duke Alexander Alexandrovich of Russia[d], Grand Duke George Alexandrovich of Russia[d][1][8], Grand Duchess Xenia Alexandrovna of Russia[d][1][9], Grand Duke Michael Alexandrovich of Russia[d][1][10] ва Olga Alexandrovna of Russia[d][1][11] | |||
Эътиқод | Калисои православии Русия[d] | |||
Соядаст |
![]() |
|||
Монограмма |
![]() |
|||
Ҷоизаҳо | ||||
Рутба | Размовар, podporuchik[d], poruchik[d], stabskapitän[d], Сарвашт, полковник, Гундсолор, Лашкарсолор, General of the Infantry (Imperial Russia)[d], General of the Cavalry[d] ва Генерал-адютант | |||
![]() |
Александри III Александрович (10 марти 1845, Санкт-Петербург – 1 ноябри 1894, Қрим) — императори Умумироссиягӣ, шоҳи Полша ва князи бузурги Финляндия аз сулолаи Романовҳо бо лақаби «Сулҳовар», 2 (14) марти 1881 пас аз вафоти падараш ба тахти салтанат нишаст.
Қаҳрамониҳо[вироиш]
Яке аз ҳуҷҷатҳои аввалини ба имзо расондаи Александри III «Манифест дар бораи устувории ҳокимияти мутлақ» (29 апрели 1881) буда, он дур шудан аз роҳи пешинаи озодфикрӣ (либералӣ) мебошад. Солҳои 1881 – 1885 як қатор чорабиниҳо барои беҳтар гардондани ҳаёти деҳқонон, кам кардани андозҳо, ҳимояи меҳнати занону наврасон гузаронда шуданд. Ислоҳоти судӣ ва молиявӣ гузаронда шуда, дар ҳокимиятҳои маҳаллӣ (земство) нуфузи табақаи дворянӣ боло бардошта шуд. Солҳои 1882 – 1884 бисёр нашриётҳо баста шуда, худмухторияти донишгоҳҳо бекор карда шуд, мактабҳои ибтидоӣ ба Синоди Муқаддас гузашта, ба фарзандони камбағалон гирифтани маълумот манъ карда шуд. Дар давраи ҳукмронии Александри III Руссия дар ягон ҷанг иштирок накарда, як муддат сулҳ барқарор буд ва аз ин рӯ ба Александри III лақаби «Сулҳовар»-ро доданд. Самтҳои асосии сиёсати берунаи Александри III тақвияти нуфузи Руссия дар нимҷаз. Балкан, ёфтани иттифоқчиёни боэътимод, сулҳу салоҳ бо ҳамаи давлатҳо, муайян кардани сарҳадҳои ҷанубӣ дар Осиёи Миёна ва мустаҳкамшавии Руссия дар марзҳои нави Шарқи Дур буданд. Соли 1885 Руссия бо Англия созишномае дар бораи муайян кардани сарҳадҳои ҷанубӣ имзо карданд. Тибқи он сарҳади манфиатҳои ду давлати абарқудрат дарёҳои Панҷ ва Омӯ муайян карда шуда заминҳои тоҷикнишини соҳили чапи дарёи Ому ба Афғонистон гузаштанд.
20 октябри 1894 дар Ливадия (Қрим) вафот кард ва дар калисои Петропавловскийи Петербург дафн карда шудааст. Ба хотираи Александри III дар аморати Бухоро ордени сеюми тоҷикӣ – «Нишони Искандари солиси дор-ус-салтанаи Бухорои Шариф» соли 1894 таъсис дода шуд. Бо номи Александри III дар шаҳрҳои Руссия кӯчаву хиёбонҳо, кӯпруку музей номгузорӣ ва ҳайкалҳояш гузошта шудаанд.
Эзоҳ[вироиш]
- ↑ 1.0 1.1 1.2 1.3 1.4 1.5 1.6 1.7 1.8 1.9 Александр III (рус.) // Энциклопедический словарь / под ред. И. Е. Андреевский — СПб.: Брокгауз — Ефрон, 1890. — Т. I. — С. 411—413.
- ↑ 2.0 2.1 D. M. W. Alexander III. (ингл.) // Encyclopædia Britannica — 11 — NYC: 1911. — Vol. 1. — P. 581—583.
- ↑ http://sputniknews.com/voiceofrussia/radio_broadcast/2248142/2314900/
- ↑ http://www.freewebs.com/georgeromanov/theparentsofgeorge.htm
- ↑ Ливадия, царское имение в Крыму (рус.) // Энциклопедический словарь — СПб.: Брокгауз — Ефрон, 1896. — Т. XVIIа. — С. 644.
- ↑ Мария Феодоровна (рус.) // Энциклопедический словарь — СПб.: Брокгауз — Ефрон, 1896. — Т. XVIIIа. — С. 639.
- ↑ Николай II (рус.) // Энциклопедический словарь — СПб.: Брокгауз — Ефрон, 1897. — Т. XXI. — С. 124—128.
- ↑ Георгий Александрович (рус.) // Энциклопедический словарь — СПб.: Брокгауз — Ефрон, 1892. — Т. VIII. — С. 420.
- ↑ Ксения Александровна (рус.) // Энциклопедический словарь — СПб.: Брокгауз — Ефрон, 1895. — Т. XVIа. — С. 907.
- ↑ Михаил Александрович (рус.) // Энциклопедический словарь — СПб.: Брокгауз — Ефрон, 1896. — Т. XIXа. — С. 485.
- ↑ Ольга Александровна (рус.) // Энциклопедический словарь — СПб.: Брокгауз — Ефрон, 1897. — Т. XXIа. — С. 911.
Сарчашма[вироиш]
- А — Асос. — Д. : СИЭМТ, 2011. — 608 с. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир А. Қурбонов ; 2011—2017, ҷ. 1). — ISBN 978-99947-33-45-3.