Алессандро Баузани
![]() |
Алессандро Баузани | |
---|---|
итол. Alessandro Bausani | |
![]() | |
Таърихи таваллуд: | 29 май 1921[1][2] |
Зодгоҳ: | |
Таърихи даргузашт: | 12 март 1988[3] (66 сол) |
Маҳалли даргузашт: | |
Кишвар: | |
Фазои илмӣ: | Islamic studies[d], таърихи дин[d], Забони индонезӣ, урду ва ҳиндӣ |
Ҷойҳои кор: |
БАУЗÁНИ Алессандро шарқшиноси итолиёӣ, диншинос ва мутарҷим. Баузани донандаи тақр. 30 забони дунё буд.
Зиндагинома[вироиш]
Донишгоҳи Римро хатм кардааст (1943). Муаллими забони форсии Донишгоҳи Рим (1944–56), мудири кафедраи забон ва адабиёти форсии Донишгоҳи Неапол (1956–71). Дар Донишкадаи Шарқи Неапол аз адабиёти форсӣ ва индонезӣ дарс мегуфт. Дар охири умраш ба ҳайси профессори исломшиносии Донишгоҳи Рим кор кардааст.
Осор[вироиш]
Баузани муаллифи пажӯҳишҳои муътабар аз қабили «Таърихи адабиёти Покистон» (1958), «Таърихи адабиёти форсӣ» (1960), «Дин дар Форс: аз Зардушт то Баҳоуллоҳ» (1959), «Будо» (1973), «Ислом» (1980) ва ғ. мебошад. Қуръон (1955), маҷмӯаи матнҳои дини зардуштӣ (1962), «Ҳафт пайкар»-и Низомии Ганҷавӣ (1982), намунаҳо аз эҷодиёти Абуалӣ ибни Сино, Умари Хайём, Убайди Зоконӣ, Бедил, Муҳаммад Иқболро ба забони итолиёӣ тарҷума кардааст, ки ба шакли маҷмӯа низ ба табъ расидаанд.
Эзоҳ[вироиш]
- ↑ Bibliothèque nationale de France идентификатор BNF (фр.): платформаи додаҳои боз — 2011.
- ↑ AlKindi (онлайн-каталог Доминиканского института востоковедения)
- ↑ 3.0 3.1 3.2 German National Library, Berlin State Library, Bavarian State Library, Austrian National Library Record #119058413 // Общий нормативный контроль (GND) — 2012—2016.
- Асос — Боз. — Д. : СИЭМТ, 2013. — 664 с. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2017, ҷ. 2). — ISBN 978-99947-33-52-4.