Jump to content

Алиилоҳиён

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод

Алиилоҳиён — Алиоллоҳиён, аҳли ҳақ, як фирқаи ғулоти шиъа, ки пайравонаш нахустин имоми шиъа ва халифаи чаҳорум Али ибни Абитолибро мисли Худо мепарастиданд. Дар садаи XV дар Эрон ва дигар давлатҳои ҳамҷавори он дар байни озарбойҷониҳо, туркҳо, форсҳо ва курдҳо пайдо шуд. Алиилоҳиён аз чанд фирқаи хурд иборат буда, дар маҳалҳои гуногун номҳои мухталиф доштанд. Бино ба маълумоти муҳаққиқони асрҳои миёна алиилоҳиён як фирқаи сиёсӣ буд ва бештар дар Эрон, Ироқ ва Афғонистону Туркия интишор ёфта, ҳамчун афкори озодандешона байни деҳқонон ва ҳунармандону дӯкондорон амал мекард. Пайравонаш бештар мазҳаби худро шиъаи имомӣ мегуфтанд. Алӣ дар назари алиилоҳиён кушояндаи «ваҳйи илоҳӣ» буда, ҳамаи дигар пайғамбарон (Мусо, Исо, Муҳаммад) онро ба воситаи Алӣ дарёфтаанд. Алиилоҳиён сайри такомулии рӯҳ (аз ҷамоду набототу ҳайвон то малакут)-ро мепазиранд ва аввалин таҷаллии томро дар Алӣ мебинанд. Суханоне, ки аз бузургони мазҳаби ин фирқа боқӣ мондаанд, гуфтор (панду андарз) ва калом мебошанд. Дар ибодати алиилоҳиён таъсири масеҳият, буддоия ва равияю ҷараёнҳои гуногуни Шарқ ҷой дорад. Ҷашни «Худовандгор» («Ховандгор») баъди се шабу рӯз рӯза гирифтан ҳар сол як маротиба ҷашн гирифта мешавад. Талоқ дар назди онҳо муҷоз нест. Баъзе муҳаққиқони Ғарб алиилоҳиёнро бо нусайрия як медонанд, ки нодуруст аст. Ҳар ду фирқа ҳам Алиро ба дараҷаи худоӣ мепарастанд, вале бисёр нуқтаҳои таълимоти ин фирқаҳо аз ҳамдигар фарқ мекунанд.