Jump to content

Аловуддин Абдуллозода

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
(Тағйири масир аз Аловиддин Абдуллоев)
Аловуддин Абдуллоев
Таърихи таваллуд: 15 май 1965(1965-05-15)
Зодгоҳ: Қурғонтеппа, вилояти Қурғонтеппа, ҶШС Тоҷикистон
Таърихи даргузашт 17 феврал 2022(2022-02-17) (56 сол)
Маҳалли марг:
Шаҳрвандӣ:  Тоҷикистон
Касб: ҳунарпеша
Корнома: 19892022
Ҷоизаҳо: Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон (2006)
Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон (2013).
IMDb: ID 0008301

Аловуддин Абдуллозода (Аловуддин Абдуллоев; 15 майи 1965, Қурғонтеппа, вилояти Қурғонтеппа, ҶШС Тоҷикистон — 17 феврали 2022, Бохтар, вилояти Хатлон, Тоҷикистон) — ҳунарпешаи театр ва синамо, ҳаҷвнигори шинохтаи тоҷик. Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон (2006), Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон (2013).

Зиндагинома

[вироиш | вироиши манбаъ]

Соли 1989 Донишкадаи давлатии санъати ба номи Мирзо Турсунзодаро хатм карда, фаъолияташро дар Театри мусиқӣ-мазҳакаи шаҳри Қурғонтеппа шурӯъ намуд, ҳамчун ҳунарпеша ва коргардон бомуваффақият кор кард, чандин сол роҳбарии ин театрро ба дӯш дошт. Абдуллоев се соли ахири умр раҳбарии Сарраёсати фарҳанги вилояти Хатлонро ба уҳда дошт.

«Моҷарои имтиҳон», «Антигона», «Табиби зӯракӣ», «Бозиҳои манфиатҷӯёна», «Ҳиллаҳои Аҷузкампир», «Аршин мол-олон», «Лаку Пак», «Шаби гирифтани моҳ», «Давлати Сомониён», «Найрангҳои Скапен», «Масал бигӯ, Эзоп» аз зумраи намоишномаҳоанд, ки номбурда нақши марказӣ бозидааст.

Дар филмҳои «Братан», «Падари моҳтобӣ», «Туҳмат», «Чоҳ», «Қиёми рӯз», «Шоҳид» ва «Интихоби ман», филмҳои телевизионии «Дар орзуи падар», «Боғоч», «Фарзандони бегона», «Қарзи виҷдон», силсилафилми «Хуррамдиёр» ва ғайра низ нақшҳои хотирмон офаридааст.

Дар бисёр филмҳои ҳуҷҷатӣ ва филмографияҳо ба сифати нақшофару коргардон иштирок намудааст.

Барномаи махсуси телевизионии «Шӯхиҳои Аловуддин», ки қаҳрамонҳои шӯҳиҳояш аз рӯзгори атрофиён гирифта мешаванд ва аксар муаллиф худаш ҳасту якбора чанд нақшро меофарад, писанди умум гардидааст.

Аловуддин Абдуллоев сар аз моҳи сентябри 2019 яке аз доварони шоу-барномаи Central Asia Got Talant буданд[1].

Аловуддин Абдуллоев субҳи панҷшанбеи 17 феврали 2022 бар асари сактаи дил[2] дар шаҳри Бохтар даргузашт[3][4].

Дар соли 2022 ба номи Қасри фарҳанг ва маркази иттилоотии шаҳри Бохтар номи ӯ гузошта шуд[5][6].

  1. Стали известны имена судей и ведущих Central Asia’s Got Talent. 24.kz. Телеканал «Хабар 24» (1 июли 2019). 21 октябри 2019 санҷида шуд.
  2. Даргузашти Аловуддин Абдуллоев бар асари сактаи қалб(тоҷ.). Фараж (17 феврали 2022). 17 феврали 2022 санҷида шуд.
  3. Аловиддин Абдуллоев, ҳунарманд ва ҳаҷвнигори шинохтаи тоҷик даргузашт(тоҷ.). Радиои Озодӣ. 17 феврали 2022 санҷида шуд.
  4. Даргузашти Аловуддин Абдуллоев ҳунарманди саршиноси ҳаҷву театри тоҷик. asiaplustj.info. ASIA-Plus. 17 феврали 2022 санҷида шуд.
  5. Дворцу культуры в Бохтаре присвоили имя Аловуддина Абдуллозода | Новости Таджикистана ASIA-Plus. www.asiaplustj.info. 28 Декабри 2022 санҷида шуд.
  6. Қасри фарҳанги Бохтарро ба номи ҳаҷвнигори тоҷик гузоштанд(тоҷ.). Радиои Озодӣ. 28 Декабри 2022 санҷида шуд.
  • Арбобони фарҳанги тоҷик. Донишнома / Муаллиф-мураттиб Ёрмуҳаммади Сучонӣ. — Душанбе, 2016. — 863 с.