Аловуддин Абдуллоев
Аловуддин Абдуллоев | |
---|---|
![]() | |
Таърихи таваллуд: | 15 май 1965 (55 сол) |
Зодгоҳ: | Қурғонтеппа, вилояти Қурғонтеппа, ҶШС Тоҷикистон |
Шаҳрвандӣ: |
![]() |
Касб: | ҳунарпеша |
Корнома: | 1989—то ҳол |
Ҷоизаҳо: |
Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон (2006) Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон (2013). |
IMDb: | ID 0008301 |
Аловуддин Абдуллоев (15 майи 1965, Қурғонтеппа, вилояти Қурғонтеппа, ҶШС Тоҷикистон) — ҳунарпешаи театр ва синамо, ширинкор. Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон (2006), Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон (2013).
Зиндагинома[вироиш]
Соли 1989 Донишкадаи давлатии санъати ба номи Мирзо Турсунзодаро хатм карда, фаъолияташро дар Театри мусиқӣ-мазҳакаи шаҳри Қурғонтеппа шурӯъ намуд, ҳамчун ҳунарпеша ва коргардон бомуваффақият кор кард, чанд соли охир роҳбарии ин театрро ба дӯш дошт.
Нақшҳо[вироиш]
Театр[вироиш]
«Моҷарои имтиҳон», «Антигона», «Табиби зӯракӣ», «Бозиҳои манфиатҷӯёна», «Ҳиллаҳои Аҷузкампир», «Аршин мол-олон», «Лаку Пак», «Шаби гирифтани моҳ», «Давлати Сомониён», «Найрангҳои Скапен», «Масал бигӯ, Эзоп» аз зумраи намоишномаҳоанд, ки номбурда нақши марказӣ бозидааст.
Синамо[вироиш]
Дар филмҳои «Братан», «Падари моҳтобӣ», «Тӯҳмат», «Чоҳ», «Кимиёи рӯз», «Шоҳид» ва «Интихоби ман», филмҳои телевизионии «Дар орзуи падар», «Боғоч», «Фарзандони бегона», «Қарзи виҷдон», силсилафилми «Хуррамдиёр» ва ғайра низ нақшҳои хотирмон офаридааст.
Дар бисёр филмҳои ҳуҷҷатӣ ва филмографияҳо ба сифати нақшофару коргардон иштирок намудааст.
Телевизион[вироиш]
Барномаи махсуси телевизионии «Шӯхиҳои Аловуддин», ки қаҳрамонҳои шӯҳиҳояш аз рӯзгори атрофиён гирифта мешаванд ва аксар муаллиф худаш ҳасту якбора чанд нақшро меофарад, писанди умум гардидааст.
Аловуддин Абдуллоев сар аз моҳи сентябри 2019 яке аз доварони шоу-барномаи Central Asia Got Talant мебошад[1].
Эзоҳ[вироиш]
- ↑ Стали известны имена судей и ведущих Central Asia’s Got Talent. 24.kz. Телеканал «Хабар 24» (1 июли 2019). 21 октябри 2019 санҷида шуд.
Адабиёт[вироиш]
- Арбобони фарҳанги тоҷик. Донишнома / Муаллиф-мураттиб Ёрмуҳаммади Сучонӣ. — Душанбе, 2016. — 863 с.
Пайвандҳо[вироиш]
- Аловуддин Абдуллоев дар шабакаи иҷтимоии Facebook
- Аловуддин Абдуллоев(англ.) дар вебгоҳи Internet Movie Database
![]() |
Ин мақолаи хурд дар бораи одам аст. Бо густариши он ба Википедия кумак кунед. Дар сурати имкон ин ёддошт бояд дақиқтар ҷойгузин шавад. |
- Шахсиятҳо аз рӯи алифбо
- Зодагони 15 май
- Зодагони соли 1965
- Зодагони шаҳри Қурғонтеппа
- Мақолаҳои хурд дар бораи одамон
- Мақолаҳои хурд, ниёзманди аниқсозии шаблон
- Ашхос аз рӯи алифбо
- Ҳунарпешаҳо аз рӯи алифбо
- Ҳунарпешамардони синамои Тоҷикистон
- Ҳунарпешамардони телевизиони Тоҷикистон
- Ҳунарпешамардони театри Тоҷикистон
- Ширинкорони Тоҷикистон
- Ҳунарпешаҳои мард асри XX
- Ҳунарпешаҳои мард асри XXI